Дастур ба роҳбари гурӯҳи Ҷамъияти илмӣ-эҷодии хонандагон

Дастур ба роҳбари гурӯҳи Ҷамъияти илмӣ-эҷодии хонандагон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соњаи маориф, илму фарҳанг ва ба хонандагони эљодкору навовар таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, соҳаи маорифро соҳаи афзалиятноки ҷомеа арзёбӣ менамоянд. Хусусан дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳушдор намудаанд, ки  дар замони мушкилоти глобалӣ  хатари тамоюли ҷаҳонишавии фарҳанг вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, зарурати тарбия ва ташаккули наслҳое, ки дорои ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ, донандаи таъриху фарҳанги гузаштаву муосири халқи тоҷик ҳастанд, бояд аз вазифаҳои муҳими  муассисаҳои таълимӣ маҳсуб ёбад.

Тарбияи ашхоси ҷавону болаёқат ва дорандаи мафкураи баланди таҳлиливу интиқодӣ дар раванди машғулиятҳои синфӣ ва беруназсинфӣ бо истифодаи шаклу усулҳои мухталифи  таълиму тарбия ба даст меояд. Маҳз таъсис додани Ҷамъиятҳои илмии хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ  шароит ва имкониятҳоеро  муҳайё  месозад, ки бевосита ба ҷалб намудани хонандагони болаёқату эҷодкор, соҳиби қобилияти таҳқиқ  намудану ҷустуҷӯ кардан ва дарёфт намудани ҳақиқат баҳри ҳифзи манфиатҳои ватанӣ равона шудааст.

Талаботи умумӣ ба кори таҳқиқотии хонанда

— мавзўъ ба илм  вобастагї дошта бошад;

— сабаб ё мақсади  интихоби мавзўъ  шарҳ гардад;

— мақсаду вазифаҳои таҳқиқот равшан баён гардад;

-оид ба мавзўъ ба кадом манбаъҳои  илмӣ бештар муроҷиат шудааст ва якчанд таҳқиқоти дар ин самт ба анҷом расида мухтасар баён гардад;

— дониш, малака ва маҳорати хуи хонанда мустақилона дар кори илмӣ нишон дода шавад;

— дар доираи мавзўъ  фаразияи илмӣ пешниҳод гардад ва   тавассути далелҳо, мисолҳо, қиёсҳо, таљрибањои амалӣ, шарҳу тафсирҳо баён гардад;

— дар маърўза ҷамъбасти таҳқиқоти илмию эҷодӣ, таҷриба ё лоиҳа дар доираи 10-12 саҳифа оварда шавад;

—  ба ғалатҳои грамматикӣ (имлоӣ, китобатӣ) ва услубӣ роҳ дода нашавад;

— ҳангоми баромад тавассути  воситањои техникї мавзўъ мухтасар, вале пурмазмун муаррифӣ гардад;

-дар кор унсурҳои  ороиши дурусти кори илмиро истифода барад (тарзи дуруст истифода бурдани иқтибос ва нишон додани манбаи он,   рўйхати адабиёт мувофиқи талаботи муқарраршуда);

— тахаюли эҷодии худро дар кор инъикос намояд.

— ба саволҳои ҳакамон ҷавобҳои саҳеҳ ва боварибахш гардонад;

Талабот ба корҳои эҷодии хонанда

  1. Агар кор ба соҳаи меъморӣ, дизайнерӣ, барномасозӣ, манзарасозӣ, ихтирои асбоби техникӣ, машина бахшида шуда бошад, дар баробари маърӯзаи  кӯтоҳ макет, навор, манзара, нақша(тарҳ)-и он, сохти дохилӣ, номгўи таҷҳизот, андоза, ҳаҷм ва ҷобаҷогузории кор (аз  рўи нақша),  арзиши он ва ғайра ба кор замима мегардад.
  2. Агар кори хонанда шарҳу маънидоди эҷодиёти (шеър, лавҳа, ҳикоя) худи ў бошад, сабаби ба эҷод рў овардан, аз таъсири чизе ё касе илҳом бардоштан, маънидоди жанри асаре, ки эҷод кардааст, шарҳи мавзӯъ ва аҳамияти он баён гардад, агар интишор шуда бошад, намунаи онро ба ҳакамон пешниҳод кунад.
  3. Агар кори хонанда ба соҳаи журналистика дахл дошта бошад, сабаби интихоби мавзўъ, жанр, ҳадафи эҷоди кор, интишори он дар ВАУ, сабти радиої ё навори телевизионии он бояд пешнињод гардад.
  4. Корҳои рефератӣ , нусхабардорӣ аз интернет, плагиат қабул намегардад.

