Иттиҳодияи таълимии  “Мир олимпиад математики”

Омӯзгор Муҳиддинов Фирӯз аз методу роҳҳои гуногун истифода карда, ба шогирдон дарсҳои шавқовар ва пурмазмун мегузаронад. Ба ақидаи ӯ агар муаллими фанни математика дониши баланди касбӣ дошта бошад, барояш дарёфт намудани усулҳои дурусти кор бо хонандагон ва додани дониш осон мегардад. Омӯзгор нақша дорад, ки таълими фанҳои математика ва технологияи иттилоотиро ҳамгиро намояд. Бо ин мақсад дар ин ҷода бо гурӯҳи хонандагон дарс гузаронида, роҳу усулҳои худро таҷриба мекунад. Дар давоми фаъолияти кориаш дастурҳои бисёри методӣ ва илмиро ба сомон расонидааст. Намунаи онҳо «Асосҳои технологияҳои таълим», Душанбе, соли 2004, «Моделҳои таълимӣ барои омӯзиши забонҳо», Ирфон, соли 2000, «Моделҳои парвариши растаниҳо», Москва, соли 1990 ва ғайра мебошанд.

Омӯзгор Каримов Равшан дониши баланди математикӣ дорад. Аз давраи мактабхонӣ то имрӯз дар олимпиадаҳои  хонандагон ва донишҷуён сазовори ҷойҳои намоён гаштааст. Махсусан иштироки ӯ дар олимпиадаҳои байналмилалӣ дар байни хонандагон ва донишҷуён қобили қайд аст. Шогирдонаш низ дониши баланд доранд ва ҳамасола дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, берун аз кишвар ширкат варзида, ҷойҳои ифтихориро ишғол менамоянд.