КОНСЕПСИЯИ МИЛЛИ ТАҲСИЛОТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

КОНСЕПСИЯИ МИЛЛИ

 ТАҲСИЛОТИ ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН

  1. Муқаддима

Консепсияи миллим таҳсилот ҳуҷҷати муҳими давлатӣ буда. дурнамои сиёсати давлатро дар соҳаи таҳсилот муайян мекунад ва тамоюлоти инкишофи ин системаи аҳамияти стратегидоштаро дар шароити муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ба танзим медарорад. ҷузъҳои таркибии мазмуну мундариҷаи ин ҳуҷҷат мақом, мақсад ва вазифаҳои таҳсилотро дар марҳалаи нави таърихӣ муқаррар менамояд.

Дар Консепсия масъалаҳои дарки худшиносии таърихӣ, аз худ намудани муқаррароти суннатию башарӣ ва дар ҳамин замина ҳосил намудани фаросати олии ворисият ба ҳуввият ва анъанаҳои миллӣ, арзишҳои ахлоқию фарҳангӣ, идоракунии демократа, фаъолу пажуҳанда будан барои ба даст овардани комёбиҳои илм, техника, фарҳанг ва ғайра тарҳрезӣ гардидааст.

Консепсия зимни тағйиротҳои сифати мазмуну мундариҷаи таҳсилот барои инкишофи системаи маориф заминаҳои нави ҳуқуқӣ фароҳам меорад, ки дар асоси он қонун ва дигар муқаррароти расмии соҳаи маориф ва соҳаҳои ба он алоқаманд таҷдиди назар мегардад ва таҳриру такмил дода мешаванд.

Консепсия тақозо менамояд, ки бо иштироки тамоми вазорату кумитаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ барномаҳои мухталифи давлатии рушди соҳаи маориф таҳия, тасдиқ ва амалй гарданд.

1.3арурати таҳия ва қабули Консепсияи миллии таҳсилот

  1. Таҳсилот аз ҷумлаи проблемаҳои глобалии асри XXI буда, системаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ самти афзалиятдошта ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ва аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ташкили фазои ягонаи (умумии) таҳсилот як қатор ҳуҷҷатҳои муҳими давлатиро ба имзо расонидааст, ки тағйирпазирӣ ва такмил додани мазмуну мундариҷаи таҳсилотро тақозо менамоянд. Дар ин раванд талабот нисбати маънавият ва маҳорати касбии инсон баланд мегардад. Ткбқи он бояд низоми сифати нави таҳсилот эҳё шавад, ки мазмуну мундариҷаи он ба беҳдошти сифати инсон асар гузорад, тафаккур, заковати фитрӣ, шуури маънавӣ ва ҳунари эҷодгарии ўро ба ҳаракат оварад.

  1. Тайи даҳ соли охир .мақсаду вазифаҳои таҳсилот бо роҳи ислоҳоти ҷузъи таҷдиди назар шуда бошанд ҳам, вале сифати таҳсилот, дараҷаи таҳсилотнокӣ талаботи шахе, ҷомеа ва давлатро қонеъ намегардонад. Дониш, малака ва маҳорати хонандагону донишҷўён ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот ҷавоб намедиҳанд. Ҳоло шумораи зиёди кўдакони синну соли мактабӣ ба таълим гирифта нашудаанд. ҷавонони таҳсилоти миёнаи асосинадошта низ хеле зиёданд. Тамоми соҳаҳои истеҳсолот ва идора ба мутахассони касбӣ эҳтиёҷ доранд. Дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи ҳамагонӣ муаллимон намерасанд. Мутахассисони чумҳурӣ ба такмили ихтисос ва бозомўзӣ ниёз доранд. Дар мактабҳои олии касбии чумҳурӣ муаллимони соҳибунвон каманд. Тадқиқотҳои илмӣ дар сатҳи пастанҷомёфта, аксаран амалӣ намешаванд. Ҳамаи ин тақозо менамояд, ки маком, мақсад, вазифа ва мазмуни таҳсилот таҷдиди назар шавад, сифати таҳсилот беҳтар гардад.
  2. Бўҳрони амиқе, ки соҳаҳои мухталифи хаёти ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст, маънавияти инсонро коста гардонид ва ба густариши эҳсосҳои бадбинӣ, нафрат, ҷангу хунрезӣ, терроризм, харобкорӣ ва ғайра мусоидат намуд. ҷомеи ҷаҳонӣ бар хилофи ин ҷараёни номатлуб пеш аз ҳама ба гуманизатсияи ҳаёти ҷомеа талош дорад, то ки ба ҳайси як ангезаи аклӣ зухур намуда, дурустию ростии ахлоқу андешаи инсонро дар саросари ҷамъият таъмин созад. Ин раванди гуманизастсияи мазмуни таҳсилот низ ба низом дароварда, беҳтарии ҳаёти инсон ва ҷамъияту табиатро таъмин карда метавонад. Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ба чунин раванди арзишманд нерўҳои зеҳнию ақлонии хешро сафарбар менамояд.

