ИШТИРОК ДАР ДАРС ВА ТАҲЛИЛИ ҲАДАФМАНДИ ОН

ИШТИРОК ДАР ДАРС

ВА ТАҲЛИЛИ ҲАДАФМАНДИ ОН

Яке аз намудҳои асосии назорати сифати таълиму тарбияи дохили таълимгоҳӣ – иштирок дар дарс ва таҳлили дурусти он мебошад, ки он бевосита раванди ҳақиқии таълимро муайян месозад. Дарс амалиёти дидактикӣ,фаъолияти педагогии омўзгор дар ҷараёни таълим аст. Аз ин лиҳоз, аз тарафи роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва омўзгорон ба дарс иштирок кардану таҳлили  ҳаматарафаи он раванди ҳақиқии таълимро муайян месозад.

Таҳлилгар бояд дар ошкор сохтани камбудию муваффақиятҳои дарс оид ба ташкили кори мустақилонаи хонандагон, истифодаи аёният, алоқамандии байни фанҳо, истифодаи самараноки вақт, инкишофи фикрию зеҳнии хонандагон, ҷамъбасту хулосабарории  дарс эътибори хоса диҳад. Ба таҳлилкунанда тавсия дода мешавад, ки то оғози дарси навбатӣ ба ҳолати синфхона, кабинети фаннӣ, озмоишгоҳ шинос шавад, мавҷудият, ҳолат ва сифати воситаҳои аёнию маводи дидактикии таълимро мувофиқи меъёрҳои муқарраршуда санҷад.

Ҳангоми иштирок ба дарс санҷишгар бояд пеш аз оғози дарс ба синф ворид шавад. Дар ҷое нишинад, ки ҳамаи ҳаракатҳои омўзгору хонандагон ба вай намоён бошанд.

Дар вақти иштирок намудан таҳлилгар бояд ба китобҳои дарсӣ, ҳолати дафтардорию рўзномадорӣ, вазъи санитарию беҳдоштии синф, давомоти хонандагон, санҷиши омодагии омўзгору хонандагон, усули истифодаи аёният ва дигар таҷҳизоти техникии муосир, ашёи хониш, ҳусни хат, тозанависӣ, мавҷудияти нақшаи дарсӣ ва мувофиқати он  ба нақшаи тақвимӣ диққати ҷиддӣ диҳад.

Мақсади дарс яке аз масъалаҳои бағоят муҳими  назарияи таълиму тарбия ба шумор рафта,омўзгор дар ҷараёни таълим  бо мақсади муайян ба хонандагон дониш омўзонда, неруи зеҳнӣ ва ақлонию ҷаҳонбинии онҳоро ташаккул дода  метавонад. Биноан таҳлилгарро зарур аст ба  ҳадафи асосии дарс, ки аз инҳо иборат аст, таваҷҷуҳ зоҳир намояд. Бубинад, ки оё ин ҳадафҳои асосии дарс  ҳаллу фасли худро ёфтанд ё на:

а)  аз тарафи омўзгор самаранок омўзонидани маводи таълимии нав;

б) ташаккули неруи зеҳнӣ, маҳорат ва малакаи хонандагон;

в) санҷиши  сатҳу сифати дониш ва маҳорату малакаи шогирдон, равонию  саҳеҳии нутқи шифоҳии онҳо;

г)дар шогирдон парваридани хушахлоқӣ, хушмуомилагӣ ва  хушрафторӣ;

ғ)ташаккул додани доираи ҷаҳонбинӣ, меҳанпарварӣ ва ҳуввияти  миллии хонандагон.

Санҷишгар ҳангоми мушоҳида бояд мазмун ва мундариҷаи дарсро ба риштаи таҳлил кашад, ки он дорои  чунин  талабот мебошад:

1) аз нуқтаи назари илмӣ, амалӣ ва методӣ ба хонандагон дастрас гардонидани маводи таълимӣ;

2) мувофиқ будани мавзўи  таълимӣ  бо талаботи  барномаи фаннӣ;

3)  ҷанбаи тарбиявии дарс;

4)  пуроблемагузорӣ дар дарс;

5)  пайдарпайӣ ва системанокӣ  дар дарс;

6)  алоқаи назария  бо амалия дар таълим;

7)  алоқаи мавзўи нав бо мавзўъҳои гузашта;

8) маданияти нутқи омўзгор  ва дараҷаи  таъсирнокии он ба шогирдон;

9)  одоби муоширати омўзгор бо шогирдон;

10) маҳорат ва санъати педагогии омўзгор дар фаҳмонда додани маводи таълимии нав;

11) мустаҳкамӣ, буррогӣ, пуррагӣ, монологӣ ва давомнокии нутқи хонандагон;

12) риояи меъёрҳои  забони  адабӣ аз тарафи омўзгору хонандагон.

