Муассир намудани фаъолияти гурӯҳҳои ҷамъияти илмӣ-эҷодии хонандагон

Рӯзи 17-уми феврали соли 2018 бо  мақсади  иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе таҳти № 451-10 аз 25.09.2014 “Дар бораи  Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе барои солҳои 2015-2020”  ва беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти Ҷамъияти илмии хонандагон дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе вохӯрии корӣ дар Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳо” гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ намояндагони Сарраёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳри Душанбе, як қатор директорони муассисаҳои таълимӣ ва 32 нафар роҳбарони Ҷамъияти илмии хонандагони муассисаҳои таълимии  шаҳр иштирок намуданд. Дар вохӯрии мазкур директори  Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе ” Асҳобиддини Шералӣ оид ба зарурати ҷоннок намудани фаъолияти ҶИХ дар муассисаҳои таълимиро қайд намуд.Бо ташаббуси Марказ ва дастгирии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар муассисаҳои таълимии №№ 8, 12, 34, 44,52 гим.№53,гим.№9, лист.№1 (ноҳияи Исмоили Сомонӣ), №№ 15, 36, 39, 71, литсейи № 55, гимназияи №2 (ноҳияи Шоҳмансур),  №№37, 33, 94, 69, гим.№1, лит.№2, лит.Президентӣ, гим.Кафолат (нохияи Сино), №№ 51, 42, 5, 77, 28, 24, гим.№74, гим.Ҳиммат, гим. Душанбе (ноҳияи Фирдавсӣ)   Ҷамъиятҳои  илмии хонандагон расман таъсис гардиданд. Иштирокчиёни вохӯрӣ тавассути кор дар гурӯҳҳо оид ба мушкилот ва роҳҳои беҳтар намудани фаъолияти Ҷамъияти илмӣ-эҷодии хонандагон таклифу пешниҳодот ва тавсияҳои худро пешбарӣ намуданд.

Рӯзи 25 майи соли 2018  Шӯрои  методии Муассисаи давлатии Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе барои зиёда аз 50 директорони ҷавон ва муовинони директор оид ба илм ва инноватсияи муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Муассир намудани фаъолияти гурўҳҳои ҷамъияти илмӣ-эҷодии хонандагон дар  муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе» дар бинои Муассисаи давлатии «Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе семинар гузаронид. Шамсулло  Исломов, номзади илмҳои педагогӣ  ва  омӯзгори ботаҷриба, аълочии маорифи ҶТ Тӯрақул Ҷумъаев оид ба мазмун, муҳтаво ва зарурати таъсис додани гурӯҳҳои ҷамъияти илмии хонандагон ва мавқеи он дар ташаккули истеъдоду малакаи хонандагон  маълумот доданд. Сардори Раёсати санҷиши давлатии ихтироот ва намунаҳои саноатии Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Назаров Баҳодур  дар мавзӯи «Кашфиёт — пешниҳоди ратсионализаторӣ — ихтироъ — инноватсия»  маърӯза намуда, оид ба фарқият ва ҳамгироии онҳо , оид ба моликияти зеҳнӣ, ҳуқуқҳои амволӣ ва (ё) ғайриамволии шахсӣ нисбат ба натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ, воситаҳои фардикунонии иштирокчиёни аҳдҳои гражданӣ, фардикунонии маҳсулот, корҳо ё хизматрасонии иҷрошаванда (воситаҳои фардикунонӣ) ва ҳамчунин объектҳои дигари ба онҳо баробаркардашуда, оид ба  объектҳои ихтироъ , тарз — раванди иҷрои амал бо объектҳои моддӣ бо ёрии воситаҳои моддӣ, меъёрҳои патентпазирии ихтироъ  иттилооти  муфассал дод.

Семинари мазкур, ки ба мавзӯи “Муассир намудани фаъолияти гурӯҳҳои Ҷамъияти илмӣ-эҷодии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе” бахшида  шуда буд, маҳз ба  самти босамари кор бо  хонандагони болаёқат нигаронида шудааст. Дар семинар қайд гардид, ки фаъолияти гурӯҳҳои Ҷамъияти илмӣ-эҷодии хонандагон барои  ташаккули минбаъдаи нерӯи зеҳнӣ кумаки назаррас расонида метавонад.