Бо назардошти инҳо таҳияи Консепсияи миллии таҳсилот зарурати воқеи дошта, ба иҷрои он тамоми сохторҳои сиёсию иктисоди ва иҷтимоии давлат ва ҷомеа масъул дониста мешаванд.

  1. Сиёсати давлатӣ ва кафолати давлатии таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муайян намудани сиёсати давлатии таҳсилот соҳибихтиёр буда, сиёсати давлатии таҳсилотро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар ббраи маориф» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ муайян менамояд. Барои рушди системаи таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

  • ҳуқуқи конститутсионии ҳамаи шарҳвандони ҷумҳуриро, сарфи назар аз миллат, нажод, эътиқод, ҷинс ва забон, ба таҳсилоти босифат, аз ҷумла ба таҳсилот ва тарбияи томактабии барои ҳама дастрас; таҳсилоти асосии ҳамагонии ҳатмӣ; таҳсилоти миёнаи ҳамагонии ҳатмй ва миёни ибтидоии касбии барои ҳама дасрас; таҳсилоти миёнаи касбӣ, таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти баъди хатми мактаби олӣ дар асоси озмун, таҳсилоти иловагӣ ва таҳсилоти махсус барои шаҳрвандоне, ки имконияти махдуди саломатӣ доранд, таъмин менамояд;
  • ҷанбаи илмӣ, дунявӣ ва башардўстии таҳсилотро дар ҳамаи ин намуди таълимгоҳҳо (давлатӣ, ғайридавлатӣ, ба истиснои мадрасаҳо) ба эътибор мегирад;
  • ба мубоҳисаҳои динӣ, мазҳабӣ ва муноқишаҳои аҳзоби сиёсӣ дар муассисаҳои таълимӣ роҳ намедиҳад;
  • ба анъанаҳои халқи тоҷик, дигар халқҳои сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои умумибашарӣ ва фазои ягонаи таҳсилот алақаманд будани таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ менамояд;
  • дар бораи муҳофизати ҳаёт ва саломатии кўдакон, наврасону ҷавонон дар кўдакистонҳо ва таълимгоҳҳо ғамхории ҳаматарафа зоҳир менамояд;
  • демократикунонии идораи таҳсилотро вусъат мебахшад;
  • таъмини таҳсилоти муттасилро кафолат медиҳад;
  • дар ҳаллу фасли масъалаҳои гендерӣ, пеш аз ҳама, ба соҳибтаҳсилот шудани духтарону занон шароит фароҳам меорад;
  • муаллимонро аз ҷиҳати иҷтимои ва иқтисодӣ ҳифз намуда имтиёзҳои ба онҳо муқарраршударо амалӣ мегардонад;
  • дар мактабҳои миёнаи ҳамагонии таҳсилашон ба забонҳои гайридавлатӣ ба роҳ мондани омўзиши фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, таърихи халқи тоҷик ва географияи Тоҷикистонро зарур меҳисобад;
  • аз ҳисоби буҷети давлат соҳаи маорифро маблағгузорӣ менамояд ва барои аз ҷониби шахсони ҳукуқию воқеи дастгирӣ ёфтани ин соҳа шароит фароҳам меорад;
  • дар доираи стандартҳои давлатӣ бори аввал бепул гирифтани таҳсилотро дар ҳамаи муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад;
  • сармоягузории ватанию хоричиро барои инкишофи соҳаи маориф ҷалб менамояд;
  • ба тарбияи кўдакон, наврасон ва ҷавонони болаёқат эътибори махсус медиҳад;
  • кўдакону наврасони ятиму бепарастор. маъюб ва аз ҷиҳати ақлонӣ инкишоф наёфтаро дар паноҳи худ мегирад;
  • инкишофи муассисаҳои таълимию тарбиявии ғайридавлатиро таҳкими қонунӣ мебахшад;
  • асноди меъёрию ҳуқуқиро барои гирифтани таҳсилот мекунад;
  • сифати таҳсилотро дар ҳамаи шаклу намуди муассисаҳои таълимӣ назорат менамояд;
  • инкишофи мактабҳои олии касбиро ҳамчун маркази маърифат, фарҳанг, илм ва технология таъмин мегардонад;
  • ҳамоҳангии фаъолияти вазорату кумитаҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, маҳаллӣ ва шахсони воқеиро барои рушду нумуи соҳаи таҳсилот таъмин месозад;
  • барои баланд бардоштани масъулияти макомоти ҳокимияти давлатию маҳаллӣ ва падару модарон (ё шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) барои вайрон кар дани ҳуқуқҳои конститутсионии бачагон оид ба гирифтани таҳсилоти асосии ҳамагонии ҳатмӣ чораҳо меандешад;
  • воситаҳои ахбори умумро барои таргиби амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои асосии таҳсилот сафарбар менамояд.
  1. Мафҳуммақсад ва вазифаҳои таҳсилот

