Шӯрои ҳамоҳангсозӣ

Аз моҳи марти соли 2018 дар Муассисаи давлатии Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Шӯрои ҳамоҳангсозии гурӯҳҳои Ҷамъияти илмӣ-эҷодии хонандагони муассисаҳои таълимии  шаҳри Душанбе амал мекунад. Шӯро иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва ихтиёрӣ буда, механизми  ҳамкориҳоро бо Ҷамъиятҳои илмии хонандагони ноҳияҳои шаҳр ба танзим медарорад, дар таъмини  фазои иттилоотӣ, дастрасӣ ба маводҳои илмӣ-методӣ, рушди фаъолияти ҶИХ  ва  омода намудани хонандагони боистеъдод барои иштирок дар озмунҳои зеҳнӣ, олимпиадаҳои лоиҳавӣ ва Конференсияҳои илмӣ-эҷодӣ кӯмак мерасонад.
Ҳайати Шӯро характери интихобӣ дошта, метавонад тағйир ёбад.
Сохтори Шӯро:
Шӯро иборат аст аз 15 нафар

Намояндагон ба ҳайати Шӯрои ҳамоҳангсозӣ

  1. Директори Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати шаҳри Душанбе”
  2. Муовини Сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе
  3. Муовини директори Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати шаҳри Душанбе”
  4. Директори Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе
  5. Директори литсейи №1 барои хонандагони болаёқат
  6. Директори литсейи №2 барои хонандагони болаёқат
  7. Директори гимназияи №1 барои хонандагони болаёқат
  8. Директори гимназияи №2 барои хонандагони болаёқат
  9. Директори литсейи №55
  10. Директори гимназияи №74
  11. Директори Маркази рушди истеъдодҳои ноҳияи Фирдавсӣ
  12. Роҳбари Ҷамъияти илмӣ-эҷодии хонандагони гимназияи №2
  13. Муовини директор оид ба илм ва инноватсияи гимназияи №53
  14. Муовини директор оид ба илм ва инноватсияи  литсейи  №2

Мушовири кул

Шӯро на кам аз 4 маротиба дар як сол гузаронида мешавад.Қарорҳои Шӯро хусусияти тавсиявӣ дошта бо овоздиҳии аксарияти иштироккунандагони ҷаласа қабул мегарданд.

То ин дам Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар масъалаи ба танзим даровардани мундариҷа, шакл ва роҳҳои ташкил намудани фаъолияти ҶИХ дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе  кумаку маслиҳатҳои методӣ расонидааст.Таҷрибаи пешқадами ҶИХ-и  гимназияи №53, листейи №2 барои хонандагони болаёқати  шаҳри Душанберо таҳлил, ҷамъбаст ва паҳн намудааст. Дар ҳалли мушкилоти вобаста ба ташаккули фаъолияти илмӣ-эҷодии хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ мусоидат менамояд.Дар музокираи корҳои илмӣ-эҷодии хонандагон  иштирок менамояд ва барои пешбарӣ ба Конференсияи илмӣ-эҷодӣ, сессияи Академияи хурди улум тавсияҳо медиҳад.Нақшаи баргузории чорабиниҳо, озмуну мусобиқаҳо ва Конференсияи илмӣ-эҷодиро вобаста ба таҳқиқоти хонандагон таҳия  менамояд.Дастуру тавсияҳо ва пешниҳодотро оид ба  самтҳои афзалиятноки ҶИХ таҳия ва пешбарӣ менамояд. Ҳоло Шӯро тавсияҳои худро барои нашри  маърӯзаҳои беҳтарини хонандагон, ҳавасмандсозии  аъзоёни фаъоли ҶИХ ва роҳбарони илмӣ омода менамояд.