Иттиҳодияи таълимии забон ва адабиёти тоҷик “Суханоро”

Иттиҳодияҳои таълимии Муассиса ба ду равия ҷудо мешавад: равияи фанҳои дақиқ ва равияи фанҳои гуманитарӣ.
Фанҳои равияи гуманитарӣ дар Муассисаи давлатии “ Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе”

Фанҳои равияи гуманитарӣ омӯзиши машғулиятҳои иловагиро аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони давлатӣ, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, таърих ва ҳуқуқ дар бар мегирад. Дар шуъбаи мазкур омӯзгорони ботаҷриба Саидова Гулсара, Купина Наталья, Маҳмудова Дилбар, Маматов Одил, Раҷабова Наргис, Богоутдинова Фаина барои баланд бардоштани донишу малакаи хонандагон заҳмат мекашанд. Ҳамаи омӯзгорони равияҳо донишу маҳорати баланд дошта, дар таълиму тарбияи хонандагон таҷрибаи назаррас доранд. Онҳо баҳри дарёфт ва рушди истеъдодҳо, таълиму тарбияи насли навраси боистеъдод дар Марказ фаъолият мекунанд.

Иттиҳодияи таълимии забон ва адабиёти тоҷик “Суханоро”

Дар иттиҳодияи таълимии “Суханоро” аз оғози соли таҳсили 2017- 2018 3 гурӯҳ фаъолият мекунад. Дар гурӯҳи 1-ум хонандагони синфҳои 5-7, дар гурӯхи 2-юм синфҳои 8-9, дар гурӯҳи 3-юм хонандагони синфҳои 10 — 11 таҳсил мекунанд. Иттиҳодияи мазкур дар тӯли фаъолияти худ бисёр хонандагонеро, ки дар олимпиадаи ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷойҳои сазоворро ишғол кардаанд, омода намудааст. Соли 2017 дар иттиҳодия моҳи сентябр 28 нафар, моҳи октябр – декабр 54 нафар хонандаи болаёқат таҳсил мекунанд. Аз ин шумора, 13 нафар писарон ва 41 нафар духтарон мебошанд. 6 нафар хонанда аз синфҳои таълимашон бо забони русӣ буда, аз фанни забони давлатӣ дар олимпиада иштирок хоҳанд кард. То ин дам 14 нафар ғолибони олимпиадаи шаҳрӣ дар иттиҳодия таълим мегиранд.