Таҳсилот падидаи иҷтимоиест, ки ба иқтисодиёт, фарҳанг, тараққиёти илму техника, ҳифзи муҳити зист (экология), истеҳсолот ва сиёсат робитаи ногусастанӣ дорад ва як қисми ҷудонопазири шуури ҷомеа мебошад.

Таҳсилот равандест, ки моҳиятан ба манфиати шахе, ҷамъият, давлат ва табиат нигаронида шудааст. Соҳибтаҳсилот инсонест, ки дар рўҳи суннату анъанаҳои халқи худ, фарҳанги миллӣ, арзишҳои умумибашарӣ тарбия шрифта, муттасил дар бораи ҷамъият, тафаккури инсон, табиат ва ҳифзи он, техника, технология ва тарзи ҳаёти солим, дониш, малака ва маҳорати муназзаму зарури ҳосил карда, кори шахсӣ ва давлатию ҷамъиятии хешро дар дараҷаи баланд саришта мекунад, эҳтироми худ ва халкҳои дигарро ба ҷо меорад, зиндагии хешро бошуурона ва мустақилона иҷро карда, фарзандону пайвандони хешро дар ҳамин рўҳия тарбия мекунад.

Дар ҳамин замина мақсад аз таҳия ва қабули Консепсияи миллии таҳсилоти Тоҷикистон аз инҳо иборат мешавад:

  1. Бунёди заминаи (базиси) муосири таҳсилот дар асоси арзишҳои миллию башарӣ ва дар ҳамин замина соҳибият ба худшиносии таърихию фалсафӣ, шуури маънавӣ, ташаккули менталитета шахсию ҷамъиятӣ ва ворисият ба арзишҳои фарҳангию ҳуввияти миллӣ.

Барномаҳои ҳунаромўзии мактаббачагон аз рўйи шавку рағбат бояд пайваста амалӣ гарданд.

Мазмуну мундариҷаи таҳсилот барои инсон аз ҷиҳати илмӣ мушаххасу асоснок, аз ҷиҳати ахлоқи ҳуқуқбунёд ва аз ҷиҳати иқтисодию иҷтимоӣ ҳавасмандӣ доштабошад,

Дар кн раванд тарбия, ки як қисмати азими мазмуни таҳсилотро ташкил медиҳад, муҳаррики асосии инкишофи шахсият буда, бо мафҳуму мазмуни таълим ҳамгирой ва пайванди ногусастанй пайдо мекунад. Гуманизатсияи таҳсилот ҳамгироӣ ва пайванди таълиму тарбияро таъмин мегардонад ва тафаккури созандагию бунёдкорӣ низ аз он сарчашма мегирад. Дар инсон тарбия намудани малака ва маҳорати дидану шинохтан, шунидану фаҳм кардан, гуфтану амал кардан ниҳоят аҳамият касб мекунад ва дороии ин ҳолатҳо асоси инкишофбуда, феълияти инсонро танзим мебахшад. Такмил додани ин раванди судманд яке аз вазифаҳои мубраму замонавии педагогикаи амалӣ ба ҳисоб меравад.

Таҳсилот шахсро аз як зина ба зинаи дигари инкишоф мерасонад. Таҳсилот дар зинаҳои аввал чӣ қадаре ки бунёдӣ бошад, рушди босифати инсонро дар зинаҳои минбаъда ҳамон қадар бештар таъмин месозад.

Мазмуну мундариҷаи таҳсилоти томактабй дар мухити оила ва кўдакистонҳо аз инкишофи қобилиятҳои равонӣ, ҷисмонӣ ва фикрии кўдакон дар асоси арзишҳои баланди маънавӣ иборатанд, Давлат. ҷамъият ва шаҳрвандон вазифадоранд, ки ба хотири солимии миллат ва чомеаи солим ба ҳаллу фасли проблемаҳои демографӣ, танзими оила, омода намудани волидон ба тарбияи кўдак, танзими ҳуқуку вазифаҳои волидон дар тарбияи фарзанд, паст намудани сатҳи камбизоатии шаҳрвандон, аз ҷумла кўмаки моддию маънавӣ ба волидони ҷавон, ташвиқу тарғиби маърифати педагогӣ дар байни волидон ва нашри адабиёти кўдакона муваффақ шаванд.

Таҳсилот ҳамчун раванд руптди сифатҳои инсонро аз рўзи таваллуд барои як умр таъмин мегардонад. Идомаи ташаккули шахсияти кўдак дар оила аз дараҷаи савод, таҳсилот, маърифату ҷаҳонбинӣ, тарзи ташки ли рўзгордории волидон, муҳайё намудани шароит барои парвариши кўдаки он ва гайра вобастагӣ дорад.

Ба мактаб тайёр кардани кўдак он яке аз вазифаҳои ҳатмии волидон аст. Дар ин кор ба ҷузъ кўдакистонҳо, марказҳои тарбиявӣ -давлатӣ, хусусӣ ва ғ.) ва мактабҳои таҳсилоти миёнаи ҳамагонӣ низ ба онҳо бояд ёрии амалӣ расонанд.

Фаъолияти тамоми намуди муассиеаҳои томактабӣ ба инкишофи кўдак дар муҳити солим нигаронида мешавад. Усулҳои муомила бо кўдак бояд қобили мулоҳизаи волидон, олимон, омўзгорон, мураббиҳо, шоирону нависандагон ва тамоми зиёиён бошад. Барои гуфтугў қолабхои муомилае эҳё гардад, ки асолати забони тоҷикӣ дар он таҷассум ёфта бошад. Мундариҷаи таҳсилот дар муҳити хонаводагӣ аз забономузӣ огоз ёбад. Ба ин васила волидон бояд ба ҳамбастагии саволу маънавиёти фарзандони хеш ибтидо гузоранд.

