Баргузории Конференсияи августии муовинони директор оид ба кори инноватсионӣ ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе

Дар таърихи 25-уми августи соли 2017 Конференсияи августӣ дар мавзӯи “Роҳҳои дарёфт ва рушди хонандагони болаёқат” бо иштироки омӯзгорон ва муовинони директор, ки бевосита бо хонандагони  болаёқат кор мебаранд, гузаронида шуд. Дар Конференсияи мазкур ҳамагӣ 64 нафар омӯзгорон иштирок намуданд. Аз тарафи мудири шуъбаи фанҳои гуманитарӣ Салимова Дилбар оид ба мақсад ва вазифаҳои кор бо лаёқатмандон, зарурати дарёфт ва ташаккули  маҳорату малакаи насли наврас дар ҷомеаи муосир  сухан карда шуд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки асоси меъёрӣ ва методологии  кори омӯзгорон, ки бевосита бо ташаккул ва рушди истеъдодҳо пайваст аст, бояд дар заминаи дастуру паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе барои солҳои 2015-2020»  ва қонунгузории соҳаи маориф  амалӣ гардад.

Дар раванди саволу ҷавоб бо иштирокчиёни Конференсия муайян карда шуд, ки барои мутобиқ гардидан ва ҷавобгӯ будан ба рақобати иқтисоди бозаргонӣ, дар давраи инкишофи иттилооти глобалӣ, дар давраи суръатнокӣ ва бархӯриши арзишҳои маънавию фарҳангӣ мафҳуми истеъдод ва қобилитнокӣ яке аз самтҳои аввалия ва феълӣ дар соҳаи таълиму тарбия маҳсуб меёбад. Танҳо дар натиҷаи муҳайё намудани муҳити солиму созанда, фаъолияти дуруст ташкилкардашудаи таълиму тарбиявӣ аз тарафи  волидон, омӯзгорон, мураббиён чӣ дар оила, чӣ дар боғчаву мактаб, чӣ дар муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ метавон қобилиятнокиро рушд намуд. Яъне агар ягон қобилияти махсус сустар тараққӣ кунад, аз ҳисоби меҳнат ва машқи зиёд онро  ташаккул  додан мумкин аст, ба шарте роҳу усулҳои мусоиди педагогӣ-психологӣ мавҷуд бошанд.

Иштирокчиёни Конференсия ба гурӯҳҳо тақсим карда шуданд. Ба ҳар як гурӯҳ супориш пешниҳод гардид. Дар аснои музокирарониҳо иштирокчиёни гурӯҳи 1 ин нуктаро  муаррифӣ намуданд, ки омӯзгор дар раванди дарси замонавӣ, зимни машғулиятҳои синфӣ ва корҳои беруназсинфӣ бевосита ба шахсияти мактаббачаи лаёқатманд такя намуда, дар онҳо вазъияти мусбати интихоб, малакаи музокира намудан, шунидан ва гӯш кардан, тарзи баён намудани нуқтаи назар, эҳтироми фикри дигаронро сайқал медиҳад.

Иштирокчиёни гурӯҳи 2  системаи кор бо кӯдакони қобилиятнокро дар чунин самт пешниҳод намуданд:

  • дарёфти хонандагони болаёқат;
  • инкишофи имконоти эҷодӣ, ақлонии онҳо дар раванди машғулиятҳои иттиҳодияҳои таълимӣ;
  • инкишофи қобилиятҳои онҳо дар фаъолияти беруназдарсӣ (иштирок дар олимпиадаҳои фаннии шаҳрӣ,ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ, фосилавӣ, озмунҳои, корҳои тадқиқотӣ, конференсияи илмӣ-эҷодӣ)

Иштирокчиёни гурӯҳи 3 ба системаи омодагии хонандагон дар олимпиадаҳои фаннӣ  ин қадамҳоро дохил намуданд:

  • Тайёрии базавии хонанда дар мактаб;
  • Тайёрии хонанда, ки дар системаи таҳсилоти иловагӣ гирифта шудааст;
  • Тайёрии мустақилонаи хонанда (хониши адабиёти илмӣ-оммавӣ, ҳалли мустақилонаи супоришҳо, ҷустуҷӯи иттилоот дар шабакаҳои Интернет ва амсоли он);
  • Мақсаднок омода намудани хонанда барои иштирок дар ягон даври мусобиқаҳои фаннӣ (муддати сол).

Иштирокчиёни гурӯҳи 4 чунин усулҳои омода намудани хонандагон ба  ҳаракати олимпиро пешниҳод карданд:

  1. Усули воридшавӣ: кори фардии хонанда ҳангоми ҷустуҷӯи ҳалли масъалаи додашуда.
  2. Усули таҷрибаомӯзӣ аз ҳамдигар: кори дукаса, мубодилаи афкор оид ба мавзӯи пешниҳодшуда, муносибати интиқодӣ нисбат ба супориши иҷрошуда.
  3. 3.Музокираронии гурӯҳӣ, мубодилаи афкор.
  4. 4.Кӯмаки муаллим дар ҳалли мавзӯи проблемавӣ.
  5. 5.Кӯмаки машваратӣ аз ҳамсол ба ҳамсол, ки худ ғолиби олимпиадаҳо ва Конференсияҳои илмӣ-эҷодӣ ҳаст ва таҷрибаи иштирокро дорад.
  6.  6.Машваратҳои омӯзгорон.

Аз тарафи муовини директори Маркази рушди истеъдодҳо Нурматова Нигора пешниҳод гардид, ки   хонандагони болаёқатро ҳавасманд намудан  зарур аст, ки бо роҳҳои:

Муваффақ шудан дар озмунҳо, иҷроиши тестҳо, саволҳои оргиналӣ, олимпиадаҳои фаннӣ, масъалаҳои ғайрианъанавӣ, суҳбатҳои  фардӣ  ба даст меояд.

 Дарёфт ва ташаккули лаёқатмандӣ инчунин тавассути иштироки хонанда  дар фаъолияти Ҷамъияти илмӣ-эҷодии хонандагони Маркази рушди истеъдодо ва муассисаҳои ҳамаи типҳои таълими миёнаи умумӣ босамар аст. Асос бояд шавқмандии шахсӣ ва ҳавасмандӣ ба кори эҷодӣ  маҷбурӣ набошад.