Низомномаи Конференсияи илмӣ- эҷодии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе

  1. Муқарррароти умумӣ

1.1. Конференсияи илмӣ- эҷодии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе (минбаъд Конференсия) мақоми олии Ҷамъияти илмии хонандагони шаҳри Душанбе ба ҳисоб рафта, ҳар сол моҳи  май дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.

1.2.  Мақомоти роҳбарикунанда ва идоракунандаи Конференсия Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе  мебошанд.

1.3.Мақомоти роҳбарикунандаи Конференсия дар ташкилу баргузории Конференсия, метавонад ҷамъиятҳои гуногуни илмӣ,  Академияи хурди илмии назди Академияи илмҳои ҶТ, Форум ва Ҳафтаҳои илм, инноватсия ва ихтироъкорони ҷавонону наврасон ва ҳамчунин шахсони дигари ҳуқуқию  воқеӣ, ки аҳдофи онҳо ба мақсаду мароми Конференсия созгор аст ва  ташкилу баргузории кори Конференсияро дастгирӣ карда метавонанд, шарикони кори Конференсия эълон намояд.

  1. Њадафҳои асосии ташкил ва баргузории Конференсия

2.1.Ташаккул додани малакаҳои ҷустуҷӯӣ-илмии хонандагон, дарёфти истеъдодҳо,   рушди малака, маҳорат,  тафаккур ва ҷаҳонбинии илмию эҷодии онҳо.

2.2. Баланд бардоштани шавқу ҳаваси хонандагон ба омӯзиши фанҳои алоҳида, таҳқиқотҳои илмӣ, лоиҳасозӣ,  эҷодкорӣ, ихтироъкорӣ   ва дигар корҳои илмию амалӣ ва эҷодӣ.

2.3. Шиносоии хонандагон бо кашфиётҳои нави илмҳои табиатшиносӣ,  дақиқ,  ҷомеашиносӣ, гуманитарӣ ва ба ин васила бедор кардани шавқу ҳаваси онҳо ба корҳои илмию эҷодӣ.

  1. Иштирокчиёни Конференсия, ҳуқуқ ва вазифаҳои онҳо

3.1. Њар як хонандаи синфҳои 7-11 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе новобаста аз тобеияти муассиса дар сурате  иштирокчии Конференсия буда метавонад, ки агар:

— аъзои Ҷамъияти илмии муассисаи таълимӣ бошад;

— хонандагоне, бартаридошта ҳисобида мешаванд, ки  патент ё сертификати  ихтироъкорӣ доранд ё ихтирое кардаанд, кори илмию эҷодие чоп намудаанд, дар олимпиада ва мусобиқаҳои шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ, байналмилалии илмӣ, лоиҳавӣ иштирок намуда, дастоварде доранд, дар таҳқиқотҳои илмию эҷодии муассисаҳои илмию эҷодии дигар шариканду  ҳуҷҷати тасдиқкунанда доранд ва кори амалии худро ба Кумитаи тадорукоти Конференсия пешниҳод намудаанд.

3.2. Талабот ба кори таҳқиқотӣ,илмӣ-эҷодии хонанда:

-номи мавзӯъ ба илм ё ихтироот вобастагӣ дошта бошад;

— сабаб ё мақсади  интихоби мавзӯъ ва ё ихтироотро шарҳ диҳад;

— мақсаду вазифаҳои таҳқиқоти худро равшан баён намояд;

— оид ба мавзӯъ ба кадом манбаъҳои  илмӣ бештар муроҷиат шудааст ва якчанд таҳқиқот дар ин самт ба анҷом расидаро мухтасар баён кунад;

— дониш, малака ва маҳорати худро мустақилона дар кори илмӣ нишон диҳад;

— дар доираи мувзӯъ фарзияи илмӣ пешниҳод кунад ва онро  тавассути далелҳо, мисолҳо, қиёсҳо, таҷрибаҳои амалӣ, шарҳу тафсирҳо баён намояд;

— дар маърӯза ҷамъбасти таҳқиқоти илмию эҷодӣ, таҷриба ё лоиҳаеро дар доираи 10-12 саҳифа ҷамъбаст намояд;

—  ба ѓалатҳои грамматикӣ (имлоӣ, китобатӣ) ва услубӣ роҳ надиҳад;

— ҳангоми баромад тавассути воситаҳои техникӣ мавзӯъро мухтасар, вале пурмазмун муаррифӣ кунад;

— дар кор унсурҳои  ороиши дурусти илмро истифода барад (тарзи дуруст истифода бурдани иқтибос ва нишон додани манбаи он,  рӯихати адабиёт мувофиқи талаботи муқарраршуда);

— тахаюли эҷодии худро дар кор инъикос намояд.

— ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои саҳеҳ ва боварибахш гардонад.

3.3. Агар кор ба соҳаи меъморӣ, дизайнерӣ, барномасозӣ, манзарасозӣ, ихтирои асбоби техникӣ, машина бахшида шуда бошад, дар баробари маърӯзаи кӯтоҳ макет, навор, манзара, нақша(тарҳ)-и он, сохти дохилии он, номгӯи таҷҳизот, андоза, ҳаҷм ва ҷобаҷогузории он (аз  рӯи нақша),    арзиши он ва ѓайра ба кор замима шавад;

3.4. Агар кори хонанда шарху маънидоди эҷодиёт (шеър, лавҳа, ҳикоя)-и  худи ӯ бошад, сабаби ба эҷод рӯ овардан, аз таъсири чизе ё касе илҳом бардоштан, маънидоди жанри асаре, ки эҷод кардааст, шарҳи мавзӯъ ва аҳамияти онро баён намояд, агар интишор шуда бошад, намунаи онро ба ҳакамон пешниҳод кунад.

3.5. Агар кори хонанда ба соҳаи журналистика дахл дошта бошад, сабаби интихоби мавзӯъ, жанр, ҳадафи эҷоди кор, интишори он дар ВАУ, сабти радиоӣ ё навори телевизионии он бояд пешниҳод гардад.

3.6. Дар сурати розӣ набудан ба натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамон, иштирокчӣ метавонад бо аризаи асоснок ба Кумитаи тадорукот муроҷиат намояд.

3.7. Корҳое, ки пурра рӯбардори китобҳои дарсӣ, илмӣ, мақолаҳои маҷаллаву рӯзномаҳо ва интишороти «Интернет» мебошанд, қабул карда намешаванд.

  1. Ҳуқуқҳои хонандагон

4.1. Хонанда ҳуқуқ дорад, ки мавзӯи кори худро мустақилона ва ё  аз рӯйхати  мавзӯъҳое, ки роҳбари илмии муассисааш омода намудааст, интихоб намояд.

4.2. Хонанда ҳуқуқ дорад, ки аз рӯйхати зерин дар ду фан иштирок дошта бошад:

— забоншиносӣ ( тоҷикӣ, русӣ, англисӣ);

— адабиётшиносӣ (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ)

— эҷоди бадеӣ- муаррифии эҷодиёти худи хонанда(тоҷикӣ, русӣ, англисӣ)

— ихтироъкорӣ (техникӣ, технологӣ, меъморӣ, моделсозӣ, конструксиясозӣ, дизайнерӣ, манзарасозӣ (ланшафт)

-математика (алгебра, геометрия, нақшакашӣ,)

— технологияи информатсионӣ

— физикаи амалӣ ва астрономия

— химияи амалӣ

-биология (экология) –и амалӣ

— таърих ва археология

-педагогика ва психология.

5.Тартиби баргузории Конференсия

5.1. Даври аввали Конференсия  дар аввали моҳи март  дар муассисаҳои таҳсолоти умумӣ бо иштироки роҳбарону омӯзгорону хонандагони муассисаи таълимӣ, мутахассисони соҳа,   намояндагони Маркази рушди истеъдодҳои ноҳия ва Маркази кӯдакону наврасони ноҳия  мегузарад.

Кумитаи тадорукоти Конференсия (раисаш директори муассиса) хонандагонеро, ки ба ДИПЛОМИ дараҷаи I, ДИПЛОМИ дараҷаи II, ДИПЛОМИ  дараҷаи III  сазовор гаштаанд, ба даври дуюм – ба Конференсияи шаҳрӣ бо  дархост ба шуъбаи маорифи ноҳия ва нусхаи дуюми дархост ба МД “Маркази рушди истеъдодҳо”  пешниҳод менамояд.

5.2. Конференсияи шаҳриро Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе  ҳафтаи дуюми моҳи май, бо иштироки хонандагон-маърӯзакунандагон, роҳбарони Ҷамъиятҳои илмии муассиса (аз ҳар муассисаи таълимӣ 1 роҳбар), аъзои ҳакамон мегузаронад.

5.3. Кумитаи тадорукоти даври шҳрии Конференсия дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин иштирокчиёни Конференсияи шаҳриро эълон мекунад:

— нусхаи протоколи маҷлиси Кумитаи тадорукоти даври аввали Конференсия;

-дархост барои иштирок бо маълумот дар бораи хонанда

( ному насаб, синф, № муассиса, фан, номи мавзӯи илмӣ, ному насаби муаллим ё роҳбари илмӣ, як дона расми 3х4);

— нусхаи чопӣ ва электронии маърӯзаи илмӣ (то 12 саҳифа)

— агар кори эҷодӣ бошад, нусхаи нашршудаи корҳои эҷодӣ дар шакли диск,буклет, китобча,  нақша, навор, ва ғ.);

5.4.Кумитаи тадорукоти Конференсияи даври шаҳрӣ хонандагонеро, ки ба ДИПЛОМИ дараҷаи I, II, III сазовор гаштаанд, ба даври сеюм – ба сессияи Академияи хурди улуми Ҷумҳуриявӣ пешниҳод менамояд.

  1. Кумитаҳои тадорукот ва ҳуқуқу вазифаҳои онҳо

6.1.  Кумитаи тадорукоти Конференсияи шаҳриро Сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар ҳайати зерин тасдиқ мекунад:

— Директори Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе-  раис;

-ҷонишини директори Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе-ҷонишини раис

-Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти ҶИХ дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе — аъзоён

6.2. Шӯрои ҳамоҳангсозӣ

6.2.1.Шӯрои ҳамоҳангсозӣ иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва ихтиёрӣ буда механизми  ҳамкориҳоро бо Ҷамъиятҳои илмии хонандагони ноҳияҳои шаҳр ба танзим медарорад,дар таъмини  фазои иттилоотӣ, дастрасӣ ба маводҳои илмӣ-методӣ, рушди фаъолияти ҶИХ  ва  омода намудани хонандагони боистеъдод барои иштирок дар озмунҳои зеҳнӣ, олимпиадаҳои лоиҳавӣ ва Конференсияҳои илмӣ-эҷодӣ кӯмак мерасонад.

6.2.2. Ҳайати Шӯро характери интихобӣ дошта, метавонад тағйир ёбад

6.2.3. Ба ҳайати шӯро интихоб мегарданд:

-Директорони Марказҳои кӯдакон ва наврасони ш.Душанбе

— Директори Маркази технологияи информатсионӣ

—  Директори  Маркази рушди истеъдодҳои ноҳияи Фирдавсӣ

—  Директори литсейи №1 барои хонандагони болаёқат

—  Директори литсейи №2 барои хонандагони болаёқат

—  Директори гимназияи №1 барои хонандагони болаёқат

—  Директори гимназияи  №2 барои хонандагони болаёқат

—  Директори  литсейи №55

—  Директори гимназияи №74

—  Директори гимназияи №53

—   Котиби илмӣ (намоянда аз Маркази рушди истеъдодҳои ш.Душанбе)

6.2.4. Фаъолияти Шӯроро Директори Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе роҳбарӣ менамояд.

6.2.5. Шӯро на кам аз 4 маротиба дар як сол гузаронида мешавад.

6.2.6.  Қарорҳои Шӯро хусусияти тавсиявӣ дошта бо овоздиҳии аксарияти иштироккунандагони ҷаласа қабул мегарданд.

6.2.7. Фаъолияти худро Шӯрои ҳамоҳангсозӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур ба низом медарорад.

6.2.8.Вазифаҳои Шӯро:

-Мундариҷа, шакл ва методҳои ташкил намудани фаъолияти ҶИХ-ро муайян мекунад.

— Таҷрибаи пешқадами ҶИХ-и муассисаҳои таълимиро таҳлил, ҷамъбаст ва паҳн менамояд.

-Дар ҳалли мушкилоти вобаста ба ташаккули фаъолияти илмӣ-эҷодии хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ мусоидат менамояд.

-Дар музокираи корҳои илмӣ-эҷодии хонандагон  иштирок менамояд ва барои пешбарӣ ба Конференсияи илмӣ-эҷодӣ, сессияи Академияи хурди улум тавсияҳо медиҳад.

-Нақшаи баргузории чорабиниҳо, озмуну мусобиқаҳо ва Конференсияи илмӣ-эҷодиро вобаста ба таҳқиқоти хонандагон таҳия  менамояд.

-Дастуру тавсияҳо ва пешниҳодотро оид ба  самтҳои афзалиятноки ҶИХ таҳия ва пешбарӣ менамояд.

— Тавсияҳои худро барои нашри  маърӯзаҳои беҳтарини хонандагон, ҳавасмандсозии  аъзоёни фаъоли ҶИХ ва роҳбарони илмӣ пешниҳод менамояд.

—  Масъалаҳои ташкилӣ (вақти баргузорӣ, ҷои баргузорӣ, барномаи баргузорӣ, ҳайати доварон), маблаѓгузорӣ ( барои хӯрок, нақлиёт, сайёҳат ба ҷойҳои таърихӣ, нашри маводи иттилоотӣ, таҷҳизоту маводи ороишӣ, музди кори ҳайати доварон, таҷҳизоти конселярӣ, нашри маърӯзаҳои илмии хонандагон, мукофотҳои ҳавасмандгардонии хонандагону омӯзгорон (роҳбарони илмӣ) баргузорӣ ва ҷамъбасти Конференсияи илмӣ-эҷодии шаҳри Душанберо таъмин менамояд.

  1. Ҷамъбаст ва натиҷагирӣ

8.1. Кумитаи тадорукот кори Конференсияро ҷамъбаст намуда, тавсия ва хулосаҳои онро  ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе пешниҳод менамояд.

8.2. Корҳои лоиҳавие, ки арзиши амалӣ доранд, бо Грантҳои ҳавасмандӣ аз ҷониби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Маркази рушди истеъдодҳо сарфароз гардонида мешаванд.

8.3. Беҳтарин маърӯзаҳои илмие, ки сазовори ДИПЛОМИ дараҷаи I гардидаанд, нашр ва дастраси муассисаҳои таълимию илмӣ мегарданд.

8.4. Хонандагоне, ки тавассути маърӯза, гузоришҳои илмию эҷодӣ, корҳои амалӣ қобилияти махсус нишон додаанд, ба узвияти Ҷамъияти илмии хонандагони шаҳри Душанбе қабул шуда, барои такмили дониш ва маҳорату малакаи онҳо гурӯҳи алоҳида таъсис дода, фаъолияти минбаъдаи онҳо ба устодони соҳибтахассус вобаста карда мешавад, то ки таҳқиқот  такмил ёфта,  дар интихоби тахассуси онҳо ёрӣ расонад.

8.5.Хонандагони сазовори ДИПЛОМИ дараҷаи I, ДИПЛОМИ дараҷаи II, ДИПЛОМИ   дараҷаи III   гардида ба истироҳатгоҳи фароғатӣ- омӯзишӣ роҳхат мегиранд;

8.6. Омӯзгороне, ки дар тайёр кардани шогирдон саҳм доранд, дар асоси тавсияи Конференсия ба мукофотҳои соҳавӣ (Ифтихорномаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе), тахассуси дараҷаи олӣ, роҳхат ба осоишгоҳҳои кишвар, мукофотҳои  Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва мукофотҳои таъсисдодаи муассисаҳои иштирокчии Конференсия ва соҳибкорони алоҳида сарфароз гардонида мешаванд.