Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон дар шаҳри Душанбе

Ф А Р М О И Ш И

САРДОРИ САРРАЁСАТИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

№ 73/5                                                                                                                          «12» апрели соли 2017

Дар бораи иҷрои қарори раиси шаҳри Душанбе аз 3 апрели соли 2017, №152    

Ба мақсади иҷрои қарори раиси шаҳри Душанбе аз 3 апрели соли 2017, №152 “Дар бораи тасдиқ намудани Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2017-2018”, мутобиқи банди 3 ва зербанди 10  Низомномаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:

  1. Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2017-2018 ба роҳбарӣ ва иҷро гирифта шавад.
  2. Нақшаи чорабиниҳои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе оид ба рушди иҷтимоии ҷавонон дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2017-2018 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  3. Мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт (М.Носирзода, Л.Одилбекова, М.Каримова, Б.Муҳиддинов) ва директорони муассисаҳои таълимии тобеи Сарраёсат (Р.Сафаров, К.Раҳимӣ, Ш.Норматов) дар доираи Нақшаи чорабиниҳои мазкур тадбирҳо таҳия намуда, иҷроиши онро амалӣ намоянд.

4.Мудирони шуъбаҳои дастгоҳи сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе (Ҷ.Маҳмудова, М.Ҳомидова, Г.Ғаниева, Ҳ.Махмедов) ҳамоҳангсозии татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Сарраёсатро муайян намуда, ҷиҳати  иҷрои он бо зерсохторҳои марбута ҳамкориро ба роҳ монанд.

5.Сармуҳосиби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе (А.Одинаев) вазифадор карда мешавад, ки бо мақсади тадбиқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида ва ҳавасмандгардонии ғолибон тибқи тартиби муқарраргардида маблағгузориро вобаста ба самтҳои афзалиятнок таъмин намояд.

6.Муовини сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе (С.Бобохонова ) татбиқи Барномаи мазкурро аз ҷониби масъулин пайгирӣ намуда, оид ба корҳои баанҷомрасида ҳар семоҳа (ҳафтаи охири семоҳа – рўзи чоршанбе) ахбороти муфассал омода намуда, барои баррасӣ ба ҷаласаи назди сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе  пешниҳод намояд.

7.Назорати иҷрои фармоиши мазкурро ба зиммаи худам мегирам.

Сардор                                                            М.Азимзода

 

“Тасдиқ мекунам” сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

 ___________________ М. Азимзода  “12”апрели соли 2017

Нақшаи чорабиниҳои

Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе оид ба рушди иҷтимоии

ҷавонон дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2017-2018

т/р Номгўи чорабинӣ Мўҳлат Иҷрокунанда Масъул
1. Ба роҳ мондани омўзиши Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2017-2018 ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати амалӣ гардонидани нақшаи чорабиниҳои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе 15.04.2017 Мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт ва директорони муассисаҳои таълимии  пойтахт Ҳомидова М.
2. Андешидани тадбирҳо ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим ва дараҷаи азхудкунии хонандагон, инчунин  ба меъёрҳои  таҳсили муосир расонидани    сифати таҳсилот Мунтазам Мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ Маҳмудова Ҷ.
3. Дар ҳамкорӣ бо Марказҳои саломатӣ    гузаронидани вохўриҳо бо хонандагони синфҳои 9-11 ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ аз қабили воруси норасоии масунияти одам/ бемории пайдошудаи норасоии масуният, нашъамандӣ, сил ва сироятии ҷинсӣ Тибқи нақша Мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ Худоёров Ф.
4. Баргузории дарси намунавии Тарзи ҳаёти солим  ва Маърифти оиладорӣ дар синфҳои 9, 10,11 Моҳи апрели солҳои 2017-2018 Мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ Худоёров Ф.Шуъбаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ
5. Ташкил ва баргузории мусобиқаҳои варзишӣ —   “Шоҳмот”, “Шашка”, “Тенниси рўи миз”, “Волейбол”, “Футбол” (ташкили дастаҳои писарон ва духтарон) Моҳҳои октябр ва майи солҳои 2017-2018 Мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ Худоёров Ф.Раҳимӣ К.
6. Ташкили вохўриҳои наврасон ва ҷавонони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо мақсади тарғиби тарзи  ҳаёти солим байни наврасон ва ҷавонон бо истифода аз усулҳои “Ҳамсол ба ҳамсол” ва “Хатсайри бехатар” Мунтазам Мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ Худоёров Ф.Раҳимӣ К.
7. Ташкили озмунҳои “Ихтироъкори наврас”,  “Наттоқи беҳтарин”, “Эҷодкори ҷавон” (шеър, мақола, ҳикоя, очерк), “Рассоми наврас”, “Китобхони беҳтарин”, “Барномасози беҳтарин” Моҳҳои феврал ва марти солҳои 2017-2018 Мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ Худоёров Ф.Бобохонова С.

