ИФТИТОҲИ АКВАПАРКИ «ОБШОРОН» ДАР ДУШАНБЕ

Душанбе, 19 .06. 2017. Имрӯз ба истиқболи ҷашни 20 — солагии Ваҳдати миллӣ бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишвар маркази нави муҳташами истироҳатии «Обшорон» — калонтарин Аквапарк ё худ парки обӣ дар мамлакат мавриди истифода қарор дода шуд. Сохтмони Аквапарк дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони 20 000 метри мураббаъ моҳи феврали соли 2016 шурӯъ гардида, намунаи муосиру беҳамтои маҷмааи истироҳативу фароғатӣ маҳсуб меёбад.

Маркази мазкур аз маҷмааҳои истироҳатӣ, ҳафт ҳавзи аквапарк ва шиноварию ландшафтӣ бо фаввораҳои дорои тасвирҳои гуногун, 14 адад аттраксионҳои беназири обӣ ҳам барои калонсолон ва ҳам кӯдакон, майдонҳои бозиҳои шавқовар ва дигар таҷҳизоти дилхушӣ дар об иборат буда, бо харҷи 63 миллиону 628 ҳазору 532 сомонӣ бунёд гардидааст. Он дар як вақт ба беш аз 300 нафар мизоҷон хизмат мерасонад.
Сохтмони «Аквапарк»-и Душанберо Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Сохтмони махсус» дар ҳамкорӣ бо ширкати италиявии «Престон ва БарбиерB»(«Preston & Barbieri») дар муҳлати муқарраргардида бо сифати баланд ва дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ ба анҷом расондаанд.
Дар марказ барои истироҳати оилавӣ гӯшаҳои махсуси муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири обӣ созмон дода шудааст. Бояд махсус таъкид намуд, ки қисме аз аттраксионҳои марказ намунаи навтарини таҷҳизотҳои муосири ҷаҳонӣ буда, бори аввал дар Душанбе мавриди истифода қарор дода мешаванд. Маркази истироҳатӣ бо тамоми иншооти ёрирасон, аз ҷумла бинои маъмурӣ, утоқҳои тиббиву табобатӣ, ҳуҷраҳои либосивазкунӣ, ошхона барои хизматрасонӣ ба истироҳаткунандагон бо 30 ҷойи нишаст ва дигар иморату иншооти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад. Оби марказ зери назари мутахассисону табибон қарор дошта, пайваста бо воситаҳои кимиёвӣ поккорӣ мешаванд.
Раиси шаҳр бо иншоот ва шароити мавҷудаи истироҳату фароғат дар аквапарк аз наздик шинос шуда, барои ташкили хизматрасонии сифатан хубу муосир ба мардум ва ба макони воқеии истироҳату фароғати шавҳрвандон табдил додани он ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.
Имрӯз шодию нишоти кӯдакону наврасонро аз ифтитоҳи ин маркази обии бозию дилхушӣ ҳадду канор набуд. Дар воқеъ аквапарк бо тарҳи хеле зебову назаррабо ва бо завқу салиқаи баланд сохтаву таҷҳонизида шудааст.
Чунон ки иттилоъ доданд, дар аквапарк беш аз 100 нафар бо кори мавсимӣ ва маоши баланд таъмин хоҳанд шуд.
Дар ҷараёни боздид аз маркази нави истироҳатӣ Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ таъкид карданд, ки тайи солҳои охир дар пойтахти кишвар иншооти зиёди фарҳангию фароғатӣ бунёд гардида, ба макони асосии сайру истироҳат ва фароғати сокинону меҳмонони пойтахти мамлакат табдил ёфтааст ва дар воқеъ ифтитоҳи ҳамин қабил иншооти истироҳативу фароғатӣ ба симои пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе ҳусни хоса бахшида, барои тарбияи зебоишиносии кӯдакону наврасон, бо варзиш бештар машғул шудани ҷавонон ва истироҳату фароғати калонсолону меҳмонони пойтахт ҳамаҷониба мусоидат менамоянд. Раиси шаҳр изҳори итминон карданд, ки бо бунёди чунин марказҳои фароғативу биноҳои варзишӣ, шумораи ҷавонони варзишгар хеле зиёд шуда, садҳо нафар шаҳрвандон, бахусус ҷавонон бо ҷойҳои нави кори доимӣ таъмин мегарданд ва шароити зиндагии ҳазорҳо нафар сокинони мамлакат беҳтар мешавад.