НИЗОМНОМАИ ШУЪБАИ   КАДРҲО   ВА   КОРГУЗОРӢ

 

МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ

«МАРКАЗИ РУШДИ ИСТЕЪДОДҲОИ

НАЗДИ САРРАЁСАТИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ»

 Н И З О М Н О М А И

ШУЪБАИ   КАДРҲО   ВА   КОРГУЗОРӢ

1. Муқаррароти умумӣ

  • Низомномаи шуъбаи кадрҳо ва коргузорӣ (минбаъд Низомнома)

дар асоси Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи намунавии  муассисаҳои таҳсилоти ииловагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи Муассисаи давлатии «Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» (минбаъд Марказ) таҳия гардида, фаъолияти Шуъбаи кадрҳо ва коргузории Марказро (минбаъд Шуъба) ба низом медарорад.

1.2    Шуъба сохтори таркибии Марказ буда, дар доираи ҷадвали воҳидҳои муқаррарӣ аз ҷониби Муассисаи Марказ тасдиқ гардида,  бо фармоиши директори Марказ таъсис ва барҳам дода мешавад.

1.3    Низомномаи Шуъба бо қарори Шӯрои омӯзгорони Марказ қабул гардида, бо фармоиши директори Марказ тасдиқ карда мешавад.

 

2. Мақсад ва вазифаҳои Шуъба

 

2.1              Шуъба бо мақсади ба низом даровардан ва ба роҳбарӣ гирифтани фаъолияти Марказ дар асоси ташкили системаи самараноки идораи кадрҳо, истифодаи нисбатан пурра ва оқилонаи қобилияти кормандон ба роҳ монда, барои фаъолияти эҷодӣ ва ташаббускоронаи кормандон шароит фароҳам меоварад.

2.2    Шуъба вазифаи маркази идоракунии кадрҳоро иҷро менамояд, ки ҳадафи он беҳтар намудани фаъолияти  Марказ, баланд бардоштани ҳавасмандгардонии моддӣ ва касбии ҳар як корманд  мебошад.

2.3    Вазифаҳои шуъба:

  • бақайдгирии мактубҳои содиротӣ ва воридотӣ;
  • таҳия ва тасдиқи нақшаи рухсатии меҳнатӣ;
  • ташаккули босифат ва истифодаи оқилонаи захираҳои кадрӣ ва инкишофи он;
  • мувофиқати малакаи касбии ҳар як корманд ба вазифаи таъиншуда;
  • сари вақт муайян кардани талаботи ҷорӣ ва ба нақшагирии талабот нисбат ба кадрҳо,  бо нерӯи мутахассисони ҷавон таъмин намудани  корхона;
  • банақшагирии таъиноти вазифаҳо ва ҷойҳои корӣ, ба назари эътибор гирифтани хусусияти  касбӣ ва кордонии мутахассис;
  • шинос кардани кормандон бо шароити кор, муҳофизати меҳнат ва техникаи бехатарӣ;
  • сари вақт пур кардани дафтарчаҳои меҳнатӣ;
  • ба тартиб даровардани варақаҳои шахсии кормандон ва ворид намудани тағйирот вобаста ба фаъолияти меҳнатии онҳо;
  • тартиб додани рӯйхат ва ҳисоб кардани собиқаи кории бефосилаи кормандон;
  • баҳисобгирии ҳайати шахсии кадрҳо ва пешниҳоди ҳисоботи муқарарӣ;
  • баҳисобгирии табелӣ;
  • мустаҳкам намудани интизоми меҳнатию истеҳсолӣ ва таъмини фазои мусоиди корӣ;
  • коркарди пешниҳодҳо оид ба муҳофизати меҳнатӣ ва иҷтимоии кормандон дар давраи ихтисоршавӣ ва тағйирёбии вазифавӣ;
  • протоколи Шӯрои омӯзгорон ва маҷлисҳои назорати назди директор;

3. Сохтор ва вазифаҳои хизматии кормандони Шуъба

3.1    Ҳайати Шуъба аз мудир ва мутахассисон иборат мебошад.

3.2    Шумораи кормандони Шуъба тибқи ҷадвали воҳидҳои муқаррарии Марказ муайян карда мешавад.

3.3    Сарпарастии Шуъбаро директори Марказ амалӣ менамояд.

3.4    Мудири Шуъба аз тарафи директори Марказ таъин ва озод карда мешавад.

3.5    Ба вазифаи мудири Шуъба шахсе таъин карда мешавад, ки дорои маълумоти олӣ буда, таҷрибаи на кам аз  сесолаи корӣ дошта бошад.

3.6    Мудир ба фаъолияти рӯзмарраи Шуъба роҳбарӣ намуда, кори онро ба нақша мегирад, вазифаҳоро байни мутахассисон тақсим менамояд, аз натиҷаи иҷроиши онҳо ҳисобот талаб менамояд, оид ба вазифаҳои дар назди Шуъба  истода ба роҳбарият ҳисобот медиҳад.

3.7    Мутахассисони Шуъба дар мувофиқа бо мудири Шуъба аз тарафи директор таъин ва озод карда мешавад.

3.8    Мутахассисон тибқи нақшаҳои кории Шуъба фаъолият намуда,оид ба иҷроиши дастуру супоришҳои дар наздаш истода масъул мебошанд.

3.9    Вазифаҳои хизматии кормандони Шуъба дар дастурамали вазифаҳои хизматии кормандони Марказ ва шартномаҳои меҳнатӣ мушаххас карда мешаванд.

4. Тартиби фаъолияти Шуъба

4.1    Тартиби фаъолияти Шуъбаро роҳбарияти Марказ муайян менамояд.

4.2    Фаъолияти Шуъба тибқи Нақшаҳои солона ва моҳона  сурат мегирад.

Дастурамали вазифавии

шӯъбаи кадрҳо ва коргузории Муассисаи давлатии «Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе»

Мудири шӯъбаи кадрҳо ва коргузорӣ, ҳуқуқ ва мухоллифиятҳои аз  вазифаҳо бар меомадагии бар дӯшаш бударо иҷро мекунад ва барои фаъолияти бахш масъуляти шахсӣ дорад.

 

1. Мудири шуъбаи кадрҳо ва коргузорӣ ҳуқуқ дорад:

 

  • вазифаҳои ба зиммааш гузоштаро амалӣ менамояд.
  • нақшаи фармоишҳо ва дигар ҳуҷҷатҳоро бо директор мувофиқа намуда, мутобиқатҳои коргузориро оид ба масъалаҳои кадрӣ пеш барад.
  • ба Директори МД «Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар бораи ҳавасманд гардони кормандони беҳтарин ва ба ҷавобгарии интизомӣ ва масъулияти маъмурӣ кашидани кормандони бемасъулият пешниҳод намояд.
  • аз кормандони МД «Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» риоя намудани интизоми меҳнатӣ ва истеҳсолиро талаб намояд.

 

2 . Мудири шуъбаи кадрҳо ва коргузорӣ уҳдадор аст:

 

  • кори ба ҳисобгирии кадрҳо ва таҳияи ҳуҷҷатгузории кадриро амалӣ намояд.
  • қабул ба кор, гузаронидан ба кори дигар ва аз кор озод намудани кормандонро мутобиқи қонунгузорӣ, Низомнома ва фармоишҳои Директори Марказ ба роҳ монад.
  • дар мутобиқат бо қонунгузорӣ, Низомномаҳо ва фармоишҳои Директори Марказ корҳои қабул, гузориш, рухсатиҳо, сафарияҳо, нафақаҳо, озодкунии кормандонро таҳия намояд.
  • дар бораи фаъолияти ҳозира ва гузаштаи фаъолити меҳнатии кормандон маълумотномаҳо таҳия созад, нигоҳдорӣ ва навиштани дафтарчаҳои меҳнатиро таъмин намояд.
  • ба қайдгирии мактубҳои содиротӣ ва воридотӣ.
  • гузаронидани саривақтии аттестатсияи  кадрҳои  МД «Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» – ро таъмин намояд. Санадҳои заруриро барои комиссияҳои тахассусӣ, атестатсионӣ омода созад.
  • парвандаҳои шахсии кормандонро таҳия созад ва пеш барад, дар ин парвандаҳои ҳамаи он табаддулоти бо фаъолиятҳои меҳнатии онҳо алоқамандро сабт намояд.
  • ҳуҷҷатҳои заруриро барои пешниҳод комиссияҳои озмоянда ва аттестатсионӣ омода созад.
  • ба тариқи мунтазам ҳайати кадриро озмояд ва ба Директори МД «Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» маълумоти дахлдорро дар бораи ҳолатҳои кории кадрӣ пешниҳод намояд.
  • назоратро аз болои ҳолати интизоми меҳнатӣ ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ ба роҳ монад.
  • навиштани дурусту тамомияти далелҳои баҳисобгирӣ, парвандаҳои шахсӣ ва дафтарчаҳои меҳнатиро таъмин намояд.
  • ба ҳисобгирии сафарҳои хизматӣ ва баромадани кормандон ба рухсатии меҳнатиро ба роҳ монад.
  • назоратро аз болои интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиби дохилии меҳнатӣ анҷом диҳад.
  • таҳия ва додани маводҳоро ба бойгонӣ таъмин намояд.

3. Масъулияти мудири шуъбаи кадрҳо ва коргузорӣ.

  • мудири шуъбаи кадрҳо ва коргузорӣ ба Директори Марказ итоат намуда, супоришҳои ӯро иҷро мекунад ва тибқи муқаррароти тартиботи Муассиса барои суистифода аз вазифаи хизматиаш масъулияти шахсӣ дорад.

 

НАҚШАИ

кори шуъбаи кадрҳо ва коргузории

Муассисаи давлатии «Маркази рушди истеъдодҳои назди

Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе»

барои нимсолаи дуюми  соли 2017

 

р/Т

Номгӯи тадбирҳо Муҳлати иҷро Мутасаддӣ
1 Муқовабандии ҳуҷҷатҳои бахши кадрҳо мунтазам Исмонов Ф.Ҳ.
2 Қабули аризаҳо ва таҳияи фармоишҳо:

а) бо фармоиш шинос кардани корманди дахлдор;

б) ба парвандаи шахси дахлдор ворид кардани нусхаи фармоиш;

мунтазам Исмонов Ф.Ҳ.,

Бегзода Р.О.

3 Шинос кардани кормандон бо шароити кор ва вазифаҳои хизматӣ мунтазам Исмонов Ф.Ҳ.
4 Сари вақт пур кардани дафтарчаҳои меҳнатӣ мунтазам Исмонов Ф.Ҳ.
5 Дастрас намудани шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (РИС) барои кормандон Исмонов Ф.Ҳ.
6 Ба тартиб даровардани варақаҳои шахсии кормандон ва ворид намудани таъғиротҳо вобаста ба фаъолияти меҳнатии онҳо мунтазам Исмонов Ф.Ҳ.,

Бегзода Р.О.

7 Назорат аз рӯи риояи интизоми меҳнатӣ ва истеҳсолӣ:

—         назорати ҳозиру ғоиб дар ҷои кор

доимо Бегзода Р.О.
8 Тартиб додани руйхат ва ҳисоб кардани собиқаи кории бефосилаи кормандон мунтазам Исмонов Ф.Ҳ.,

 

9 Ҳисобрасии ивазшавии кадрҳо ҳар моҳ Бегзода Р.О.
10 Аз муоинаи тибби гузаронидани кормандон Исмонов Ф.Ҳ.,

 

11 Зери назорати қатъи гирифтани мувофиқати ихтисосӣ таҷрибанокии кормандон ба вазифаҳои ишғолкарда доимо Исмонов Ф.Ҳ.,