Сафаров Р.

Раҳимӣ К.

Норматов Ш.

8. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ бо ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба  ташкили маҳфилҳои омўзиши забонҳои хориҷӣ, ҳунарҳои мардумӣ, кор бо технологияи иттилоотӣ, варзишӣ  ва дигар малакаҳои ҳаётӣ Шурўъ аз соли таҳсили 2017-2018 Мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт, директорони муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ Худоёров Ф.Бобохонова С.

 

9. Ташкили Ҳафтаи технология, инноватсия ва ихтироъкорони наврасу  ҷавонони шаҳри Душанбе Моҳи майи солҳои 2017-2018 Маркази  технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия Худоёров Ф.
10. Ташкили курсҳои омўзишӣ барои омўзгорони ҷавон бо мақсади истифодаи самараноки  кабинетҳои лингафонӣ ва тахтаҳои электронӣ Моҳи октябри солҳои 2017-2018 Маркази  технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия Ҳомидова М.
11. Ташкили омўзиши фанҳои дақиқ бо истифода аз усулҳои навтарин ба монанди  таҳсилоти фосилавӣ  ва таълими интерактивӣ шурўъ аз соли таҳсили 2017-2018 Директорони муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ Бобохонова С.С.Сафаров Р.
12. Ташкили олимпиадаи фосилавӣ аз фанҳои  таълимӣ Моҳи ноябри солҳои 2017-2018 Маркази рушди истеъдодҳо Бобохонова С.С.
13. Баргузории озмуни “Таҷрибаомўзӣ беҳтарин” (донишҷўи аълохон, сокини шаҳри Душанбе, таълимгирандаи МТОК-и тамоюли омўзгорӣ дошта) “Мутахассиси ҷавони беҳтарин” дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ Моҳи декабри солҳои 2017-2018 Мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ Ҳомидова М.,шуъбаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ
14. Ташкили фаъолияти “Патрули сабз”, “Нозирони навраси ҳаракат”, “Дружиначии наврас” Моҳи сентябрисолҳои 2017-2018 Мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ Шуъбаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ
15. Таъсиси фаъолияти равоншиносони ихтисосманд дар муассисаҳои таълимӣ, телефонҳои боварӣ  бо мақсади ҳалли мушкилоти наврасон ва ҷавонон (муошират дар оила, мактаб, ҷомеа, интихоби самтҳои пешбурди зиндагӣ ва мутобиқат бо ҷомеа) Шурўъ аз моҳи сенябри соли 2017 Мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ Худоёров Ф.Т.
16. Бо мақсади сари вақт бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва роҳ надодан ба ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ  дар байни ноболиғон ҷудо намудани утоқи корӣ ба нозирони минтақавӣ ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ То моҳи майи соли 2017 Мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ Худоёров Ф.Т.
17. Ташкил ва баргузории мизҳои мудаввар ва конференсияҳо зери унвони  “Адаб тоҷест аз нури илоҳӣ” Моҳи сентябри соли 2017-2018 Марказҳои кўдакон ва наврасони ноҳияҳои пойтахт ва шаҳри Душанбе Раҳимӣ К.
18. Бо мақсади  дар руҳияи инсонпарастӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ тарбия намудани насли наврас баргузории вохўриҳо бо шахсони обрўманд, сиёсатшиносон, намояндагони илму фарҳанг ва ҳифзи ҳуқуқ Мунтазам Мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ Шуъбаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ
19. Баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва ифротгаро ташкил ва баргузории соатҳои тарбиявӣ (бо ҷалби  падару модарон) бо намоиши фитаҳо вобаста ба ҳаёти ҷавонони гумроҳзада Мунтазам Мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ Шуъбаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ
20. Ташкили озмуни “Ҳуқуқшиноси наврас” ҷиҳати  таъмини маърифатнокии ҳуқуқию иҷтимоии наврасон ва ҷавонон Моҳи ноябри соли 2017-2018 Маркази рушди истеъдодҳо Бобохонова С.С.
21. Ҷалби духтарон ба таҳсил дар зинаи сеюми таҳсилот ва таблиғи идомаи таҳсил дар МТМОК дар байни духтарон Мунтазам Мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ Шуъбаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ
22. Баргузории иншои беҳтарин зери унвони “Ватанамро чӣ гуна дидан мехоҳам”, “Ояндаи Ватан аз нигоҳи ман”,  “Нақши ҷавонон дар рушди кишвар ” Моҳи майи солҳои 2017-2018 Мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ Ғаниева Г.С.
23. Ташкили саёҳат ба корхонаҳои ватанӣ, ширкат ва ташкилотҳо ҷиҳати маърифатнокии иқтисодии хонандагон Мунтазам Мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ Шуъбаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ
24. Тақвият бахшидани ҳамкории муассисаҳои таълимӣ  бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ  ҷиҳати муқовимат  бо ҳуруфотпарастӣ, тундгароӣ,  терроризму  экстремизм дар байни наврасон ва ҷавонон Мунтазам Мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ  Худоёров Ф.Т.
25. Бо ҷалби мутахассисон баргузории озмуни “Лоиҳаи соҳибкори наврас” Маҳи декабри солҳои 2017-2018 Марказҳои кўдакон ва наврасони ноҳияҳои пойтахт ва шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо мутахассисон Шуъбаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ Раҳимӣ К.
26. Баргузории озмунҳои “Навовари беҳтарин”,  “Муҳаққиқӣ беҳтарин”  дар самти адабиёт, рўзноманигорӣ, меъморӣ,  барномасозӣ   ва усулҳои инноватсионии таълиму тадрис Тибқи нақша Мудирони шуъбаҳои Сарраёсат, шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва иловагӣ Бобохонова  С.С.Худоёров  Ф.Т.
27. Ташкили ҳамоиши омўзгорон – муҳаққиқони  ҷавон (омўзгороне, ки дорои унвони илмӣ  ва ё  унвонҷўю аспирант мебошанд) Моҳи май шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва иловагӣ Ҳомидова М.Ф.
28. Баргузории озмунҳои “Роҳбари созмони беҳтарин”, “Ҳуҷраи беҳтарини созмони хонандагон” ва ташкили  ҳамоиши  фаълони созмони талабагӣ  Октябри  солҳои 2017-2018 Марказҳои кўдакон ва наврасони ноҳияҳои пойтахт ва шаҳри Душанбе   Худоёров Ф.Т.
29. Таҳкими  ватандўстии ҷавонон, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ  тавассути баргузории озмунҳои “Мақолаи беҳтарин”, “Мусаввири ҷавон” зери унвони  “Гар бузургу хурд Меҳан, Меҳан аст” Январи соли 2018 Мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ Шуъбаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ
30. Ташкили лагерҳои омўзишӣ-фароғатӣ ва саёҳатӣ  ба мавзеъҳои таърихии кишвар ва иншоотҳои муҳими стратегӣ бо ҷалби хонандагони болаёқату соҳибистеъдод Июл, августи солҳои 2017-2018 Маркази рушди истеъдодҳо Бобохонова С.С.
31. Баргузории чорабиниҳо дар байни наврасону ҷавонон  оид ба ахлоқи ҳамида, муоширати хуб ва фарҳанги  либоспўшӣ Мунтазам Мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ Шуъбаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ
32. Инъикоси васеи татбиқи нақшаи чорабинии мазкур тавассути  ВАО Мунтазам Мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ Аминҷонзода П.
33. Пешниҳоди  маълумотномаи муфассал  оид ба иҷрои  нақшаи чорабинии мазкур Ҳар семоҳа Мудирони шуъбаҳои Сарраёсат, шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони муассисаҳои  таълимии тобеи Сарраёсат Бобохонова С

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *