НИЗОМНОМАИ ШУЪБАИ ИННОВАТСИЯ ВА ҲАРАКАТИ ОЛИМПӢ

 

МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ

«МАРКАЗИ РУШДИ ИСТЕЪДОДҲОИ

НАЗДИ САРРАЁСАТИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ»

Н И З О М Н О М А И

ШУЪБАИ   ИННОВАТСИЯ  ВА ҲАРАКАТИ ОЛИМПӢ

  1. Муқаррароти умумӣ

1.1.   Низомномаи шуъбаи инноватсияи ва ҳаракати олимпӣ (минбаъд Низомнома) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»,  Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи Муассисаи давлатии «Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» (минбаъд Марказ),   нақша — чорабиниҳои Марказ ҷиҳати иҷрои Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, нақша-чорабиниҳои Марказ ҷиҳати иҷрои Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, фаъолияти Шуъбаи инноватсияи Марказро (минбаъд Шуъба) ба низом медарорад.

1.2.   Шуъба сохтори таркибии Марказ буда, дар доираи ҷадвали муқаррарии воҳидҳои кории тасдиқгардида, бо фармоиши директори Марказ таъсис ва барҳам дода мешавад.

1.3.   Низомномаи Шуъба бо қарори Шӯрои омӯзгории Марказ қабул гардида, бо фармоиши директори  Марказ тасдиқ  карда мешавад.

 

  1. Мақсад ва вазифаҳои Шуъба

 

  • Шуъба бо мақсади ба низом даровардан ва ба роҳбарӣ гирифтани ҳаракати олимпии Марказ, ҷалби хонандагон ба фаъолияти эҷодӣ, навоварӣ, ихтироъкорӣ, иштироки хонандагон дар озмун ва мусобиқаҳои зеҳнӣ, равандҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқот дар сатҳи кишвар ва  байналмилалӣ  таъсис дода мешавад.
  • Шуъба вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:
  • омӯзиш, таҳлил ва дар амал татбиқ намудани таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ дар самти кори инноватсионӣ, ҳаракати олимпӣ, дарёфт ва рушди хонандагони болаёқат ва ҷалби онҳо барои иштирок дар олимпиадаҳои гуногуни фаннӣ;
  • таҳияи нақшаи дурнамо, ташкил ва аз нав намудани  заираҳои олимпӣ аз ҳисоби  хонандагони  болаёқати муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе;
  • ташкил намудани бонки саволу супоришот ва тестҳо бо дарназардошти талаботи олимпиадаву озмунҳои байналмилалӣ ва дохилӣ;
  • ҷалб намудани шумораи зиёди хонандагони навҷӯву навовар ба озмунҳо, олимпиадаҳо, викторинаҳо, Конференсияҳо, Форумҳои хонандагон, ки хусусияти ақлонӣ-мантиқӣ доранд;
  • таҳияи Низомномаҳои мусобиқаҳо, озмунҳо ва олимпиадаҳои мухталифи фаннии сатҳи шаҳрӣ ва протоколҳои натиҷаи иштироки хонандагон;
  • ба роҳ мондани ҳамкории пайваста бо муовинони директор оид ба кори инноватсионии муассисаҳои таълимии пойтахт;
  • мушаххас намудан ва ташкил намудани бонки захираҳои олимпӣ барои иштирок дар олимиадаҳои мухталифи анъанавӣ, номӣ, даставӣ  ва байналмилалӣ;
  • барои ба таҳсил, бозомӯзӣ, ширкат дар чорабиниҳои байналмилалӣ, ба хориҷи кишвар фиристодани хонандагон хазинаи захиравии номзадҳоро таъсис додан;
  • гузаронидани корҳои ташкилӣ оид ба фиристодани хонандагони болаёқат ба олимпиадаҳои байналмилалӣ;
  • оид ба ташкил ва амалигардонии робитаҳои байналмилалӣ аз сафоратхонаҳо, муассиса ва идораҳои дахлдор бобати таҳсилоти хонандагон дар хориҷӣ маълумот ва иттилооти заруриро дархост кардан.

 

  1. Сохтор ва вазифаҳои хизматии кормандони Шуъба

 

3.1.   Ҳайати Шуъба аз мудир ва мутахассисон иборат мебошад.

3.2.   Шумораи кормандони шуъба тибқи ҷадвали воҳидҳои муқаррарии Марказ муайян карда мешаванд.

3.3.   Мудири шуъба бо пешниҳоди муовини директор аз тарафи директори Марказ таъин ва озод карда мешавад.

3.4.   Ба вазифаи мудири шуъба шахсе таъин карда мешавад, ки дорои маълумоти олӣ буда, таҷрибаи на кам аз сесолаи кориро доро бошад.

3.5.   Мудир ба фаъолияти рӯзмарраи Шуъба роҳбарӣ намуда, кори онро ба нақша мегирад, вазифаҳоро байни мутахассисон тақсим менамояд, аз натиҷаи иҷроиши он ҳисобот талаб мекунад, оид ба вазифаҳои дар назди шуъба истода ба роҳбарият ҳисобот медиҳад, ба  ҳаракати олимпии Марказ роҳбарӣ менамояд.

3.6.   Мудир даври дуюми  Олимпиадаи  ноҳияи шаҳри Душанберо назорат намуда, барои дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани даври сеюм (шаҳрӣ)  чораҳои зарурӣ  меандешад.

3.7.   Мутахассиси Шуъба дар мувофиқа бо муовини директор ва мудири шуъба аз тарафи директори  Марказ  таъин ва озод карда мешавад.

3.8.   Мутахассис тибқи нақшаҳои кори Шуъба фаъолият намуда, оид ба иҷроиши дастуру супоришҳои дар наздаш истода масъул  мебошад.

3.9.   Вазифаҳои хизматии кормандони шуъба дар шартномаҳои меҳнатӣ мушаххас карда мешаванд.

  1. Тартиби фаъолияти Шуъба

4.1.   Тартиби фаъолияти Шуъбаро роҳбарияти Марказ муайян менамояд.

4.2.   Фаъолияти Шуъба тибқи нақшаҳои солона, нимсола, моҳона ва тақвимии Марказ  сурат мегирад.

4.3.   Шуъба ҳамчунин барои ҳар як моҳ ва баргузории чорабиниҳои алоҳида: озмунҳо, мусобиқаҳои зеҳнӣ, олимпиадаҳо нақшаҳои махсусро  тартиб  медиҳад.