Мусаллам аст, ки истифодаи методҳои зеринро мавриди санҷиш  қарор додани  таҳлилгар ба манфиати кор хоҳад буд:

-Интихоби методҳои мувофиқ барои ҳар як қисмати дарс;

-методҳое, ки дар баёни мавзўи нав истифода шуданд;

-методҳое, ки ҳангоми мустаҳкамкунӣ ва кори мустақилона истифода шуданд;

-методҳое, ки дар санҷиш ва баҳогузорӣ ба донишу маҳорати хонандагон истифода шуданд;

-тарзи корбарии омўзгор бо хонандагони  сустхон ва қафомонда;

-роҳҳои  санҷиш ва супориши вазифаи  хонагӣ;

-усулҳои ҳавасмандкунии хонандагон дар дарс;

-рафтор, гуфтор ва муносибат омўзгор дар раванди дарс.

Таҳлилгар мебинад, ки омўзгор дар истифодаи кадом усулҳои таълим мушкилӣ мекашад ё истифода бурда наметавонад, ҳангоми таҳлил баҳри ҳадафмандона истифода бурдани он методу усулҳо ба омўзгор тавсияҳо   медиҳад, ки дорои характери методӣ бошанд.

Ҷамъбаст ва натиҷагирӣ аз дарс яке аз самтҳои асосии кори таҳлилгар мебошад. Ҳангоми мушоҳида вай бубинад, ки оё омўзгор чунин корҳоро ба сомон расонида тавонистааст  ё  не:

  1. Дар рафти дарс диққати аҳли синфро ба худ ҷалб карда тавонист ё не?
  2. Хонандагон ҳангоми дарс фаъол гардонида шуданд ё не?
  3. Аз усулҳои фаъоли таълим истифода бурда шуд ё не?
  4. Шогирдон ба саволҳои китоби дарсӣ ва омўзгор ҷавобҳои саҳеҳу қонеъкунанда гардонида тавонистанд ё не?
  5. Вазифаи хонагӣ дар вақташ ва аз ҷиҳати методӣ дуруст супорида шуд ё не?
  6. Оё дарс ҷанбаи тарбиявӣ пайдо кард ё не?

Шахси мушоҳидачӣ ба ғайр аз таъкидҳои боло боз чунин камбудию норасоиҳои омўзгорро ба риштаи таҳлил кашида, бояд ҳалли онро нишон дода гузарад:

-омўзгор ҳангоми баёни мавзўъ ба ғайр аз китоби дарсӣ боз аз дигар маводи ёрирасон  истифода  бурда тавонист;

-ба хонандагони тайёр набуда саволи бисёр дода, вақти зиёдро сарф кард;

-бе аёният дарс гузашт;

-мавзўи навро бо ҳаёт ва талаботи имрўза алоқаманд карда натавонист;

-вазифаи хонагӣ ва кори мустақилона дар вақташ санҷида нашуд ва ба заҳмати  хонанда баҳои воқеӣ дода нашуд;

-аз методи  интерактив  самаранок истифода бурда натавонист;

Баъди ба ҳар як дарс иштирок кардан таҳлилгар ба омўзгор суҳбат мегузаронад, дарси ўро аз ҷиҳати педагогию психологӣ, методӣ, илмӣ ва тарбиявӣ муфассал таҳлил карда, фикру мулоҳиза ва таклифҳои худро баён намуда, камбудию норасоиҳои ошкоршударо қайд мекунад ва баҳри бартараф намудани онҳо маслиҳатҳои судманд медиҳад. Вай ҳамроҳи омўзгор роҳҳои беҳбудии ҷараёни таълиму тарбияро аз нуқтаи назари талаботи педагогӣ боадабона, холисона, беғаразона ва беэродгирӣ ҳаллу фасл мекунанд.

Бояд зикр намуд, ки Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дастури «Тартиби ба дарсҳои омўзгорон иштирок намудани маъмурияти муассисаи таълимӣ ва дигар субъектҳои раванди таълиму тарбия»-ро  ки он бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.12.2013, №20/28 тасдиқ шудааст, дастраси ҳамагон гардонид. Гумони ғолиб ин аст, ки ҳуҷҷати мазкур дар самти таҳлили самараноки дарс ба маъмурияти  муассисаҳои таълимӣ роҳнамои  хубе  шуда  метавонад.

 

 

 

                                     М.Бурҳонов, Б. Ҳайдаров, Э. Назаров

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *