СТАНДАРТИ ДАВЛАТИИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

СТАНДАРТИ ДАВЛАТИИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Стандарти давлатии таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи маориф дар самти таҳсилоти умумӣ муайян ва таъмин намуда, маҷмўи талаботро ба сатҳи мувофиқи таҳсилот муқаррар менамояд.

Стандарти давлатии таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Стандарт) дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Консепсияи миллии маълумот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардидааст.

  1. МАФҲУМҲОИ АСОСӢ

Дар Стандарти мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

— Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ – ҳуҷҷати меъёриест, ки маҷмўи мақсад, вазифаҳо, мазмуни асосии таҳсилот, принсипҳои асосии ташкили ҷараёни таълимро муайян намуда, талаботи умумиро ба ҳаҷми сарбории таълимии ҳатмӣ ва ниҳоӣ, сифати дониш, малака, маҳорат ва салоҳияти хонандагон, қоидаҳои назорати давлатии сифат ва натиҷаҳои таҳсилот, сатҳи омодагии хатмкунандагон ва ҳуҷҷат дар бораи таҳсилотро муқаррар менамояд;

— Стандартҳои фанҳои таълимӣ– ҳуҷҷатест, ки мақсад, вазифа, сохтор, мазмуни асосии таҳсилоти фанни алоҳидаи таълимӣ ва ҳаҷми сарбории таълимии ҳатмӣ барои омўзиш ҷудошударо, ҳамчунин маҷмўи талаботро ба ҳадди ҳатмии (ақали) сатҳи омодагии хонандагон дар ҳар як зинаи таҳсилоти умумӣ муайян менамояд;

— Нақшаи таълимӣ – ҳуҷҷате, ки дар асоси Нақшаи таълимии заминавӣ таҳия гардида, номгўи фанҳо, миқдори соатҳои таълимии муқарраргардида, ҳаҷми сарбории таълимии ҳатмӣ ва ниҳоӣ ва равияҳои таҳсилро дар зинаҳои таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ муқаррар менамояд;

— қисми асосии нақшаи таълимӣ – маҷмўи фанҳои таълимии дар Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ ворид гардида, ки омўзиши онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ  ҳатмӣ мебошад;

— қисми иловагии нақшаи таълимӣ – маҷмўи фанҳои таълимие, ки муассисаи таҳсилоти умумӣ бо назардошти талаботи таълимӣ ва қобилияти хонандагон муайян менамояд;

— ҳадди ниҳоии сарбории таълимӣ- ҳаҷми соатҳои таълимии қисми асосӣ ва иловагии нақшаи таълимӣ буда, барои азхудкунии мазмуни фанҳои таълимӣ дар зинаҳои таҳсилот ва соли таҳсил зарур мебошад;

— Барномаи таълимӣ– барномаи таълимие, ки мазмуни асосии фанҳои ҳатмии таълимӣ, ки дар сарбории ҳатмии таълимӣ ворид гардидаанд, мақсаду вазифаҳо, тарзи ташкили раванди таълим, талабот ба сатҳи дониш, маҳорат ва малакаи хонандагонро  муайян менамояд;

— Барномаи таълимии иловагӣ — барномаи таълимие, ки аз рўйи қисми иловагии нақшаи таълимӣ таҳия гардида, мазмуни фанни таълимӣ мақсаду вазифаҳо, тарзи ташкили раванди таълимро  муайян намуда,  он ба воситаи  машғулиятҳои иловагӣ, бодарназардошти қобилият ва дарки хонандагон амалӣ карда мешавад;

-Барномаи таълимии равиявӣ – барномае, ки мазмуни таҳсилотро вобаста ба равияи таълимӣ муайян намуда, омўзиши амиқи фанҳои алоҳидаро ба роҳ мемонад;

-Барномаи таълимии инфиродӣ- барномаи таълимие, ки барои шахсони алоҳида бо дарназардошти хусусиятҳои хоси рушд ва имконияти қобилияти хонандагон таҳия мегардад;

— Мазмуни асосии таҳсилот – маҷмўъ ва ҳаҷми мазмуни таҳсилоти умумӣ, ки омўзиши он дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ҳатмӣ буда, барои идомаи таҳсил дар зинаҳои ояндаи таҳсилот басанда мебошад;

— сатҳи асосии  азхудкунии мазмуни таҳсилот –ҳадди ҳатмии (ақали) ҳаҷми дониш, малака ва маҳорати хонандагон мебошад.

— соҳаи таълим – қисми асосии мазмуни таҳсилоти умумӣ, ки омўзиши ҳатмии фанҳои таълимиро муайян менамояд.

— сатҳи омодагии хатмкунандагон – натиҷаи дастовардҳои таълимии хонандагон дар  раванди таҳсил тибқи талаботи ҳатмӣ ва сатҳи асосии таҳсилот дар ҳар як зинаи муассисаи таҳсилоти умумӣ.

  1. СОҲАИ ТАТБИҚ

Татбиқи Стандарт аз ҷониби муассисаю ташкилотҳои зерин ҳатмӣ мебошад:

— муассисаҳои таълимӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки барномаҳои таҳсилоти умумиро амалӣ менамоянд;

— муассисаҳои таълимие, ки гирифтани таҳсилоти миёна ва олии касбии омўзгориро таъмин менамоянд;

— муассисаҳои такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф ҳангоми таҳияи барномаи такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф;

— маркази миллии тестӣ ҳангоми таҳияи маводи санҷишию озмоишӣ барои қабул ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ;

— муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ ҳангоми таҳияи барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методӣ;

— мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф, мақомоти маҳаллии идоракунии маориф, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳангоми маблағгузории муассисаҳои таълимие, ки барномаҳои таълимии асосии  таҳсилоти умумиро амалӣ менамоянд;

— мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф, мақомоти маҳаллии идоракунии маориф ҳангоми иҷозатномадиҳӣ ба пешбурди фаъолияти таълимӣ, аттестатсияи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, назорати давлатии сифати таҳсилот;

— муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳангоми назорати иҷрои нақша ва барномаҳои таълимӣ.

  1. ПРИНСИПҲОИ ТАҲИЯИ СТАНДАРТ

Ҳангоми таҳияи Стандарт принсипҳои зерин ба назар гирифта шудаанд:

-мувофиқати Стандарт бо муқаррарот ва талаботи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

-мувофиқати Стандарт бо меъёрҳои байналмилалии таҳсилот;

-мақсаднокӣ ва самарабахшии Стандарт;

-мувофиқати талаботи Стандарт ба рушди ҷомеа ва талаботи шахс ба таҳсил;

-мувофиқати талаботи Стандарт ба хусусиятҳои синнусолӣ, рушди қобилияти зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва малакаи хонандагон;

-мувофиқати мазмуни таҳсилот ба пешрафти иҷтимоию иқтисодӣ, илмию техникии ҷомеа ва талабот ба ташаккули шахс;

-ташаккули принсипҳои инсондўстӣ  дар ҷомеа;

-ягонагӣ ва умумияти Стандарт барои муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ;

— ба назар гирифтани анъанаҳои миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ;

-мушаххас будани самти истифодаи Стандарт.

  1. МАҚСАДИ СТАНДАРТ

Мақсади Стандарт аз инҳо иборатанд:

— таъмини сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи маориф дар самти таҳсилоти умумӣ;

— мувофиқати сохтор ва зинаҳои таҳсилоти умумӣ вобаста ба инкишофи хусусиятҳои синнусолии хонандагон;

— фарогирии пурраи кўдакони синни мактабӣ ба таҳсил;

— таъмини сифати таҳсилот бо назардошти талаботи ҷомеа;

— такмили системаи арзёбии сифати таҳсилот, ҳавасмандгардонии хонандагон, фаъолияти самарабахши омўзгорон;

-таъмини ҳуқуқи конститутсионӣ ва риояи уҳдадориҳои хонандагон ва омўзгорон;

— таъмини шароити мусоид барои ташаккули ҳаматарафаи хонандагон ва қонеъ намудани талаботи онҳо ба таҳсилоти иловагӣ;

— таъмини таҳсилоти босифати ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ дар муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ дар доираи талаботи ҳадди ақал;

— истифодаи дуруст ва мақсадноки маблағҳои ҷудошудаи давлатӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ;

— муттасилӣ ва пайдарҳамии зинаҳои таҳсилоти  умумӣ;

— амалӣ намудани ҳуқуқи шаҳрвандон ба дастрасии таҳсилоти  умумӣ ва интихоби муассисаи таълимӣ;

— рушди робитаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар давлатҳо дар соҳаи маориф.