 

Аъзои Ҷамъияти илмии хонандагони муассисаи таълимӣ њуќуќ дорад, ки аз рўйхати зерин дар ду фан фаъолият барад ва дар Конференсияи илмӣҷодии хонандагони шаҳри Душанбе иштирок дошта бошад:

 

— забоншиносӣ ( тоҷикӣ, русӣ, англисӣ);

— адабиётшиносӣ (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ)

— эљоди бадеӣ- муаррифии эљодиёти худи хонанда(тоҷикӣ, русӣ, англисӣ)

— ихтироъкорӣ (техникӣ, технологӣ, меъморӣ, моделсозӣ, конструксиясозӣ, дизайнерӣ, манзарасозӣ (ланшафт)

-математика (алгебра, геометрия, нақшакашї,)

— технологияи информатсионӣ

— физикаи амалӣ ва астрономия

— химияи амалӣ

-биологияи (экологияи) амалӣ

— таърих ва археология

-журналистика

-педагогика ва психология.

Баргузории Конференсия

  • 1.Даври аввали Конференсия  дар аввали моҳи март  дар муассисаҳои таҳсолоти умумӣ бо иштироки роҳбарону омӯзгорону хонандагони муассисаи таълимӣ, мутахассисони соҳа,   намояндагони  шуъбаи маорифи ноҳия  мегузарад.
  • Кумитаи тадорукоти Конференсия     (раисаш директори муассиса) хонандагонеро, ки ба ДИПЛОМИ дараҷаи I, ДИПЛОМИ дараҷаи II, ДИПЛОМИ   дараҷаи III  сазовор гаштаанд, ба даври дуюм – ба Конференсияи шаҳрӣ бо  дархост ба шуъбаи маорифи ноҳия пешниҳод менамояд. Нусхаи дуюми дархост бо ҳуҷҷатҳои зерин:
  • -маълумот дар бораи хонанда ( фамилия ва ному насаб, синф, № муассиса, фан, номи мавзӯи илмӣ, ному насаби муаллим ё роҳбари илмӣ, як дона расми 3х4-и маърӯзакунанда;
  •  — нусхаи чопӣ ва электронии маърӯзаи илмӣ (то 12 саҳифа)
  •  — агар кори эҷодӣ бошад, нусхаи нашршудаи корҳои эҷодӣ дар шакли диск,буклет, китобча, нақша, навор, ва ғ. ба унвони директори Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” то 25-уми апрели соли 2018 пешниҳод мегардад. Конференсияи шаҳриро Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шањри Душанбе” ҳафтаи дуюми моњи май мегузаронад. Ба Конференсия  ғолибони даври аввал бо роҳбари умумии Ҷамъияти илмии муассиса ҳозир мешаванд.
  •     4.Кумитаи тадорукоти Конференсияи даври шаҳрӣ хонандагонеро, ки ба ДИПЛОМИ дараљаи I сазовор гаштаанд, ба даври сеюм – ба сессияи Академияи хурди улуми Ҷумҳуриявӣ пешнињод менамояд.

Ҳавасманд ва сарфарозгардонии ғолибони даври шаҳрии

Конференсияи илмӣҷодии хонандагон

  1. Беҳтарин маърўзањои илмие, ки сазовори ДИПЛОМ гардидаанд, нашр ва дастраси муассисањои таълимӣ мегарданд.
  2. Хонандагоне, ки тавассути маърӯза, гузоришҳои илмию эҷодӣ, корҳои амалӣ қобилияти махсус нишон додаанд, ба узвияти Ҷамъияти илмии хонандагони шаҳри Душанбе қабул шуда, барои такмили дониш ва маҳорату малакаи онҳо гурӯҳи алоҳида таъсис дода, фаъолияти минбаъдаи онҳо ба устодони соҳибтахассус вобаста карда мешавад, то ки таҳқиқот такмил ёфта, дар интихоби тахассуси онњо ёрї расонад.
  3. Хонандагони сазовори ДИПЛОМИ дараљаи I, ДИПЛОМИ дараљаи II, ДИПЛОМИ   дараљаи III   гардида ба истироҳатгоҳи фароғатӣ- омўзишї барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе роњхат мегиранд.

Нақшаи солонаи

Фаъолияти Ҷамъияти илмии хонандагони муассиса

чиро дар бар гирифта метавонад?

Роҳбари умумии Ҷамъияти илмӣҷодӣ вобаста ба имконоти муассиса шахсони мутасаддӣ ва муҳлати иҷро гардидани бандҳои нақшаро муайян мекунад.

  1. Гузаронидани маҷлиси умумии ҶИХ (тасдиқи нақшаи корӣ, маҳфилҳои илмии навтаъсис дар ҶИХ)
  2. Гузаронидани суҳбатҳо, мушоҳидаҳо,  озмунҳои хурди дохилимактабӣ оид ба “Маърӯзаи беҳтарин”, “Ихтирои беҳтарин” ва ғ. бо мақсади дарёфти хонандагони эҷодкор ва муҳаққиқони ҷавон
  3. Ташкилу баргузор намудани лексияњо,семинарњо, конференсияњои илмї-амалї дар байни хонандагон ва омӯзгорон-роҳбарони илмӣ;
  4. Кор бо хонандагон дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллӣ, дар Муассисаи давлатии китобхонаи кӯдакон ва наврасон  ба номи Мирсаид Миршакар
  5. Такмили маҳорати хонандагон дар кор бо китобхонаи электронӣ ва дар фаъолияти таҳқиқотӣ мақсаднок истифода бурдани сайтҳои иттилоотӣ-маърифатии Интернет
  6. Даъват намудани олимон ва мутахассисон барои хондани лексия, маърўзањо ва баромадњои илмї дар ҷаласаҳои ҶИХ;
  7. Ташкилу гузаронидани мусобиќањо дар доираи фаъолияти ЉИХ;
  8. Таҳия ва баровардани рӯзномаи мактабии ҶИХ дар ду моҳ як маротиба
  9. Омода намудани гурўњњо барои иштирок дар чорабинињои мухталифи маърифатӣ, ки аз ҷониби Шӯрои ҶИХ тавсия мегарданд.
  10. Тайёр кардан ва гузаронидани «Њафтаи илмомўзї» дар муассиса ва амсоли он.
  11. Иштирок дар Олимпиадаҳои фаннии шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ
  12. Таъмини иштироки хонандагон дар Конференсияи илмӣ-эҷодии хонандагони шаҳри Душанбе
  13. Таъмини иштироки хонандагон дар сессияи Академияи хурди улум

Сохтори Ҷамъияти илмии хонандагон

дар муассисаи таълимӣ (ҶИХ)

Маҷлиси умумии ҶИХ

Роҳбари умумии ҶИХ дар муассиса

Бахш ( сексияи) Математикони ҷавон

Бахш ( сексияи) Ҳуқуқшиносони ҷавон

Бахши (сексияи) Физикони ҷавон

ва дигар бахшҳо вобаста ба шавқу рағбати хонанда ва омӯзгори фаннӣ

Эзоҳ:

Роҳбари ҳар як бахш бояд ҷадвали баргузории машғулиятҳо, рӯйхати аъзоёни маҳфил, номгӯйи мавзӯи илмии хонандаро дошта бошад.

Дар дафтари махсус бояд дараҷаи омодагии хонанда ба фаъолияти илмӣ доиман қайд гардад.

Ба ҳуҷҷатгузории роҳбари ҶИХ чиро

ворид кардан мумкин аст?

  1. Ҷузвдони нақшаҳои корӣ: нақшаи солонаи фаъолияти ҶИХ, нақшаҳои кори роҳбарони бахшҳо, Низмономаи ҶИХ-и шаҳри Душанбе, Ойинномаи ҶИХ-и муассиса
  2.  Ҷузвдони рӯйхати аъзоёни Ҷамъияти илмӣ  (аз рӯи бахшҳо ному насаби хонанда, синф,  номи мавзӯи илмӣ, ному насаби роҳбари илмӣ , муҳлати оғози кори илмӣ-таҳқиқотии хонанда қайд мегардад)
  3. Ҷузвдони дастовардҳои хонандагон (нусхаи ифтихорнома, диплом, сертификат ва амсоли он), ки аз Конференсияҳои илмӣ ва Академияи хурди ҷумҳуриявӣ ба даст овардаанд.
  4. Ҷузвдони ҳисобот (ҳисоботи нимсола, солона, ҳисоботҳои роҳбарони бахшҳо оид ба фаъолияти хонандагон дар самти кори таҳқиқотӣ-эҷодӣ, намунаи корҳои илмии хонандагон )
  5. Гӯшаи ифтихорӣ: Сурату наворҳо оид ба фаъолияти хонандагон дар маҳфилҳои илмӣ,хонишҳои илмӣ, дар Конференсияи илмӣ-эҷодии мактаббачагони шаҳри Душанбе, сессияҳои илмии Академияи хурди улум , Олимпиадаҳои лоиҳав

Основные требования к защите научного доклада

На конференцию  научная работа должна быть представлена в форме 10-минутного доклада.

Кроме доклада, членам жюри представляется сама научная работа, оформленная согласно требованиям, предъявляемых научной работе учащихся , а так же наглядный материал.

Продолжительность выступления обычно не превышает 10 минут. Поэтому при подготовке доклада из текста работы отбирается самое главное.

В докладе должно быть кратко отражено основное содержание всех глав и разделов исследовательской работы.

Советы ученику:

Необходимо  выучить  значение всех терминов, которые употребляются в докладе.

Не бойтесь аудитории — ваши слушатели дружески настроены.

Выступайте в полной готовности — владейте темой настолько хорошо, насколько это возможно.

Сохраняйте уверенный вид — это действует на аудиторию и преподавателей.

Делайте паузы так часто, как считаете нужным.

Не торопитесь и не растягивайте слова. Скорость вашей речи должна быть примерно 120 слов в минуту.

Подумайте, какие вопросы вам могут задать слушатели, и заранее сформулируйте ответы.

Если вам нужно время, чтобы собраться с мыслями, то, наличие заранее подготовленных карт, схем, диаграммы, фотографии и т.д  поможет вам выиграть драгоценное время для формулировки ответа, а иногда и даст готовый ответ.

При соблюдении этих правил у вас должен получиться интересный доклад, который, несомненно, будет высоко оценен преподавателем.