Иттиҳодияи таълимии “Химикони болаёқат”

Омӯзгорон Абдуллоева  Фазолат ва Ёқубов Зариф таҷрибаи баланди таълиму тарбияро дар соҳаи химия бевосита дар машғулиятҳои иттиҳодия исбот намудаанд. Махсусан онҳо қисми зиёди дарсҳои худро ба воситаи гузаронидани таҷрибаҳои лабораторӣ пурмазмун ва диққатҷалбкунанда мекунанд. Дар иттиҳодия чунин принсип ба омӯзгорон ва шогирдон роҳнамо аст: “Аввал мушоҳида, сипас ақида ва дар охир таҷриба”. Онҳо маводҳои зиёди тестӣ, санҷишӣ  барои гузаронидани махфилу олимпиадаҳо таҳия намудаанд. Дар иттиҳодия давоми ҳар моҳ санҷишҳои гуногун доир ба азхудкунии дониши хонандагон гузаронида мешаванд. Дар вақти машғулиятҳо супоришҳо ба хонандагон ба таври индивидуалӣ вобаста ба дониш ва фаҳмиши хонандагон супорида мешаванд.

Омӯзгорон  бо барномаҳои  махсус  ва  усулҳои гуногуни муосири таълим ба толибилмон машғулият гузаронида, онҳоро ба  олимпиадаҳои гуногун, аз ҷумла, олимпиадаҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва инчунин байналмилалӣ  омода месозанд.