  1. МУҚАРРАРОТИ СТАНДАРТ

Стандарт муқаррар менамояд:

— таъмини баробарии ҳамаи шаҳрвандон дар гирифтани таҳсилоти босифат;

— ягонагии фазои таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— мазмуни фанҳои таълимӣ ва дурнамои онҳо;

-пайдарҳамии барномаҳои таълимӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот;

-навгонии (модернизатсия)-и таҳсилот дар баробари рушди илм, техника ва ҷомеаи муосир;

— таҳияи самтҳои асосии аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ;

-таҳияи намунаи ҳуҷҷатҳои давлатии таҳсилот;

-ташкили шароит барои баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва зеҳнии омўзгорон;

-танзими назорати сифати таҳсилот;

— таъмини усул ва принсипҳои  инсондўстона дар раванди таълим;

— мутобиқати раванди таълиму тарбия ба талаботи ҷомеаи муосир.

  1. ТАЪИНОТИ СТАНДАРТ

Таъиноти Стандарт иборат аз:

— мазмуни таҳсилоти умумӣ ва натиҷаҳои он, ҳаҷми сарбории таълимии хонандагон;

— фароҳам овардани шароит дар зинаҳои таҳсилот (ибтидоӣ, умумии асосӣ, миёнаи умумӣ) барои ташаккули ҳаматарафаи шахсият;

— мутобиқати сохтор ва мазмуни таҳсилот бо дар назардошти хусусиятҳои психофизиологии хонандагон;

— пайдарҳамӣ ва муттасилии сатҳ ва зинаҳои таҳсилоти умумӣ;

— пайдарҳамии мазмуни таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ;

— фароҳам овардани шароит барои рушди ҳамаҷонибаи шахсият, ҳифз ва таҳкими саломатии хонандагон;

— ҳуқуқи дастрасии шаҳрванд ба таҳсилоти умумӣ, интихоби намуди муассисаи таълимӣ;

— ҳуқуқи шаҳрвандон дар гирифтани маълумоти пурра, дақиқ дар бораи меъёр, талаботи давлатӣ ба мазмуни таҳсилоти умумӣ ва дараҷаи омодагии хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ;

-ҳамгироии назария ва амалия дар ҷараёни таълим;

— риояи сифат ва самарабахшии таҳсилот дар асоси талаботи ҷомеаи муосир;

— ҷорӣ намудани усулҳои таълиму тарбияи ҳамгиро дар ҷараёни таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ;

— танзими муносибатҳои байниҳамдигарии иштирокчиёни раванди таълим ҷиҳати ба даст овардани мақсадҳои гузошташуда;

— таъмини сифати таҳсилот ва қонеъ гардонидани талаботи хонандагон ба таҳсил;

— ҳифз намудани хонандагон аз сарбории зиёди таълимӣ бо мақсади эмин доштани ҳолати равонӣ ва ҷисмонии онҳо;

-ба роҳ мондани таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ;

— ташкили хадамоти мустақили ташхисӣ (экспертӣ) доир ба муайян намудани баробарарзишӣ (нострификатсия) ва эътирофи (эквивалентии) ҳуҷҷатҳои таҳсилот;

— ташаккули тафаккури таҳлилии хонандагон;

— таъмини самарабахшии тадқиқоти илмӣ дар соҳаи назария ва амалияи таҳсилот;

— баланд бардоштани сатҳи дониш, маҳорат ва малакаи хонандагон, мувофиқати таълим ба зинаҳои таҳсилот;

— ташаккули ҳамаҷонибаи шахсият;

— рушди фаъолнокии хонандагон дар ҷомеа;

— баробарҳуқуқии гендерӣ дар таҳсилот.

  1. ИСТИФОДАИ СТАНДАРТ

Стандарти мазкур асос аст дар:

-таҳияи стандартҳои фаннӣ барои зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ;

-таҳияи Нақшаҳои таълимии асосӣ ва иловагӣ;

-таҳияи барномаҳои таълимии асосӣ ва иловагӣ, китобҳои дарсӣ ва маҷмўи маводи таълимию методӣ ва ташхиси сифати он;

-таъмини пайдарҳамӣ байни зинаҳои таҳсилоти умумӣ;

— ба роҳ  мондани ҷараёни таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ;

-таҳияи системаи санҷишӣ -баҳодиҳӣ барои муайян намудани натиҷаи фаъолияти омўзгор, муассисаи таълимӣ;

— таҳияи маводи санҷишӣ ҷиҳати муайян намудани сатҳи омодагии хонандагон ва аттестатсияи онҳо;

— таҳияи барномаҳои бозомўзӣ ва такмили ихтисоси кормандони педагогӣ;

— ташкили бозомўзии касбӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф;

— таҳияи нақшаи таълимии  муассисаи таълимӣ;

— ташкили ҷараёни таълим дар муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки барномаҳои  асосии таълимиро тибқи талаботи Стандарт  амалӣ менамоянд;

— арзёбии сатҳи омодагии хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ;

— арзёбии фаъолияти муассисаҳои таълимӣ;

— муайян намудани меъёри маблағгузории буҷетӣ, ки барои хизматрасонии таълими ройгон ба шаҳрвандон аз тарафи давлат кафолат дода мешавад;

— муқаррар намудани баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилоти умумӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— таҳия ва муқаррар намудани талаботи ягона ба таъминоти моддию техникӣ ва муҷаҳҳаз намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо таҷҳизоти таълимӣ;

-таҳияи меъёрҳои таъминоти молиявии фаъолияти таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки барномаҳои асосии таълимиро амалӣ менамоянд, ташкили фармоиши давлатӣ барои муассисаҳои таълимӣ;

— ташкили системаи мониторинги дохилии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ;

— гузаронидани марҳилаҳои рейтинги сифати таҳсилот ва аттестатсияи хонандагон;

— ташкили фаъолияти хадамоти методӣ;

— аттестатсияи кормандони педагогӣ ва ҳайати роҳбарикунандаи муассисаҳои таълимӣ.

  1. ТАЛАБОТИ СТАНДАРТ

Стандарт аз талаботи зерин иборат аст:

— ба ҳаҷми сарбории таълимии  ҳатмӣ ва ниҳоӣ барои як хонанда дар давоми як ҳафтаи таълимӣ;

— ба сохтори барномаҳои асосии таълимӣ, аз ҷумла талабот ба таносуби қисми асосии барномаҳои таълимӣ ва ҳаҷми онҳо;

— ба мазмуни асосии таҳсилот дар омўзиши фанҳои таълимӣ;

— ба шароити ҷараёни таълиму тарбия;

— ба шароити татбиқи барномаҳои асосии таълимӣ, пояи кадрӣ, молиявӣ, моддию —техникӣ ва дигар шароитҳо;

— ба натиҷаҳои азхудкунии барномаҳои асосии таълимӣ;

— ба натиҷаҳои сатҳи омодагии хатмкунандагон дар зинаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ;

— ба ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот дар зинаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ.

  1. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМӢ

Мақсади таҳсилоти умумӣ иборат аст аз:

— тарбияи шаҳрванди аз ҷиҳати ақлонӣ ташаккулёфта ва дорои сифатҳои баланди ахлоқӣ, ки дар тули ҳаёт барои аз худ кардани донишҳои нав кўшиш менамояд;

— ташаккули тасаввуроти бонизом дар бораи олам, ҷомеа ва инсон, навоварии илму техника, фарҳанги инноватсионӣ;

— рушди қобилияти дарк кардан, худинкишофёбӣ ва худидоракунӣ дар хонандагон тавассути ташаккулёбии салоҳиятҳои фаннӣ ва истифодаи эҷодкоронаи донишҳои бадастоварда дар таҳсил ва зиндагӣ;

— рушди қобилияти аз худ кардани асосҳои илм, ташаккул додани омодагӣ ба таҳсилоти муттаасил, фаъолияти меҳнатӣ, интихоби мустақилонаи ҳаёт ва мутобиқшавӣ ба ҷомеа, эҷодкорона ва бомасъулият иштирок намудан дар ҳаёти оилавӣ, ҷомеа ва давлат;

— рушди хонандагон дар самти аз худ кардани фаъолият дар самтҳои  гуногун, ки ҳам дар ҷараёни таҳсил ва ҳам дар ҳаёт истифода бурда мешаванд;

— ташаккули шахсияти аз нигоҳи иҷтимоӣ хушахлоқ, озодандеш, донишманд, ки барои амали худ дар оила, коллектив ва ҷомеа масъул мебошад;

—  тарбияи шахсияти соҳибмаълумот, ки  донандаи арзишҳои миллӣ ва фарҳанги умумибашарӣ мебошад;

— тарбияи муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва фарҳанги умумибашарӣ;

— тарбияи шахсияти дорои эҳсоси масъулияти баланди шаҳрвандӣ баҳри инкишофи фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятиву фарҳангӣ;

— тарбия ва рушди шахсияти дорои дарки баланди ватандўстӣ, принсипҳои инсондўстӣ, зери мафҳуми ягонагӣ ва ифтихори миллӣ, баробарҳуқуқӣ, ҳамкорӣ, тоқатпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ;

— ташаккули маърифати воло ва таҳаммулпазирӣ;

— ташаккули шахсияти фаъол, масъул, созандаю эҷодкор, ки ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон муносибати эҳтиромона дорад;

— тарбияи шахсе, ки ба ҳаёт ва муҳити атроф муносибати эҳтиёткорона дорад.