Кӯдакистонҳо бояд дар тарбия ва таълими кўдакон вазифаҳои зеринро анҷом диҳанд:

  • ҳифзи саломатии кўдакон;
  • муҳайё намудани шароит барои инкишофи қобилятҳои равон, зеҳнӣ ва чисмонӣ;
  • тарбияи маънавият ва одоби хуби муносибати гуманиста дар синну соли тифли;
  • тайёр намудани кўдакон аз хурдсолӣ ба иҷрои вазифаҳои суннати дар назди волидон ва ҷомеа;
  • ташаккул додани майлу рагбати кўдакон ба хама гуна амалҳои неку шоиста ва пешгирӣ намудани рафтору амалҳои барои онҳо мамнуъ.
  • босифат ва ҳаматарафа тайёр намудани кўдакон ба мактаб;
  • эътибори махсус ба кўдакони болаёқат.

Мазмуну мундариҷаи таҳсилоти ибтидоӣ ба он нигарони шавад, ки кўдак тавассути он ба одаму олам шиносоии бештар дошта бошад, меҳру муҳаббат ва дилбастагӣ пайдо кунад, асосҳои ахлоқ ва донишҳоеро, ки барои зинаҳои минбаъдаи таҳсилот ва муносибати фардии ў бо ҷамъият ва табиат заруранд, азхуд кунад. Дар ташаккули кўдакони ин синну сол омўзиши забон, адабиёт, таърих, суруду мусиқӣ, ахлоқ, инсон ва муҳити зист нақши асосӣ хоҳанд дошт,

Маводи таълимӣ дар зинаи ибтидои бояд мушаххасу шавқовар ва ибратомўз бошад дар хонандагон малакаҳои худшиносию худогоҳиро таъмин кунад. Кўдак дар ин синну сол он чизеро аз худ кунад, ки ба инкишофи имрўзи ў мусоидат намояд. Мустақилона ҷустуҷу намуданро дар ҳамин синну сол ба онҳо бояд омўзонд. Вақти бештари кўдаконро ба ҳифзи маводи пурмаънӣ, луғату истилоҳоти зарурӣ, ҳисоб, ҳифзи саломатӣ ва беҳатарии ҳаёт, расмкашӣ, бозиҳои серҳаракат, супоришҳои тафаккурро таҳрикдиҳанда ва ғайра сарф бояд кард. Мазмуни матн ва супоришоти китобҳои дарсӣ барои кўдак намунае бошад, ки тимсоли онро вай берун аз китоб низ пайдо карда тавонад.

  1. Роҳҳои амалӣ гардонидани Консепсияи миллии таҳсилот

Омилҳои асосии амалӣ гаштани Консепсияи миллии таҳсилот инҳоянд, ки давлат асосҳои ҳуқуқии онҳоро таҳким мебахшад:

Омилҳои ҳуқуқӣ

Ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохаи маориф.

Таҳияи санадҳои дигари ҳуқуқию меъёрӣ барои инкишофи муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла, муассисаҳои хусусии таълиму тарбия, пайдо намудани имтиёзҳо дар андозбандии соҳаи маориф бо мақсади таъмин намудани рақобатпазирии таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Омилҳои иқтисодӣ

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатӣ» ҳамчун соҳаи афзалиятдошта эътироф намудани соҳаи маориф.

Таҳия ва тасдиқи меъёрҳои муосири музддихди кормандони соҳаи маориф.

Таҳияи барномаҳои иқтисодӣ барои дастгирии рушди соҳаи маориф.

Ба вуҷуд овардани рақобат дар бозори хизматрасонии соҳаи таҳсилот.

Омилҳои ташкилӣ

Таҳияи барномаи комплексӣ барои амалӣ намудани Консепсия миллии таҳсилоти Ҷумҳуррии Тоҷикистон.

Такмили минбаъдаи стандартҳои давлатии таҳсилот .

Таҳияи барномаҳои давлатӣ доир ба модернизатсияи таҳсилот ва ба ҳалли проблемаҳои соҳаи маориф ҷалб намудани тамоми ҷомеа.

Тайёр намудани гузориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нерўи зеҳнии миллат.

Чорабиниҳои тиббӣ доир ба пешгирии бемориҳо дар муассисаҳои тълимӣ барои ҳифзи мунтазами саломатии кўдакон ва наврасон.

Ташкили низоми сифатан нави системаи оморӣ ва иттилоотӣ, ки ба талаботҳои байналмилалӣ ҷавобгў бошад.

Вазорати маориф ҳаллу фасли масъалаҳои зерини сохаи маоифро амалӣ мегардонад:

ворид намудани тағйиротҳои сифати ба мазмуну мундариҷаи таҳсилот тавассути:

  • гуманизатсияи мазмуни таҳсилот;
  • такмили стандартҳои давлатии таҳсилот ;
  • аз нав таҳия намудани нақшаю барномаҳои таълими, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ;
  • таҳияи талаботи ягонаи тарбияи кўдакону наврасон дар мактаб ва ҷамъият;
  • ташкили системаи корҳои тарбиявие, ки волидон ба сифати шарики мактабу муаллим ширкат меварзанд.

Назорати доимии сифати дониш, малака ва маҳорати хонандагону донишҷўён дар ҳамаи намуди муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ.

Тавассути аттестатсия ва аккредитатсия баҳои давлатӣ додан ба раванди таълиму тарбия ва сифати тайёр к ар да ни мутахассис ҳамаи намуди таълимтоҳҳои ҷумҳурӣ.

Якҷоя бо вазорату кумитаҳомақомоти идоракунии маҳаллӣташкилотумуассисаҳошахсони ҳукукию воқеӣ:

  • тадбирҳои амалӣ намудани Консепсия ва барномаи рушди маорифро таҳия намуда, иҷрои онҳоро таъмин мегардонанд;
  • низомномаи нави пардохти музди меҳнати кормандони системаи педагогиро аз рўи принсипи фаъолият ва нақши мутахассис дар ҷараёни таълиму тарбия (аз рўи талаботи стандартҳои давлатӣ) таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд;

Системаи таҳсилоти Тоҷикистонро бо роҳҳои зерин ба таҳсилоти чаҳони ҳамгиро менамоянд:

  • васеъ намудани ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилот;
  • вусъат бахшидан ба модернизатсияи системаи таҳсилот дар асоси системаҳои таҳсилоти пурарзиши ҷаҳони мутамаддин;
  • ҷорӣ намудани компютеризатсияи системаи таҳсилот;
  • таъсис додани Марказҳои компютерӣ дар шаҳру навоҳӣ ва мактабҳои олии ҷумҳурӣ бо мақсади ташкил намудани Бонки таҳсилот барои таҳлил, алоқа, ҳамкорӣ ва бозомўзию такмили ихтисоси кадрҳо;
  • таъсиси Шўрои ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои таълимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • ширкат ва мавқеъ доштан дар кори якҷояи инсоният барои инкишофи имкониятҳои судманди қобилияти инсон;

Қонеъ намудани ниёзмандии шахе, ҷомеа ба инкишофомўзиши илму

фарҳанги   дунё:

  • иштироки тамоми институтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа дар тарбияи кўдакон (педагогизатсияи муҳити ҷамъиятӣ);
  • таҳияи барномаи давлатии «Кўдакону наврасони Тоҷикистон» барои кўдакону наврасони ятиму бепарастор. маъюб ва болаёқат;
  • ба таълим пурра фаро гирифтани кўдакони синну соли мактабӣ;
  • ба роҳ мондани омўзиши забонҳои паҳнгаштаи дунё, аз ҷумла забонҳои англисию русӣ, арабӣ, немисӣ, романӣ ва забонҳои дар мамлакатҳое. ки бо Тоҷикистон робитаҳои фарҳангӣ ва иқтисодӣ доранд, аз ҷумла забонҳои чинӣ, ҳиндӣ, турки, урду ва ғайра.

Муаллим ва мураббӣ барои иҷрои Консепсияи мазкур соҳиби чунин сифатҳо буданро ўхдадор бошанд;

  • асосҳои назарӣ ва амалии ихтисоси худро хуб донанд, педагогизатсияи муҳити равоншиносӣ ва методикаи таълимро фаро гирифта бошанд;
  • шахсияти шогирдони худро эҳтиром намоянд;
  • ҷаҳонбинӣ ва диди васеи илмӣ дошта бошанд;
  • раванди тарбия ва таълимро эҷодкорона ба роҳ монанд;
  • сифати таълиму тарбияро натиҷаи ниҳонии фаъолияти хеш донанд;
  • ба стандартҳои давлатии таҳсилот ҷавобгў будани дониш, малака ва маҳорати шогирдонии хешро кафолат диҳанд.

Натиҷагирӣ аз Консепсияи миллии таҳсилот

Татбиқи амалии Консепсияи мазкур ҳаллу фасли масъала зеринро таъмин мегардонад:

  1. Омўзиши амиқ ва иҷрои нишондодҳои Консепсия педагогизатсияи муҳити ҷамъиятиро таъмин сохта, доир ба мавқеъ ва вазифаҳои нави таҳсилот афкори умум ба вуҷуд меорад. Таҳсилот барои шахе, давлат ва ҷамъият ҳамҷун дороии моддию маънавӣ ва раванди бонизоми инкишоф қабул мегардад.
  2. Заминаи (базис) муосири таҳсилот, ки дар асоси арзишҳои фарҳанги миллию башарӣ сохта мешавад, менталитета наслҳоро ба дараҷаи худшиносии таърихию

фалсафӣ расонида, ворисияти наслҳои ояндаро ба арзишҳои миллӣ таъмин месозад.

  1. Таҳсилоти босифат, ташкили тарзи ҳаёти солимро ташаккул дода, ба ҳаллу фасли масъалаҳои демографӣ ва танзими оила асар мегузорад.
  2. Риояи меъёрҳои ахлоқ талаботи ҳатмии давлат ва ҷомеа гашта, сатҳи маънавияти ҷомеа баланд мегардад.
  3. Тарбия бо мазмуни таълими ҳамгиро пайванди ногусастани пайдо карда, гуманизм — дўст доштани инсон, эҳтироми мақом ва муҳити моддию маънавии вай. — ҳадафи асосии тарбия қарор мегирад.

Педагогикаи амалӣ ба ташаккули малака ва маҳорати шинохтан, шунидану дарк кардан ва гуфтану амал намудани ҷомеа ноил мегардад.

Тарбияи шаҳрвандии насли ҷавон беҳтар шуда, мафҳумҳои доштани зодгоҳ, сарзамин, Ватан ҳамгирои пайдо мекунанд.