 

12 Ҳалу фасл намудани масъалаи бозомӯзии кадрҳои омӯзгори ва мутахассисони соҳаи таҳсилоти иловагӣ дар давоми сол Исмонов Ф.Ҳ.,

 

13 Пешнниҳод кардани кормандони пешқадам ва соҳибтаҷриба ба мукофотҳои соҳавӣ дар давоми сол Исмонов Ф.Ҳ.
14 Пешниҳод намудани кормандони масъул ба сафарҳои хизматии дохиливу хориҷӣ барои иштирок дар семинару конфронсҳои соҳавӣ дар давоми сол Исмонов Ф.Ҳ.
15 Ба роҳ мондани навбатдории шабонарӯзии кормандон барои назорат ва пешгирӣ намудани сӯхтор ва дигар ҳолатҳои фавқулода дар давраи тирамоҳ ва зимистон Исмонов Ф.Ҳ.
16 Ба роҳбарият пешниҳод намудани ҳисоботҳои ҳармоҳаи кормандон оид ба корҳои иҷрошуда ҳар моҳ Исмонов Ф.Ҳ.
17 Тартиб додани нақшаи корӣ барои соли 2018 декабр Исмонов Ф.Ҳ.

 

р/Т

Номгӯи тадбирҳо Муҳлати иҷро Мутасаддӣ
1 Тасдиқи нақшаи рухсатии меҳнатии кормандон барои соли 2017
2 Аз нав ба расмият даровардани китоби фармоишҳо, ҷувздонҳо ва дафтарҳои ба қайдгирӣ
3 Муқовабандии ҳуҷҷатҳои бахши кадрҳо мунтазам
4 Қабули аризаҳо ва таҳияи фармоишҳо:

а) бо фармоиш шинос кардани корманди дахлдор;

б) ба парвандаи шахси дахлдор ворид кардани нусхаи фармоиш;

мунтазаи
5 Шинос кардани кормандон бо шароити кор ва вазифаҳои хизматӣ мунтазам
6 Сари вақт пур кардани дафтарчаҳои меҳнатӣ мунтазам
7 Дастрас намудани шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (РИС) барои кормандон
8 Ба тартиб даровардани варақаҳои шахсии кормандон ва ворид намудани таъғиротҳо вобаста ба фаъолияти меҳнатии онҳо мунтазам
9 Назорат аз рӯи риояи интизоми меҳнатӣ ва истеҳсолӣ:

—         назорати ҳозиру ғоиб дар ҷои кор

10 Тартиб додани руйхат ва ҳисоб кардани собиқаи кории бефосилаи кормандон мунтазам
11 Ҳисобрасии ивазшавии кадрҳо ҳар моҳ
12 Аз муоинаи тибби гузаронидани кормандон
13 Зери назорати қатъи гирифтани мувофиқати ихтисосӣ таҷрибанокии кормандон ба вазифаҳои ишғолкарда доимо
14 Ҳалу фасл намудани масъалаи бозомӯзии кадрҳои омӯзгори ва мутахассисони соҳаи таҳсилоти иловагӣ дар давоми сол
15 Пешнниҳод кардани кормандони пешқадам ва соҳибтаҷриба ба мукофотҳои соҳавӣ дар давоми сол
16 Фиристодани кормандони масъул ба сафарҳои хизматии дохиливу хориҷӣ барои иштирок дар семинару конфронсҳои соҳавӣ дар давоми сол
17 Ба роҳ мондани навбатдории шабонарӯзии кормандон барои назорат ва пешгирӣ намудани сӯхтор ва дигар ҳолатҳои фавқулода дар давраи тирамоҳ ва зимистон
18
19 Ба роҳбарият пешниҳод намудани ҳисоботҳои ҳармоҳаи кормандон оид корҳои иҷрошуда  ҳар моҳ
20 Тартиб додани нақшаи корӣ барои соли 2018 декабр Исмонов Ф.Ҳ.