Вазифаҳои таҳсилоти умумӣ иборат аст аз :

— фароҳам овардани шароит барои инкишофи равонию ахлоқӣ, ҷисмонии хонандагон, аз худ намудани арзишҳои миллӣ ва фарҳанги умумибашарӣ, тарбияи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— фароҳам овардани шароит барои аз тарафи хонандагон аз худ кардани асосҳои илм, забони давлатӣ ва  яке аз забонҳои хориҷӣ, рушди маҳорати меҳнати фикрӣ ва ҷисмонӣ, намудҳои гуногун бо  дарки фаъолияти эҷодӣ ва иртиботӣ, дар онҳо ташаккул додани ҷаҳонбинии илмӣ ва таҷрибаи ҳамкории байнифарҳангӣ;

— нигоҳдорӣ ва таҳкими саломатии ҷисмонӣ ва равонии хонандагон, тарбияи муносибати эҳтиёткорона ба саломатии худ ва шахсони дигар, ташаккули малакаи гигиенӣ, тарзи ҳаёти солим ва рафтори бехатар;

— омода намудани насли наврас ба зиндагии шоиста дар ҷомеа, худмуайянкунӣ ва худтатбиқкунӣ, аз ҷумла барои идомаи таҳсил, фаъолияти созанда ба манфиати оила, ҷомеа ва рушди иҷтимоию иқтисодии давлат.

11. ТАЛАБОТИ УМУМӢ БА МАЗМУНИ АСОСИИ

ТАҲСИЛОТИ УМУМӢ

НАҚШАИ ТАЪЛИМИИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМӢ

Нақшаи таълимӣ ҷузъи таркибии Стандарти давлатии  таҳсилоти умумӣ   буда, мазмуни таҳсилоти умумӣ,  ҳаҷми сарбории ҳатмӣ ва ниҳоии таълимро муайян менамояд.

Принсипҳои асосии Нақшаи таълимиро яклухтӣ, алоқамандӣ, пайдарҳамӣ ва мутобиқат ташкил медиҳанд.

Яклухтии Нақшаи таълимӣ ба хонандагон имконият медиҳад, ки алоқамандии ҳодиса ва воқеаҳои муҳити атрофро аз нигоҳи илмӣ дарк намоянд.

Нақшаи таълимӣ барои аз худ намудани барномаҳои таълимӣ пайдарҳамии доимиро дар омўзиши фанҳо таъмин менамояд.

Мутобиқати Нақшаи таълимӣ — ҳамоҳангии миқдори соатҳои ҷудошударо ба фанҳои таълимӣ  дар назар дорад.

Нақшаи таълимӣ барои таҳияи нақшаи таълимии муассиса ҳамчун асос истифода мешавад.

Нақшаи таълимӣ барои литсей ва гимназияҳо дар асоси Нақшаи таълимии асосӣ таҳия карда мешавад.

Миқдори соатҳои таълимӣ, ки барои омўзиши фанҳо ҷудо шудаанд, набояд аз миқдори соатҳои дар Нақшаи таълимии асосӣ нишондодашуда кам бошанд.

Дар асоси Нақшаи таълимии асосӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ вобаста ба  зинаҳои таҳсилот  омўзиши фанҳои забони модарӣ, адабиёт, забони давлатӣ, забони русӣ, забонҳои хориҷӣ, алифбо ва матни ниёгон, математика, алгебра, геометрия, физика, химия, табиатшиносӣ, биология, экология, география, асосҳои иқтисодиёт, таърихи халқи тоҷик, таърихи умумӣ, таърихи дин, маърифати оиладорӣ, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи инсон, технологияи иттилоотӣ, технология (таълими меҳнат), санъати тасвирӣ ва меҳнат, санъати тасвирӣ, суруд ва мусиқӣ, нақшакашӣ, тарбияи ҷисмонӣ, омодагии ибтидоии ҳарбӣ ҳатмӣ мебошад.

Дар Нақшаи таълимӣ соатҳо чунин тақсим шудаанд:

а) Қисми асосӣ: соатҳои таълимии ҳатмие, ки барои омўзиши фанҳои таълимӣ пешбинӣ шуда, аз тарафи давлат маблағгузорӣ карда мешавад.

б) Қисми соатҳои иловагӣ- ҳаҷми сарбории таълимие , ки барои қонеъ намудани малакаву қобилият ва талаботи хонандагон илова ба нақшаи асосии таълимӣ  пешбинӣ шуда, аз ҷониби муассисон, муассисаи таълимӣ, падару модарон (шахсони онҳоро ивазкунанда) маблағгузорӣ карда мешавад.

в) Қисми соатҳои фардии хонанда – соатҳое, ки барои тайёр кардани вазифаи хонагӣ, пешбинӣ шудааст.

Қисми асосии Нақшаи таълимӣ талаботи давлатиро ба назар гирифта, азхудкунии  мазмуни асосии таҳсилоти умумӣ, ташаккули ақлонӣ, ҷисмонӣ ва маънавии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд.

Қисми асосии Нақшаҳои таълимӣ ҳатмӣ ва тағйирнопазир буда, аз ҷониби муассисаи таълимӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ  амалӣ карда мешавад.

Қисми иловагии Нақшаи таълимӣ бо назардошти қобилияти инфиродии хонандагон ва дархости  падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда)  таҳия карда мешавад.

Нақшаи таълимӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф тасдиқ карда мешавад.

Нақшаи таълимии муассиса, ки дар асоси қисми асосӣ ва иловагии Нақшаи таълимӣ таҳия мегардад, аз ҷониби мақомоти маҳаллии идоракунии маориф, муассисаҳои таълимии мақоми ҷумҳуриявидошта, муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ (хусусӣ) аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф тасдиқ карда мешаванд.

  1. ТАЛАБОТ БА МАЗМУНИ АСОСИИ ТАҲСИЛОТ ВОБАСТА БА ЗИНАҲОИ ТАҲСИЛОТ

Стандарт талаботи зеринро ба мазмуни асосии таҳсилоти умумӣ муқаррар менамояд:

— ягонагии фазои таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мураттабӣ, муттасилӣ, пайдарҳамии  мазмуни таҳсилоти умумӣ дар зинаҳои таҳсилот;

— дастрасии баробар ба таҳсилоти умумӣ;

— талаботи ягона ба мазмуни таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли таҳсил.

Мазмуни таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ дар нақшаҳои таълимӣ вобаста ба зинаҳои таҳсилот ба воситаи соҳа ва фанҳои таълимӣ пешниҳод мегардад.

Қисми асосии мазмуни таҳсилот дар Нақшаҳои таълимӣ ва қисми иловагии мазмуни таҳсилот дар нақшаи таълимии муассиса дарҷ мегардад.

Барномаҳои асосии таълимӣ мазмуни асосии таҳсилоти умумиро амалӣ намуда, талаботро ба омодагии хонандагон вобаста ба зинаи таҳсилот муайян менамоянд.

Барномаҳои таълимии иловагӣ мазмуни фанҳои таълимиеро, ки муассисаи таълимӣ аз ҳисоби соатҳои қисми иловагӣ интихоб мекунад, амалӣ менамоянд.

Соҳа ва фанҳои таълимии қисми асосии мазмуни таҳсилот барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ҳатмӣ мебошад.

Мазмуни фанҳои таълимии қисми асосии мазмуни таҳсилотро Стандартҳои фаннии зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ муайян менамояд.

Қисми иловагии мазмуни таҳсилот хусусиятҳои махсуси муассисаи таҳсилоти умумиро инъикос намуда, ба таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои таҳсилоти иловагӣ берун аз стандартҳои давлатии фаннии зинаҳои таҳсилоти умумӣ равона шудааст.

Бо мақсади қонеъ намудани талаботи маърифатии хонандагон, Нақшаҳои иловагии таълимӣ таҳия мегарданд, ки омўзиши амиқи фанҳои алоҳидаро аз ҳисоби қисми иловагӣ таъмин менамояд.

  1. МАШҒУЛИЯТҲОИ ФАКУЛТАТИВӢ

Машғулиятҳои факултативӣ –ҷараёни таълиму тарбияе, ки берун аз дарс дар муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ташкил шуда, шароити мусоиди таълиму тарбияро бо назардошти талаботи инфиродӣ, қобилият ва шавқу рағбат ва дархости хонандагон таъмин менамояд.

Дар муассисаҳои таълимӣ машғулиятҳои факултативӣ дар самтҳои табиӣ-риёзӣ, ҷамъиятӣ – гуманитарӣ, экологӣ, ҳарбӣ-ватандўстӣ, мусиқӣ, рақсӣ, бадеӣ, театрӣ, варзишӣ ва ғайра ташкил карда мешавад.

Хонандагон бо дархости падару модарон (шахсони онҳоро ивазкунанда), бо назардошти майл, хоҳиш, қобилият, маҳорат ва саломатӣ дар машғулиятҳои факултативӣ метавонанд фанҳои алоҳидаро дар сатҳи амиқ ва дар доираи соатҳои дар нақшаи таълимии иловагӣ омўзанд.