  1. Шумораи муассисаҳои томактабӣ зиёд шуда, кўдакон тавассути марказҳои алоҳида, кўдакистонҳои оилавӣ (хусусӣ), давлатӣ ва ғайридавлатӣ, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва гайра ба мактаб тайёр карда мешаванд. Масъулияти волидон ба тарбия ва ба мактаб тайёр кардани кўдакон баланд мегардад. Барои тарбияи томактабии кўдакон китобҳои таълимии босифат таҳия ва нашр мешаванд.
  2. Дар сатҳи таҳсилоти ибтидоӣ тамоми кўдакони ин синну сол ба мактаб фаро шрифта шуда, дар хондан, навиштан, ҳисоб кардан, риояи бехатарии ҳаёт ва фаъолияти коммуникативӣ ўҳдабаро мегарданд. Барои омўзгорону волидон имконияти интихоби китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ ба вуҷуд меояд.
  3. Таҳсилоти сифатноки миёнаи ҳамагонӣ талаботи асосии шахе, ҷомеа ва давлат карор мегирад. Ба таҳсилоти асосии ҳатмӣ тамоми кўдакону наврасони Тоҷикистон фаро гирифта мешаванд. Барои онҳое, ки таҳсилоти асосӣ, миёнаи ҳамагонӣ ва ё имконияти таҳсили рўзона надоранд, мактабҳои шабона, гоибона ва ё таълими фосилавӣ ташкил карда мешавад. Дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи ҳамагонӣ (синфҳои Х(Х1) — Xi(Xil) мактаббачагон дар асоси шавқу завқ ва қобилияташон ба равияҳои таълимӣ ҷудо мешаванд.
  4. Омўзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ ва дигар муассисаҳои таълимии ба онҳо баробар ба касбу кори муосир ҷалб намудани ҷавононро таъмин манамоянд. Дараҷаи таҳсилоти ин сатҳ ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқ шуда, мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар низ аз рўйи касби хеш кор карда метавонанд.
  5. Таҳсилоти олии касбӣ сифатан беҳтар мешавад. Соҳиби таҳсилоти олӣ шахсе мешавад, ки камолоти маънавӣ, тафаккури эҷодӣ, маҳорати баланди касбӣ дорад. Идоракунии соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аз ҳисоби рушди сифати инсон тавассути таҳсилоти олии касбӣ батадриҷан беҳтар мегардад.
  6. Таҳсилоти иловагӣ доираи васеи ҷамъиятро фаро мегирад. Таҳсилот барои ҳама талаботи ҷомеа ва давлат қарор меёбад. Қобилияту фаҳмиши техники ва фаъолияти коммуникативии шаҳрвандон аз омўзиши техника ва технологияи муосир рушд меёбад. Аз ҳамгироии илму истеҳсолот зиндагии инсон сифатан беҳтар мешавад.
  7. Тамоми таълимгоҳҳои ҷумҳурӣ бо кадрҳои ихтисосманд таъмин мешаванд. Шумораи олимон афзуда. тадқиқотҳои илмии сифатнок ва тамоюли амалидошта рўйи кор меоянд.
  8. Ҳуқук ва ўхдадориҳои шаҳрвандон барои гирифтани таҳсилоти босифат васеъ мешавад. Шумораи мактабҳои хусусӣ меафзояд. Заминаҳои ҳуқуқии чунин муасисаҳо аз ҷониби давлат таъмин мегарданд. Давлат хароҷотҳои соҳаи маорифро ба субъектҳо бештар равона месозад. Барои волидон имконияти интихоби таълимгоҳҳо пайдо мешаванд. Давлат, волидайн ва донишҷўён аз таҳсилоти бесифати таълимгоҳҳо ҳуқуқи пас гардонидани маблағҳои шахсию давлатиро пайдо мекунанд. Дар соҳаи маориф қонунгузории амалкунанда такмил ёфта, қонунҳои нав (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» бораи таҳсили 12-сола» Қонуни Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муассисаҳои таълимии хусусӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи кўдак ва наврас» ва

ғайра) таҳия ва тасдиқ мешаванд,

  • Доир ба рушди соҳаи маориф Барномаҳои давлатии «Рушди соҳаи маориф», «Тайёр намудани кадрҳои илмию педагогӣ», «Кўдакону наврасони Тоҷикистон», «Сохтмони таълимгоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи маблағгузорӣ ба соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2004—2015» ва ғайра таҳия, тасдиқ ва амалӣ мегарданд.
  • Маоши кормандони соҳа мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» амалӣ мешавад.

14. Забони давлатӣ рушду нумўъ меёбад. Сатҳи сухандонӣ, суханронӣ ва маданияти гуфтори ҷомеа       ташаккул ёфта, аксарияти ҷавонон дар баробари забони давлатӣ бо забонҳои англисӣ ва русӣ озодона гуфтугузор мекунанд.

15. Маблағҳои инвеститсионӣ асосан ба сохтмони мактабҳо, биноҳои иловагӣ, хобгоҳҳо ва мустаҳкам намудани базаи таълимии таълимгоҳҳо сарф мешаванд. Таълими себаста (се сменагӣ) дар мактабхои тахсилоти миёнаи ҳамагонӣ барҳам мехўрад.

16. Компютеризатсияи мактабхои тахсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ таъмин мегардад. Марказхои компютерӣ барои омўзиш, бозомўзӣ ва иттилоот соҳиби Бонки таҳсилот мегарланл.

17. Ҳамкорӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ дар соҳаи маориф ривоҷ ёфта муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ракобатпазирии сифати таҳсилотро таъмин мегардонанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фазои ягонаи таҳсилоти байналмилалӣ ворид мегардад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *