Туҳфаи арзандаи хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Дар пешорӯйи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзҳои 20-23 ноябри соли 2017 дар Ҷумҳурии Сингапур Олимпиадаи байналмилалӣ дар риштаи илм ва математика (IMSO 2017)баргузор гардид. Дар ин сабқати зеҳнї хонандагони болаёқати зиёда аз 41 кишвари дунё ширкат варзида, шумораи умумии онҳо ба 486 нафар баробар буд.

Бояд зикр кард, ки бо дастгирии бевоситаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Саррасёсати маорифи шаҳри Душанбе хонандагони Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳо”-и пойтахт низ ҷиҳати иштирок дар Олимпиадаи номбурда ба Ҷумҳурии Сингапур сафарбар карда шуданд.Дар рӯзҳои Олимпиадаи байналмилалӣ хонандагони болаёқати шаҳри Душанберо директори Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” Асҳобиддини Шералӣ ва муаллими фанни математикаи ин муассиса Равшан Каримов роҳбаладӣ  намуда, барои  ташкили шароити кории  ширкаткунандагон аз Ҷумҳурии Тоҷикистонмусоидат намуданд.

Пас аз иштирок дар олимпиада аз фанни математика Бурхвалӣ Қурбонов ва Фаридуни Тоҷиддин, ки таҳти роҳбарии омӯзгори ҷавон Равшан Каримов дар маркази мазкур дониши худро сайқал медиҳанд, ғолибиятро дар он озмун ба даст оварда, сазовори медали биринҷӣ гаштанд.

Лозим ба ёдоварист, ки шурӯъ аз соли 2009 бо фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 24-уми ноябр ҳамасола ҳамчун Рӯзи парчами давлатии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад ва дар ин росто, ғолибияти хонандагони Маркази рушди истеъдодҳои пойтахтро дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба илм ва математика, бешубҳа, метавон ҳамчун тӯҳфаи арзанда ба муносибати ин иди бузург арзёбӣ намуд, ки шодиву ҳаяҷони онҳо далели ин гуфтаҳост:

— “Вақте ки дар кишварҳои хориҷа, дар мусобиқаҳои мухталифи фанниву зеҳнӣ иштирок менамоеду парчам намояндагии шуморо таҷассум мекунад, ин шахсро водор месозад, ки тамоми ақлу иродаи худро баҳри ба даст овардани дастовардҳои намоён равона созем, Парчами Тоҷикистон қувваю илҳоми бузургро ба мо ато мекунад, то бо сари баланд қадам занем ва ба қуллаҳои баланди музаффариятҳо расем”,- мегӯяд ғолиби ҷойи сеюми ОлимпиадаБурхвалӣҚурбонов, хонандаи иттиҳодияи таълимии “Математикони ҷавон”-и Маркази рушди истеъдодҳо.

Ширкаткунандаи дигари ин иттиҳодия – Фариддуни Тоҷиддин, ки дар олимпиадаи мазкур фаъолияти назаррас нишон додааст, чунин мегӯяд:  “Ман мефахрам аз он, ки мо дар хориҷи кишвар, дар чунин як олимпиадаи бонуфуз тавонистем, Парчами Тоҷикистонро  партавафшон намоем. Ифтихорамон  бештар аз он аст, ки  тамоми мардуми ҷаҳон ба Парчами мо менигаранд.”

“Бо ифтихор ва шукргузорӣ аз сулҳу суботи пойдор дар кишвар ва бо итминони комил ба ояндаи дурахшони Ватан, ҳамаи мардуми шарифи тоҷикро бо ҷашни Парчами давлатӣ самимона муборакбод намуда, орзу менамоям, ки парчами давлати куҳанбунёду тамаддунофари Тоҷикистон ҳамеша бо кӯшишу талошҳои фарзандони донишманду бофарҳанг ва оқилу донои хеш дар саросари ҷаҳон партавафшонӣ кунад.” – хулоса кард Директори Марказ Асҳобиддини Шералӣ.

Маркази рушди истеъдодҳо муассисаи таълимии таҳсилоти иловагӣ ба ҳисоб рафта, бо мақсади рушди  истеъдод, таъмин намудани хоҳиш ва майлу завқи ба  донишомўзӣ доштаи хонандагон ташкил карда шудааст. Фаъолияти таълими иловагӣ дар Маркази рушди истеъдодҳо мувофиқи майлу хоҳиш, завқу шавқмандии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе тавассути ба роҳ мондани машғулиятҳои иловагӣ ва маҳфилҳои таҳсилоти иловагӣ сурат мегирад.

Вазифаи асосии Марказ фароҳам овардани шароити мусоид баҳри инкишофи зеҳнии кўдакону наврасон, ёрӣ расонидан ба ташаккули қобилияту истеъдод ва шавқу ҳавасмандии онҳо ба донишомўзӣ ва касбомўзӣ мебошад.

Айни замон дар Марказ 11 иттиҳодияҳои таълимии равияҳои табиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятивию гуманитарӣ амал менамоянд, ки дар онҳо 535 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе бо таҳсилоти иловагӣ фаро гирифта шудаанд.

Баҳри таълиму тадриси хонандагони болаёқати Марказ 30 омӯзгори пуртаҷрибаву эҷодкори пойтахт ҷалб карда шудаанд, ки аз ин ҳисоб 2 нафар доктори илм, 5 нафар номзадони илм ва 10 нафар  аълочиёни маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамаашон соҳиби тахассуси олии омӯзгорӣ мебошанд, фаъолият намуда истодаанд.

Ғолибият дар озмуни болозикр дастоварди нахустини Марказ нест. Толибилмони Маркази рушди истеъдодҳо дар олимпиадаву озмунҳои байналмилалии мухталиф мунтазам ширкат намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд. Аз ҷумла, 6 нафар хонандагони муассиса дар Олимпиадаи байналмилалӣ ба номи Омарбек Жолдасбекови шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон аз фанни математика иштирок намуда, соҳиби 2 медали тилло, 2 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ гаштанд. Дар Олимпиадаи байналмилалӣ, ки моҳи июни соли равон дар Донишгоҳи Амитии Ҳиндустон доир гардид, як хонандаи мо низ ширкат кард ва аз он ҷо бо медали тилло ба Ватан баргашт. Дар Маркази рушди истеъдодҳо инчунин хонандагоне таҳсил мекунанд, ки дар якчанд озмун соҳиби ҷойи ифтихорӣ мегарданд. Масалан, як хонандаи муассисаи мо аз иттиҳодияи таълимии физика ҳам дар Озмуни байналмилалии  лоиҳавӣ дар штати Калифорнияи Иёлоти Муттатиҳади Амрико ва ҳам дар Олимпиадаи байналмилалии лоиҳавии Қазоқистон сазовори ҷойи дуюм гардид.