Машғулиятҳои факултативӣ то саршавии дарс ё баъд аз дарс гузаронида мешаванд.

  1. СОҲАИ ТАЪЛИМ ВА ТАРКИБИ ФАНҲОИ ТАЪЛИМӢ

Дар зинаҳои таҳсилоти умумӣ таносуби мундариҷаи таҳсилоти умумӣ ба соҳаҳои зерин тақсимбандӣ карда мешавад: «Филология», «Ҷомеашиносӣ», «Математика», «Табиатшиносӣ», «Санъат», «Тарбияи ҷисмонӣ», «Технология».

Номгўи соҳаҳои таълим барои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти умумӣ ҳатмӣ мебошад. Бо назардошти он номгўи зерини фанҳои таълимӣ вобаста ба соҳаҳои таҳсилот муқаррар карда мешавад:

— «Филология»: «Забони модарӣ», «Адабиёт», “Забони давлатӣ”, «Забони русӣ», «Забони хориҷӣ», «Алифбо ва матни ниёгон»;

— «Ҷомеашиносӣ»; «Таърихи халқи тоҷик», «Таърихи умумӣ», «Асосҳои давлат ва ҳуқуқ», «Ҳуқуқи инсон», «Таърихи дин», “Маърифати оиладорӣ”, «Асосҳои иктисодиёт”;

— «Математика»: «Математика», «Алгебра», «Геометрия»;

— «Табиатшиносӣ»: «Табиатшиносӣ», «Физика», «Химия», «Биология», «Экология», «География»;

— «Санъат»: «Санъати тасвирӣ», «Нақшакашӣ», «Суруд ва мусиқӣ»;

— «Тарбияи ҷисмонӣ»: «Тарбияи ҷисмонӣ» ва «Омодагии ибтидои ҳарбӣ»;

— «Технология»: «Технология (Таълими меҳнат)», «Технологияи иттилоотӣ».

  1. ЗИНАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМӢ

Зинаҳои таҳсилоти умумӣ ва муҳлати таҳсил чунин муқаррар карда мешаванд:

-зинаи якум — таҳсилоти ибтидоӣ (синфҳои 1-4)- муҳлати таҳсил 4 сол;

-зинаи дуюм — таҳсилоти умумии асосӣ (синфҳои 5-9)- муҳлати таҳсил 5 сол;

-зинаи сеюм — таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 10-11)– муҳлати таҳсил 2 сол.

Таҳсилоти умумӣ сохтор ва мазмуни он ягонагию алоқамандии се зинаи таҳсилоти умумиро таъмин менамояд. Зинаи якум ва дуюм таҳсилоти умумии асосии ҳатмӣ буда, муҳлати таҳсил 9 солро ташкил медиҳад.

Зинаи якуми таҳсилоти умумӣ таҳсилоти умумии ибтидоиро таъмин намуда, барои идомаи таҳсил дар зинаи дуюм замина мегузорад. Ҷалби кўдаконе, ки ба синни 7 расидаанд, ба синфи як ҳатмӣ мебошад.

Таҳсилоти умумии асосӣ бо гузаронидани аттестатсияи хатм анҷом ёфта, ҳуқуқи идомаи таҳсили шаҳрвандонро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таъмин менамояд.

Таҳсилоти миёнаи умумӣ бо гузаронидани аттестатсияи хатм анҷом ёфта, ҳуқуқи идомаи таҳсили шаҳрвандонро дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ таъмин менамояд.

Давомнокии соли таҳсил дар синфи якум 33 ҳафта, синфҳои 2- 11 таҳсилоти умумӣ 34 ҳафтаро ташкил медиҳад.

  1. ТАЛАБОТИ УМУМӢ БА ЗИНАИ ЯКУМИ ТАҲСИЛОТИ УМУМӢ (СИНФҲОИ 1-4)

Мақсад, вазифа ва хусусиятҳои ташкили ҷараёни таълим ва тарбия

Мақсади асосии таҳсилоти ибтидоӣ аз инҳо иборат аст:

-муайян намудан ва рушди қобилият, кўшишҳои фардии хонандагон;

— ташаккули малака ва маҳорати хонандагон;

— тарбияи сифатҳои маънавию ахлоқӣ, муносибати  эҳтиёткорона ба муҳити атроф;

— ташаккули донишҳои асосӣ, маҳорат ва малакаи хониш, навишт, ҳисоб, муошират, тарзи ҳаёти солим.

Вазифаҳои таҳсилоти ибтидоӣ аз инҳо иборат аст:

— мутобиқгардонии хонандагон ба ҳақиқати муҳити атроф;

— ташаккули мақоми хонанда;

— ошкор ва рушди дарки таълимӣ- маърифатӣ;

— муносибати арзишмандона ба муҳити атроф;

— ташаккули омодагӣ ба азхудкунӣ ва дарки дурусти қонунҳои бунёдии  инкишофи табиат ва ҷамъият;

— фароҳам овардани шароит барои ҷалби хонандагон ба намудҳои гуногуни фаъолият (ба таълим, меҳнат ва ғ.);

Дар зинаи якуми таҳсилоти муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони тоҷикӣ омўзиши фанҳои «Алифбо», «Забони модарӣ», «Забони давлатӣ», «Забони русӣ», «Забони хориҷӣ», «Математика» «Табиатшиносӣ», «Санъати тасвирӣ ва меҳнат», «Суруд ва мусиқӣ» ва «Тарбияи ҷисмонӣ» ҳатмӣ мебошад.

Омўзиши забони модарӣ (хондан, навиштан, инкишофи нутқ) ва таълими санъати тасвирӣ ва меҳнат дар синфҳои ибтидоӣ ба таври ҳамгиро сурат мегирад.

Талаботе, ки ба ҳаҷм ва мазмуни таҳсилоти асосӣ дар сатҳи барои омўзиши фанҳои таълимӣ ва дараҷаи омодагии хонандагон пешниҳод карда мешаванд, дар стандартҳои фаннӣ ва барномаҳои таълимӣ дарҷ мегарданд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони  ғайритоҷикӣ забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ таълим дода мешавад.

Омўзиши фанни «Забони русӣ» дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз синфи дуюм оғоз меёбад.

Аз синфи сеюм дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ омўзиши яке аз забонҳои хориҷӣ (англисӣ, франсавӣ, немисӣ ва арабӣ бо назардошти заминаи кадрӣ, имконоти муассисаи таълимӣ ва  интихоби хонанда) ҳамчун фанни таълимии ҳатмӣ омўхта мешавад.

Дар зинаи якуми таҳсилот машғулиятҳои иловагӣ дар асоси хоҳиши падару модарон (шахсони онҳоро ивазкунанда) аз рўи майлу рағбати хонанда ташкил карда мешаванд. Бо ин мақсад дар Нақшаи таълимӣ соатҳои иловагӣ пешбинӣ мегардад.

Талаботе, ки ба ҳаҷм ва мазмуни таҳсилоти иловагӣ пешниҳод мегардад, дар барномаҳои таълимии дахлдор инъикос меёбанд.

Дар зинаи якуми таҳсилоти умумӣ мазмун ва ташкили ҷараёни таълиму тарбия мувофиқи меъёр, қоидаҳо ва талаботи санитарию гигиенӣ дар реҷаи 5-рўзаи ҳафтаи таълимӣ муқаррар карда мешавад.

Хонандагони синфи якум новобаста аз натиҷаҳои таълимӣ дар синфашон мононда намешаванд. Хонандагони синфҳои 2-4, ки таҳсилро дар зинаи якуми таҳсилоти умумӣ анҷом додаанд, вобаста аз натиҷаҳои фаъолияти таълимӣ, ба зинаи дуюми таҳсилоти умумӣ гузаронида мешаванд.

  1. ТАЛАБОТИ УМУМӢ БА ҲАҶМИ САРБОРИИ ТАЪЛИМИИ ҲАТМӢ ВА НИҲОИИ ХОНАНДАГОН

Дар доираи меъёрҳои санитарию гигиенӣ дар зинаи якуми таҳсилоти умумӣ ҳаҷми сарбории таълимии ҳатмӣ ва ниҳоӣ (дар як ҳафта) бо реҷаи ҳафтаи 5-рўзаи таълимӣ мутобиқи Нақшаи таълимии асосӣ (базавӣ) чунин муқаррар мегардад.

  1. Ҳаҷми сарбории таълимии ҳатмӣ (дар як ҳафта):

синфи 1 — 20 соат

синфи 2 — 23 соат

синфи 3 — 23 соат

синфи 4 — 25 соат

  1. Ҳаҷми сарбории таълимии ниҳоӣ бо назардошти соатҳои иловагӣ (дар як ҳафта)

синфи 1 то 24 соат

синфи 2 то 27 соат

синфи 3 то 27 соат

синфи 4 то 29 соат

  1. Мувофиқи талаботи тасдиқгардида, дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои тайёр кардани вазифаи хонагӣ дар синфи 2 то 3 соат, синфи 3 то 3,5 соат ва дар синфи 4 то 3,5 соат пешбинӣ мегардад.

18. ТАЛАБОТИ УМУМӢ БА САТҲИ ДОНИШИ ХОНАНДАГОНИ ЗИНАИ АВВАЛИ ТАҲСИЛОТИ УМУМӢ

Хонандагоне, ки зинаи аввали таҳсилоти умумиро хатм менамоянд, бояд:

-дар бораи моҳияти мафҳумҳои шахсият, шаҳрванд, Ватан, ватандўстӣ тасаввурот ҳосил намоянд;

-арзишҳои фарҳангию таърихии халқи тоҷик ва суннату анъанаҳои халқҳои дигарро эҳтиром намоянд;

-аҳамияти иҷтимоии хонанда, ҳамсинф, аъзои коллектив ва ғайраро дарк намоянд;

-меъёрҳои ахлоқии рафторро аз худ намоянд, ба сифатҳои худ баҳо дода тавонанд, боадаб ва хушзеҳн бошанд;

-моҳият ва мафҳуми ибораҳои «пиндори нек», «гуфтори нек», «рафтори нек» -ро дарк намоянд;

— мақсад ва вазифаҳои таҳсилро дарк намоянд;

— фаъолиятҳоро ба нақша гиранд ва иҷро намоянд;

— дар муҳити таълимӣ ва иҷтимоӣ -фарҳангӣ мутобиқ гарданд;

-матнҳои бадеӣ ва илмию оммавиро бошуурона хонанд, маънои маводи хондашударо дуруст сарфаҳм раванд ва нақл карда тавонанд, вобаста ба матн ба саволҳо ҷавоб гардонанд, ба саволҳо ҷавобҳои мушаххас ва мукаммал дода тавонанд, қоидаҳои навиштанро риоя намоянд, ҳисобро донанд, хати зебо дошта бошанд;

— доир ба муҳити илмии олам (муҳити атроф ва табиат) тасаввуроти аввалия дошта бошанд;

— қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, тарзи ҳаёти солим ва бехатарии рафторро донанд ва иҷро намоянд.

  1. ТАЛАБОТИ УМУМӢ БА ЗИНАИ ДУЮМИ ТАҲСИЛОТИ УМУМӢ (СИНФИ 5-9 (10))

Мақсад, вазифа ва хусусиятҳои ташкили ҷараёни таълим ва тарбия

Мақсади асосии таҳсилоти умумии асосӣ ташаккул додани ҷаҳонбинии илмии хонандагон, муайян намудани мавқеи худ, меъёрҳои ахлоқию маънавӣ, мавқеи фаъоли ҳаётӣ, тарзи ҳаёти солим, рафтори бошуурона, маҳорати худмуайнкунии фаъолият, меҳнати зеҳнӣ ва ҷисмонӣ, худмуайянкунии касбӣ ва омода будан ба идомаи таҳсил ба шумор меравад. Самти афзалиятноки зинаи мазкур ба омўзиши фанҳои ҷамъиятию гуманитарӣ, табиию риёзӣ ва технологӣ  ба шумор меравад.

Вазифаҳои асосии таҳсилоти умумии асосӣ аз инҳо иборат аст:

— фароҳам овардани шароити мусоид барои дастрас ва аз худ намудани дониш аз рўи равияҳои таълимии ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ;

— ташаккули маҳорати истифода аз сарчашмаҳои гуногуни маълумот;

— аз ҷониби хонандагон аз худ кардани асосҳои илм, маҳорати меҳнати ақлонӣ ва ҷисмонӣ ва ташаккул додани қобилияти фаъолияти маърифатӣ;

— ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, тамоюлҳои арзишнок, меъёрҳои ахлоқӣ ва фарҳангӣ;

— ташаккули мавқеи фаъол дар зиндагӣ, омодагӣ ба худмуайянкунии касбӣ ва идомаи таҳсил;

— ташаккул додани мавқеи шаҳрвандӣ, ватандўстӣ, маданияти ахлоқӣ ва фарҳанги оиладорӣ, ақида ва боварӣ дар хонандагон;

— муайян намудани самти ҷараёни таълим ва тарбия барои ташаккули тарзи ҳаёти солим ва рафтори бошууронаи хонандагон;

-таъмини муттасилӣ дар мазмун, усул ва шакли таълим дар зинаҳои I ва II таҳсилоти умумӣ.

Дар муассисаҳои таҳсилоти  умумии зинаи дуюми таҳсилот омўзиши фанҳои таълимии «Забони модарӣ», «Адабиёт», “Забони давлатӣ”, “Алифбо ва матни ниёгон”, «Забони русӣ», «Забони хориҷӣ», «Таърихи халқи тоҷик», «Таърихи умумӣ», “Таърихи дин”, «Асосҳои давлат ва ҳуқуқ», «Математика», «Алгебра», «Геометрия», «Нақшакашӣ», «Физика», «Химия», «Биология», “Экология” «География», «Суруд ва мусиқӣ», «Санъати тасвирӣ», «Технологияи иттилоотӣ», «Технология (Таълими меҳнат)», «Тарбияи ҷисмонӣ» ҳатмӣ мебошанд.

Мундариҷаи фанҳои таълимӣ дар сатҳи асосии таҳсилот ва талабот ба тайёрии хатмкунандагонро стандартҳои фаннии таҳсилот муайян менамояд.

20.ТАЛАБОТИ УМУМӢ БА ҲАҶМИ САРБОРИИ ТАЪЛИМИИ ҲАТМӢ ВА НИҲОИИ ХОНАНДАГОН

Дар доираи меъёрҳои санитарию гигиенӣ дар зинаи дуюми таҳсилоти умумӣ ҳаҷми сарбории таълимии ҳатмӣ ва ниҳоӣ (дар як ҳафта) бо реҷаи ҳафтаи 6- рўзаи таълимӣ мутобиқи Нақшаи таълимии асосӣ чунин муқаррар мегардад.

Ҳаҷми сарбории таълимии ҳатмии хонандагон дар як ҳафта:

синфи 5 — 25 соат

синфи 6 — 26 соат

синфи 7 — 29 соат

синфи 8 — 30 соат

синфи 9 — 31 соат

Ҳаҷми сарбории таълимии ниҳоии хонандагон бо назардошти  соатҳои иловагӣ (дар як ҳафта)

синфи 5 то 33 соат

синфи 6 то 34 соат

синфи 7 то 35 соат

синфи 8 то 37 соат

синфи 9 то 38 соат

73.Мувофиқи талаботи тасдиқгардида дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ барои тайёр кардани вазифаи хонагӣ дар синфҳои 5-6 то 3,5 соат, синфи 7 то 4 соат ва синфҳои 8-9 то 4,5 соат пешбинӣ мегардад.

  1. ТАЛАБОТИ УМУМӢ БА САТҲИ ОМОДАГИИ ХОНАНДАГОНИ ЗИНАИ ДУЮМИ ТАҲСИЛОТИ УМУМӢ

Хонандагоне, ки зинаи дуюми таҳсилоти умумиро хатм менамоянд, бояд:

— маданият ва одоби муомила бо ҳамсолонро аз худ намоянд;

— ҷаҳонбини худро васеъ намуда ва мақоми худро дар коллективи ҳамсолон муайян намоянд;

— нисбат ба ҳаёти иҷтимоию фарҳангӣ мароқ зоҳир намуда, дар ҳаёт мавқеи фаъол дошта, дўстдори Ватан бошанд;

— асосҳои дониши ҳуқуқӣ ва иқтисодиро аз худ намоянд, барои риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ омода бошанд;

— ба арзишҳои моддӣ ва маънавӣ муносибати эҳтиёткорона дошта, муносибати худро ба ҷомеа, давлат ва табиат мутобиқ намоянд;

— забони давлатӣ ва забонҳои хориҷиро ҳамчун воситаи муошират ва шинохти олам аз худ намоянд;

— малакаву маҳоратеро, ки барои интихоби касб ва шиносоӣ ба фаъолияти меҳнатӣ мусоидат менамоянд, аз худ намоянд;

— дорои ҷаҳонбинии илмӣ барои дарки ҷаҳони моддӣ ва қонунҳои асосии инкишофи он, қобилияти қабул ва шарҳро дар асоси донишҳои азхудкарда ва таҷрибаи ҳодисаҳои бавуқўъомада ва ҳақиқати муҳити атроф дошта бошанд;

— асосҳои бехатарии фаъолият ва тарзи ҳаёти солимро донанд ва дорои таҷриба бошанд;

-дар ҷараёни гирифтани маълумотҳои гуногун бо мақсади омўзиш ва фарҳанги умумибашарӣ қобилияти огоҳона муайян намудани мавқеи худро дошта бошанд;

— асосҳои технологияи  иттилоотӣ ва  иртиботии муосирро азхуд карда бошанд:

— барои дарки зебоии воқеияти атроф, муносибати арзишнок ба падидаҳои ҳаёт ва санъат қобилият дошта бошанд.

  1. ТАЛАБОТИ УМУМӢ БА ЗИНАИ СЕЮМИ ТАҲСИЛОТИ

МИЁНАИ УМУМӢ (СИНФҲОИ 10-11 (12))

Мақсад, вазифа ва хусусиятҳои ташкили ҷараёни таълиму тарбия

Дар сохтори таҳсилоти умумӣ зинаи сеюми таҳсилот- таҳсилоти миёнаи умумӣ  марҳилаи хотимавии таҳсил ба ҳисоб меравад. Таҳсил дар синфҳои 10-11 (12) дар давраи худмуайянкунии касбии хонандагон дар асоси ҷамъбасти масъалаҳои назариявӣ ва банизомдарории малакаву донишҳои азхудкарда ва дарки асосҳои илми муосир дар ҷараёни таълиму тарбия ва ҷаҳонбинии шахс ба роҳ монда мешавад. Самти афзалиятноки зинаи мазкур омўзиши фанҳои табиию риёзӣ, гуманитарию ҷамъиятӣ ва технологӣ ба ҳисоб меравад.

Дар зинаи сеюми таҳсилоти умумӣ таълими равиявӣ  пешбинӣ мегардад, ки ба хонандагон мувофиқи майл ва қобилият имконияти идомаи таҳсилро бо назардошти интихоби касб муайян менамояд.

Зарурияти ҷорӣ кардани таълими равиявӣ  иборат аст аз:

-эҳтиёҷоти давлат ва ҷомеа ба шахси фаъол ва ҳаматарафа инкишоёфта;

— талаботи афзоянда ба муассисаҳои таҳсилоти касбӣ;

-инкишофи қобилияти фардӣ, бо дарназардошти ҳадафҳои касбӣ ва талаботи хонандагон ба таҳсил.

Мақсади асосии зинаи сеюми таҳсилоти умумӣ:

— дар хонандагон ташаккул додани фарҳанги умумибашарӣ, тамоюли арзишҳои инсондўстӣ, ҷаҳонбинии илмӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва худогоҳии ҳуқуқӣ;

-ташаккули тасаввуроти бонизом дар бораи ҷаҳон, ҷомеа ва инсон;

-ташаккули омодагӣ ба муттасилии таҳсил, фаъолияти истеҳсолӣ, иштироки бунёдкорона ва масъулиятнок дар оила, ҷомеа, давлат;

-муҳайё намудани замина барои худинкишофёбӣ ва худташаккулдиҳӣ;

— ташаккули қобилиятҳои инфиродӣ ва эҷодӣ бо назардошти ҳадафҳои касбӣ, шавқ ва талаботи хонандагон ба таҳсил.

Вазифаҳои асосии зинаи  сеюми таҳсилоти умумӣ иборатанд аз:

— таъмини омодагии таҳсилоти умумии хонандагон дар сатҳи муайян , қонеъ гардонидани талаботи таълимии онҳо, бо дарназрдошти ҳадафҳои касбӣ, шавқ ва қобилият;

-муҳайё намудани имконияти баробар ба хонандагон дар интихоби машғулиятҳои иловагӣ;

— фароҳам овардани шароит ба омодагии касбӣ ва гирифтани касби муносиби коргарӣ аз ҷониби хонандагон;

— фароҳам овардани шароит барои хонандагон ҷиҳати аз худ намудани намуди фаъолиятҳои гуногуни маърифатӣ, эҷодӣ, иртиботӣ, ташаккули омодагӣ барои идомаи таҳсил;

— таъмини муттасилӣ дар мазмун, усул ва шакли таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, муассисаҳое, ки ба гирифтани таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ;

— дар хонандагон ташаккул додани худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, арзишҳои миллӣ ва фарҳанги умумибашарӣ, инкишофи ҷаҳонбинӣ;

— ташаккули масъулияти шаҳрвандии хонанда ва аз худ намудани меъёрҳои ҳуқуқӣ;

— омодагӣ ба идомаи таҳсил, иштирок дар раванди меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ ва ҳаёти оилавӣ;

— ташаккули қобилияти эҷодии хонандагон бо дарназардошти меъёрҳои касбӣ, қонеъгардонии талаботи хонандагон ба таълим.

Дар зинаи сеюми таҳсилот  омўзиши фанҳои «Забони модарӣ», «Адабиёт», « Забони давлатӣ », «Забони русӣ», «Забони хориҷӣ» «Таърихи халқи тоҷик», «Таърихи умумӣ», « Ҳуқуқи инсон», “Маърифати оиладорӣ” «Алгебра», «Геометрия», «Физика», «Химия», «Биология», “География”, “Асосҳои иқтисодиёт”, «Технологияи иттилоотӣ», “Технология (Таълими меҳнат)”, «Тарбияи ҷисмонӣ», «Омодагии ибтидоии ҳарбӣ» ҳатмӣ  мебошад.

Дар зинаи сеюми таҳсилоти умумӣ диққати асосӣ ба интихоби равия ва касб равона карда мешавад. Ин имконият медиҳад, ки хонандагон қобилият ва мавқеи худро вобаста ба таҳсили минбаъда дуруст муайян намоянд.

Таълими равиявӣ аз рўи равияҳои ҷамъиятию гуманитарӣ, табиию риёзӣ ва техникию технологӣ, агротехникӣ, мусиқӣ, варзишӣ  ба роҳ монда мешавад.

Ҳангоми ташкили таълими равиявӣ  гузаронидани дарсҳои ҷуфт аз баъзе фанҳои таълимӣ иҷозат дода мешавад.

Ба хонандагон имконият дода мешавад, ки таълими равиявии интихобнамударо тағйир диҳанд ё аз синфи таълими равиявӣ ба синфи муқаррарӣ гузаранд, агар қобилияти хонанда ё сатҳи дониши ў ба талаботи Низомнома ва  Оинномаи  амалкунанда мувофиқ набошад.

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ азхудкунии касб бо назардошти номгўи тасдиқшудаи ихтисосҳо ба назар гирифта мешавад.

23.ТАЛАБОТИ УМУМӢ БА ҲАҶМИ САРБОРИИ ТАЪЛИМИИ

ҲАТМӢ ВА НИҲОИИ ХОНАНДАГОН

Дар доираи меъёрҳои санитарию гигиенӣ дар зинаи сеюми таҳсилоти умумӣ ҳаҷми сарбории таълимии ҳатмӣ ва ниҳоӣ (дар як ҳафта) бо реҷаи ҳафтаи 6 -рўзаи таълимӣ мутобиқи Нақшаи таълимии асосӣ чунин муқаррар мегардад.

Ҳаҷми сарбории таълимии ҳатмии хонандагон (дар як ҳафта):

синфи 10 — 34 соат

синфи 11 — 34 соат

Ҳаҷми сарбории таълимии ниҳоии хонандагон  бо назардошти соатҳои иловагӣ (дар як ҳафта):

синфи 10 то 42 соат

синфи 11 то 42 соат

Мувофиқи талаботи тасдиқгардида дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои иҷрои вазифаи хонагӣ дар синфҳои 10-11 то 4,5 — 5 соат пешбинӣ шудааст.

  1. ТАЛАБОТИ УМУМӢ БА ОМОДАГИИ ХОНАНДАГОН ДАР

ЗИНАИ СЕЮМИ ТАҲСИЛОТ

Хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бояд:

— арзишҳои миллӣ ва фарҳанги умумибашарӣ, қоидаҳои ахлоқро донанд ва эҳтиром намоянд;

— мероси таърихиву фарҳангии   миллиро ҳифз ва афзун намоянд;

— ба фарҳанг, суннату анъанаҳои халқҳои дигар эҳтиром зоҳир намоянд:

— Қонун ва меъёрҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳои умумии рафтор дар ҷомеаро донанд ва риоя намоянд;

-ҳодисаву воқеаҳои ҳақиқати муҳити атрофро дарк намуда, ба онҳо баҳои илмии асоснок дода тавонанд;

— мавқеи шаҳрвандӣ, ақида ва нуқтаи назари худ, манфиати оила, ҷомеа ва давлатро муайян намоянд, ба зуҳуротии ҳодисаҳои номатлуб дар ҳаёти ҷомеа муқобилият нишон дода тавонад;

— интихоби бошууронаи касбро барои идомаи таҳсил дар давоми ҳаёт дарк намоянд;

— ба такмили донишҳои худ дар омўзиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ ҳамчун воситаи муошират ва шинохти олам кўшиш намоянд;

— асосҳои технологияи муосири иттилоотӣ ва иртиботиро аз худ намоянд;

-қобилияти таҳлил, синтез, хулосабарорӣ, мушаххасгардонӣ, пайдарҳамӣ ва муқоисаро дошта бошанд;

-қобилияти худмуайянкунӣ, зуҳури эҳсос ва ҳиссиёт, ҳамдардӣ ва ғамхорӣ дошта бошанд;

-малака ва донишҳои азхудкардаро дар ҳаёти ҳамарўза ва ҳолатҳои ғайримуқаррарӣ истифода карда тавонанд.

  1. МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМӢ ВА ТАЛАБОТИ УМУМӢ БА ОНҲО

Ба намуди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мансубанд: муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ.

Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ метавонад дар шакли гимназия, литсей, мактаби шабона, мактаби ғоибона, мактаб-интернат, мактаб-интернати табобатӣ, мактаб-интернатҳои махсус барои кўдакони имконияташон маҳдуд, мактаби махсуси шакли пўшида, мактаб-интернат барои ятимон ва бепарасторон  ташкил карда шаванд.

Ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ талаботи зерин пешниҳод карда мешаванд:

— омўзиши фанҳои таълимӣ аз рўи мазмун ва меъёре, ки Нақшаи таълимии асосӣ  муқаррар кардааст ва омўзиши он ҳатмӣ аст, ба роҳ монда шавад;

— муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бояд бо мутахассисони дорои маълумоти касбии педагогӣ, вобаста ба тахассус дар таълими фан, таъмин бошанд;

— муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бояд ба заминаи моддӣ- техникӣ, аз ҷумла кабинетҳои муҷаҳҳази фаннӣ ва лаборатория, толор ва майдончаҳои варзишӣ, маводи таълимӣ тибқи номгўи муқарраргардида таъмин бошанд;

— маблағгузорӣ дар муассисаи таълимӣ ба мазмуни таҳсилот тибқи меъёрҳои давлатӣ барои ҳар як хонанда ба роҳ монда шавад;

— барои гузаронидани машғулиятҳои иловагӣ шароити мусоид муҳайё бошад;

— барои гузаронидани чорабиниҳои ташкилию тарбиявӣ, маърифатӣ бо толори фарҳангӣ таъмин бошанд;

— дар зинаи сеюми таҳсилоти умумӣ ҷиҳати таъмини таълими равиявӣ  вобаста аз қобилият ва майли касбии хонандагон шароит муҳайё бошад;

— роҳбарони муассисаҳои таълимӣ  ва муовинони онҳо бояд дорои таҳсилоти олии касбӣ, собиқаи кории на кам аз 5 сол дар соҳа бошанд;

-на камтар аз 70% омўзгорон бояд дорои таҳсилоти олии касбӣ бошанд;

— муассисаи таълимӣ бояд мутахассисони дорои методикаи таълими муосир ва қобилияти инноватсионӣ дар ҷараёни таълиму тарбия бошанд.

Таълим дар гимназия, литсей, мактабҳои хусусӣ, муштарак, мактабҳои Президентӣ, мактаб-интернат барои хонандагони болаёқат тибқи Нақша ва Барномаҳои таълимӣ дар як баст ба роҳ монда шуда, на камтар аз 90 % омўзгорон бояд дорои таҳсилоти олии касбӣ, дараҷаи олӣ ва якум бошанд.

  1. ТАЛОБОТИ УМУМӢ БА АТТЕСТАТСИЯИ ХАТМИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ АСОСӢ ВА МИЁНАИ УМУМӢ

Дар зинаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ  аттестатсияи хатм ба роҳ монда мешавад. Аттестатсияи хатм бо мақсади муайян намудани дараҷаи донишҳои азхудкардаи хонандагон мутобиқи талаботи Стандарт ва барномаҳои таълимӣ гузаронида мешавад.

Номгўи фанҳои таълимӣ, ки аз онҳо аттестатсияи хатм гузаронида мешавад ва шакли гузаронидани аттестатсия ҳамасола аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муқаррар карда мешавад.

Дар ҳолати озод намудани хонандагон аз супоридани аттестатсияи хатм дар давраи таҳсил дар зинаи таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ, дар асоси пешниҳоди Комиссияи назоратии тиббӣ ва мувофиқи баҳоҳои солона гузошта мешавад.

Номгўи бемориҳое, ки барои озод намудани хонандагон аз аттестатсияи хатм, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муайян карда мешаванд. Дигар ҳолатҳои аз аттестатсияи хатм озод намудани хонандагонро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян менамояд .

Тартиби гузаронидани аттестатсияро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян менамояд.

  1. ТАЛАБОТ БА ҲУҶҶАТҲО ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТ

Бомуваффақият гузаронидани аттестатсияи хатм дар сатҳи таҳсилоти умумии асосӣ ба хонандагон ҳуқуқ медиҳад, ки дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ атестат гиранд.

Бомуваффақият гузаронидани аттестатсияи хатм дар сатҳи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба хонандагон ҳуқуқ медиҳад, ки дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ аттестат гиранд.

Барои муваффақиятҳо дар таҳсил ва ахлоқи намунавӣ дар давраи таҳсил хатмкунандагон ба ҳуҷҷати намунаи махсус атестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра сарфароз гардонида мешаванд. Барои муваффақиятҳои махсус дар омўзиши фанҳои алоҳида хонандагон бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида мешаванд.

Низомнома дар бораи хатми мактаб бо аттестати аъло бо медали тилло ва атестаи аъло бо медали нуқра аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

Ба хонандагоне, ки ҳангоми таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз аттестатсияи ҷамъбастӣ нагузаштаанд, маълумотнома дода мешавад, ки ҳуҷҷати тасдиқкунандаи хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ маҳсуб намеёбад.

  1. ТАЛАБОТ БА ЗАМИНАИ МОДДӢ-ТЕХНИКИИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМӢ

Муассисаи таҳсилоти умумӣ заминаи моддӣ-техникии ҷавобгўй ба талаботи меъёрҳо ва қоидаҳои санитарӣ эпидемиологиро таъмин менамояд.

Ба заминаи моддӣ-техникии муассисаи таълимӣ дохил мешаванд:

-иншооти мутобиқ ба инфраструктура, шароити бехатар ва мусоид барои гузаронидани дарс, чорабиниҳои беруназдарсӣ, фарҳангӣ,  машғулиятҳои варзишӣ, расонидани ёрии тиббӣ, ошхона.

— кабинетҳои таълимии фаннӣ бо таҷҳизоти муосири таълимӣ- компютер, лабораторияҳои фаннӣ, синфхонаҳои лингафонӣ,  тахтаҳои электронӣ, синфхонаи технология (таълими меҳнат) барои духтарон ва писарон;

— шабакаи гармидиҳии муассисаи таълимӣ, ҷои либосовезӣ ва  ҷой барои санитари-гигиении шахсӣ, биноҳои ёрирасон;

-ташкили шароити мусоид ва таъмини муассиса бо таҷҳизоти махсус барои хонандагони дорои имконияташон маҳдуд.

  1. ТАЛАБОТ БА МУНОСИБАТИ БОШУУРОНА БА ҲАЁТ ВА ҲИФЗИ САЛОМАТИИ ХОНАНДАГОН

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва муассисаи таълимӣ шароити мусоидро барои тарзи ҳаёти солим ва ҳифзи саломатии хонандагон бо роҳҳои зерин таъмин менамоянд:

-тарғиби тарзи ҳаёти солим;

-таъмини хизматрасорнии иҷтимоӣ ва психологӣ;

— ташкили майдонча ва толорҳои варзишӣ;

— нигоҳдорӣ ва таъмири иншооти варзишӣ;

— ҳамкории байни падару модар ва кумитаи волидон барои ташаккули тарзи ҳаёти солими хонандагон;

-ташкили бунгоҳҳои тиббӣ дар муассисаҳои таълимӣ;

-ташкили вохўриҳо бо кормадони тиб;

— саривақт гузаронидани ташхиси тиббии хонанадгон ва омўзгорон;

— риояи техникаи бехатарӣ, қоидаҳои зиддисухтор ва меъёрҳои муҳофизатӣ;

— ба роҳ мондани омўзиш ва тарғиби қоидаҳои бехатарии роҳ дар дарсҳои иловагӣ.

  1. САЛОҲИЯТИ ХОНАНДАГОН БА НАТИҶАИ ТАҲСИЛ

Мазмуни таҳсилоти умумӣ пеш аз ҳама, ба тарбия ва ташаккули салоҳиятнокии ҳар як хонанда нигаронида шудааст, ки он дар самтҳои зерин ифода меёбад:

-салоҳияти ҳалли масъалаҳо ва худидоракунӣ;

-салоҳияти иттилоотӣ;

-салоҳияти иртиботӣ.

Салоҳияти ҳалли масъалаҳо ва худидоракунӣ имконият медиҳад, ки:

-хонанда мушкилотеро интихоб намуда, ҳалли онро дар вазъиятҳои гуногун ба миён гузорад ва ба қарори қатъӣ ояд;

— дар фаъолияти худ мақсад гузорад, барои ҳалли масъалаҳо роҳу усулҳоро пайдо намояд, мазмун, натиҷа, оқибати фаъолият ва ҷараёни ҳалли онро ба нақша гирад, технологияи ҳалли проблема ё фаъолиятро пешакӣ муайян намояд, ба вазифаҳои ба ҳамин монанд муқоиса намояд;

— ба натиҷаи фаъолияти худ баҳо диҳад;

— меъёри фаъолият ва қоидаҳои рафторро  интихоб намояд;

— фаъолият ва мушкилоти монандро ёфта, технологияи ҳалли онҳоро муайян намояд.

Салоҳияти иттилоотӣ имконият медиҳад, ки:

— дар асоси интилооти интиқодӣ қарори оқилона қабул намояд;

— мустақилона мақсад гузорад, онро асоснок намояд, ба нақша гирад ва барои ҳалли мақсад ва натиҷаи он фаъолияти маърифатӣ пешниҳод намояд;

— мустақилона  иттилоотиро дарёбад, таҳлил кунад, масъалаҳои муҳим ва асосиро интихоб карда тавонад, вобаста ба мақсади гузошта тағйир ва шарҳ диҳад, дар ҷараёни фаъолият аз воситаҳои гуногуни техникӣ, аз ҷумла аз воситаҳои технологияи иттилоотии муосир истифода бурда тавонад;

— натиҷаи иттилоотро дар фаъолияти амалии худ истифода бурда тавонад.

Салоҳияти  иртиботӣ имконият медиҳад, ки:

— воситаҳои нутқи гуфтугўи ва навиштро бо забони тоҷикӣ ва дигар забонҳо барои ҳалли масъалаҳои гузошташуда дар вазъияти аниқи иҷтимоӣ истифода бурда тавонад;

— дар ҳалли вазифаҳои муколамаи худ услуб ва жанри муайянеро интихоб намояд;

— фикру андеша ва нуқтаи назари худро мувофиқи меъёри забони адабӣ ва одоби муомила баён намояд;

— дар муколамаю муносибат бо ҳамзабонон ва намояндагони забонҳо ва фарҳанги дигар, бо гурўҳҳои одамони гуногунандеша дар вазъиятҳои гуногун бо сабру таҳаммул бошад, аввал андеша ва баъд суханашро изҳор намояд;

— дар расидан ба мақсад ҳамеша нармбаёну нармсухан бошад.

  1. ТАЛАБОТ БА САТҲИ ОМОДАГИИ ХОНАНДАГОН

Сатҳи омодагии хонандагон аз рўи се самт арзёбӣ мегардад:

-натиҷаҳои шахсӣ;

-натиҷаҳои фаъолияти муназзам;

-натиҷаҳои фаннӣ.

Натиҷаҳои шахсӣ инъикос меёбанд дар:

— зоҳир намудани эҳтиром ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонун ва тартибот;

— зоҳир намудани мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ, ҳисси баланди ватандўстӣ, омодагӣ ба хизмати Ватан ва ҳифзи манфиатҳои он;

— донистани забони давлатӣ ва забони модарӣ, эҳтиром ба таърих, фарҳанг, суннат арзишҳои халқи тоҷик ва дигар халқҳое, ки дар ҳудуди Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд;

— кўшиши эҳтиёт ва афзоиши табиати маҳал, ватани худ, зоҳир намудани мавқеи худ дар ҳифзи муҳити зист;

— бурдани тарзи ҳаёти солим, малакаҳои нигоҳдории бехатарии худ ва гирду атроф;

— зоҳир намудани маданияти баланди муносибати инсонӣ, риояи меъёрҳои ахлоқӣ;

— қобилияти худомўзӣ, худтабиқкунӣ ва меҳнати эҷодкорона;

— эҳтироми калонсолон ва ғамхорӣ ба хурдсолон, зоҳир намудани шафқат ба дигарон;

— доштани қобилияти бошуурона арзёбӣ намудани хусусиятҳои муҳити иҷтимоӣ, муқобилият ба зуҳуроти зидди ҷамъиятӣ.

Натиҷаҳои фаъолияти муназзам инъикос меёбанд, дар:

— азхудкунии низоми дониш оид ба асосҳои илм ва доираи истифодаи дастовардҳои илмӣ барои пешрафти ҷомеа;

— доштани маҳорати таҳлил, коркард, муқоиса ва истифодаи маълумоти илмӣ;

— аз худ кардани усулҳои дарк, банақшагирӣ, тартиб, таҳқиқот ва кашидани нақшаи эҷодӣ;

— аз худ кардани технологияи муосири иттилоотиву коммуникатсионӣ;

— аз худ кардани рушди қобилияти коммуникативӣ, маданияти бисёрзабонӣ.

Натиҷаҳои фаъолияти муназзам бо дастовардҳои хонандагон дар олимпиадаҳои фаннӣ, курсҳо аз рўи интихоб, иҷрои лоиҳаҳои эҷодии таълимӣ муайян мешаванд ва дар ҷуздон нигоҳ дошта мешаванд.

Натиҷаҳои фаннӣ дар омодагӣ ва фаъолиятнокии дониши хонанда дар азхудкунии мазмуни асосии таҳсилоти миёнаи умумӣ инъикос мешаванд.

Сатҳи асосии азхудкунии фанҳои таълимӣ ҳадди ақали ҳатмии дониши хонандагон, малака ва маҳорати онҳоро дар бар мегирад.

ТАЛАБОТ БА ШАРОИТИ ТАШКИЛИИ ҶАРАЁНИ ТАЪЛИМ

Таъминоти молиявии муассисаи таҳсилоти умумӣ бояд басанда бошад:

— барои дастрасии кафолатноки ройгони таҳсилоти  умумӣ;

— барои ташкили базаи моддӣ-техникии зарурии муассисаи таҳсилоти  умумӣ;

— барои ташкили шароити таъмини бехатарии ҳаёт ва ҳифзи саломатии хонандагон.

  1. МАБЛАҒГУЗОРИИ НАҚШАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Сарбории таълимии ҳатмии Нақшаи таълимии муассисаи таълимӣ дар ҳаҷми умумӣ аз ҷониби давлат тибқи талаботи пешбинишудаи қонунгузории пешбинишуда маблағгузорӣ карда мешавад.

Сарбории қисми иловагии Нақшаи таълимӣ ( курсҳои интихобӣ, курсҳои амалӣ) ва қисми хонанда (машваратҳои фардӣ ва гурўҳӣ) Нақшаи таълимӣ, аз ҷониби муассисаи таълимӣ, дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) маблағгузорӣ карда мешавад.

Ҳангоми ташкили машғулиятҳои таълимӣ аз рўи фанҳои таълимии қисми асосии мазмуни таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ дар ҳолате тақсим мешаванд,  ки агар дар муассисаҳои таълимии шаҳрӣ ғунҷоиши синфҳо 25 ва аз он зиёд, дар муассисаҳои таълимии деҳот 20 ва аз он зиёд бошанд.

Аз рўи фанҳои таълимии қисми асосӣ ба гурўҳҳо бо тартиби зерин тақсим мешаванд:

-забони давлатӣ дар синфҳои 2-11 забони таҳсилашон русӣ, туркманӣ, қирғизӣ ва ўзбекӣ;

-забони русӣ дар синфҳои 2-11 забони таҳсилашон тоҷикӣ, туркманӣ, қирғизӣ ва ўзбекӣ;

-забонҳои хориҷӣ дар синфҳои 3-11;

-технология (таълими меҳнат) дар синфҳои 5-10 (гурўҳҳои бачагон ва духтарон).

технологияи иттилоотӣ дар синфҳои 7-11.

Ташкили меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ, гузаронидани таҷрибаи меҳнатӣ дар ҳаҷми сарбории таълимии қисми хонанда  Нақшаи таълимӣ аз тарафи Шўрои муассиса дар асоси иштироки ихтиёрии хонандагон  ба роҳ монда мешавад.

Ба хотири таҳкими саломатӣ ва рушди қобилиятҳои ҷисмонии хонандагон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ машғулиятҳои сексиониро (варзишӣ) дар шакли корҳои беруназсинфӣ маблағгузорӣ менамояд.

Низоми маблағгузории кормандони муассисаҳои таълимии давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

Барои хонандагоне, ки бо сабаби вазъи саломатӣ дар муҳлати тулонӣ ба муассисаи таълимӣ омода наметавонанд, дар хона ва муассисаҳои табобатӣ таълими ройгон ташкил карда мешавад.

Хонандагони дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ ва нуқсонҳои инкишоф ба гирифтани таҳсилот ва мутобиқшавии иҷтимоӣ таъмин карда мешаванд.

  1. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ барои татбиқи Стандарти мазкур уҳдадор мебошанд.

Субъектҳои раванди таълиму тарбия, аз ҷумла роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омўзгорон, хонандагон ва падару модарон (шахсони онҳоро ивазкунанда) вазифадоранд, ки амалӣ гардидани талаботи Стандарти мазкурро таъмин намоянд.

Падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) дар ҳолати иҷро нагардидани талаботи Стандарти мазкур аз ҷониби муассисаи таълимӣ ҳуқуқ доранд, ки эътирози дахлдори худро тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *