Ҷамъияти илмӣ-эҷодии хонандагон чист?

Ҷамъияти илмӣ-эҷодии хонандагон чист?

Ҷамъияти илмӣ-эҷодии  хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ – ин иттиҳодияи ихтиёрии хонандагони синфҳои 7-11-уми муассисаи таълимӣ мебошад, ки бо мақсади  фаъолгардонии ташвиқоти азхудкунии донишҳои иловагии хонандагон, омӯзондани кор бо адабиёти илмӣ ва адабиёти иловагӣ, малакаи истифода бурдани феҳристи асарҳои илмӣ дар китобхона ва кор бо китобхонаи электронӣ, шинос намудани хонандагон бо методу усулҳои кори таҷрибавию тадқиқотӣ, омода намудани хонандагон барои иштирок дар олимпиадаҳои фаннӣ ва конференсияҳои илмӣ-амалӣ фаъолият менамояд.

Роҳбарии умумии фаъолияти Ҷамъияти илмӣ-эҷодиро дар муассиса ҷонишини директор оид ба корҳои инноватсионӣ ба уҳда мегирад ва ҳамоҳангӣ менамояд.

 Мақсади  ҷамъияти илмӣ

Дарёфт, тарбия ва дастгирии хонандагони лаёқатманде, ки нисбат ба донишомӯзиву фаъолияти тадқиқотӣ шавқмандӣ зоҳир менамоянд.

             Вазифаҳо

  • Мусоидат ба касбинтихобкунӣ дар соҳаҳои илму техника, фаъолияти эҷодӣ-ихтироъкорӣ ва ҷустуҷӯӣ-тадқиқотӣ.
  • Ташаккул додани ҷаҳонбинии илмии хонандагон ва тарбияи мавқеи фаъоли ҳаётии онҳо.
  • Фароҳам овардани шароит барои фаъолияти илмӣ-таълимии хонандагон.
  • Ҷалби мутахассисони баландихтисос, олимону муҳаққиқон барои кор бо хонандагон.
  • Ба хонандагон омӯзонидани технологияи муосири информатсионӣ, воситаҳои коммуникатсионӣ ва ташаккули малакаи корбарӣ бо китобхонаи электронӣ ва сайтҳои маърифатии Интернет.
  • Омӯзонидани малакаҳои кори илмӣ-тадқиқотӣ, кор бо феҳристи китобхона
  • Шиносоӣ бо муҳимтарин  проблемаҳои илмиву  техникӣ, дастовардаҳои олимони ватаниву хориҷӣ.
  • Навиштани мақолаву маърӯзаҳои илмӣ.
  • Омода намудани аъзоёни ҷамъияти илмӣ-эҷодии хонандагон барои иштирок дар конференсияҳо, Форум ва озмунҳои мухталифи муҳақиқон ва эҷодкорони ҷавон