Иттиҳодияи таълимии “Математикони наврас”

Фанҳои   равияи дақиқи Марказ машғулиятҳои  иловагиро аз фанҳои математика, физика, химия, биология ва технологияи иттилоотӣ мегузаронад.  Дар шуъбаи мазкур омӯзгорони ботаҷриба Ниёзов  Сафаралӣ, Каримов  Равшан, Муҳиддинов  Фирӯз, Хоҷамова Муборак,  Абдуллоева  Фазолат,  Ёқубов Зариф, Норов  Зафар,  Камоллидинов Фаридун барои баланд бардоштани донишу малакаи хонандагон заҳмат мекашанд. Ҳамаи омӯзгорони иттиҳодияҳои таълимии шуъба дар таълиму тарбияи хонандагон аз технологияи муосири таълим ва методологияи инноватсионӣ истифода  бурда,таҷрибаи баланди касбӣ нишон медиҳанд. Онҳо дар фаъолияти кории худ дар омода намудани хонандагони болайёқат ба комёбиҳои назаррас ноил гаштаанд.

Дар иттиҳодияи таълимии “Математикони наврас” омӯзгор Ниёзов Сафаралӣ  солҳои зиёде дар баланд бардоштани дониши хонандагон аз фанҳои дақиқ кӯшиш ба харҷ медиҳад. Ҳамасола шогирдонаш дар маҳфилу олимпиадаҳо ва дигар чорабиниҳои маърифатӣ-фарҳангӣ, озмунҳои зеҳнӣ бомувафақият баромад менамоянд. Бо муаллимони фанни математикаи муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе ҳамкории зич дошта, дар баланд шудани дониши касбии онҳо корҳои зиёдеро ба иҷро расонидааст. Барои хонандагон ва муаллимон дастур ва мақолаҳои зиёдеро нашр намудааст. Чунончи, «Супоришҳои олимпиадаи хонандагон аз фанни математика», Душанбе соли 2008, «Амалҳо бо касрҳо», Душанбе, соли 2017, «Корҳои санҷишӣ аз фанни математика». Душанбе соли 2017, «Ифодаҳои функсионалӣ ва муодилаҳо дар олимпиадаҳои хонандагон», Душанбе, соли 2012 ва амсоли он.