НИЗОМНОМАИ ШУЪБАИ МЕТОДӢ

МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ
«МАРКАЗИ РУШДИ ИСТЕЪДОДҲОИ
НАЗДИ САРРАЁСАТИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ»

Н И З О М Н О М А И
ШУЪБАИ МЕТОДӢ

1. Муқаррароти умумӣ
1.1. Низомномаи шуъбаи методӣ (минбаъд Низомнома) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи Муассисаи давлатии «Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» (минбаъд Марказ), нақша-чорабиниҳои Марказ ҷиҳати иҷрои Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо таҳия гардида, фаъолияти шуъбаи методии Марказро (минбаъд Шуъба) ба низом медарорад.
1.2. Шуъба сохтори таркибии Марказ буда, дар доираи ҷадвали муқаррарии воҳидҳои кории тасдиқгардида, бо фармоиши директори Марказ таъсис ва барҳам дода мешавад.
1.3. Низомномаи Шуъба бо қарори Шӯрои омӯзгории Марказ қабул гардида, бо фармоиши директори Марказ тасдиқ карда мешавад.

2. Мақсад ва вазифаҳои Шуъба

2.1. Шуъба бо мақсади ба низом даровардан ва ба роҳбарӣ гирифтани фаъолияти Марказ дар кори дастурдиҳӣ ва расонидани кӯмаки методӣ ба муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои давлатии таҳсилоти иловагӣ дар самти ташкил ва дуруст ба роҳ мондани кори дарёфт, таълим ва инкишофи хонандагони болаёқат ба воситаи омӯзиш, таҳлил, тарғиб ва паҳн кардани шаклу усулҳои инноватсионии таълим ва таҷрибаи пешқадами омӯзгорон таъсис дода мешавад.
2.2. Шуъбаи методӣ вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:
 ба роҳ мондани таҳия ва чопи маводҳои методии омӯзгорони Марказ;
 дар Марказҳои рушди истеъдодҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе, литсей ва гимназияҳои кор бо кӯдакони болаёқат гузаронидани омӯзиш, таҳлил ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадам дар самти кори дарёфт ва рушди хонандагони болаёқат;
 таҳияи маводҳои методӣ оид ба истифодаи усулу васоити самараноки дарёфт ва рушди кӯдакони болаёқат;
 расонидани кӯмаки методӣ оид ба гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ, илмӣ-ҷустуҷӯӣ дар иттиҳодияҳои таълимии Марказ;
 таҳияи модули дарсҳои инноватсионӣ ва татбиқи амалии шаклу усулҳои нави дарсдиҳӣ бо дарназардошти таҳсилоти босифат ва талаботи олимпиадаву озмунҳои байналмилалӣ;
 омода намудан ва нашри маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ ва дастовардҳои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе;
 ҷалб намудани хонандагони навҷӯву навовар, ба корҳои илмӣ-ҷустуҷуӣ майлу рағбатдошта бо мақсади иштирок дар Конференсияи илмӣ-эҷодии хонандагон ва ҳимояи лоиҳаҳои инноватсионӣ;
 расонидани кӯмакҳои ташкилӣ-методӣ дар таъсиси Марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе;
 таҳияи нақша-барномаҳои махсуси таълимӣ вобаста ба зинаҳои ташаккули маҳорату малакаҳои хонандагон дар иттиҳодияҳои фаннии Марказ;
 ба роҳ мондани ҳамкории пайваста бо муовинони директор оид ба кори инноватсионии муассисаҳои таълимии кор бо хонандагони болаёқат;
 ташкил ва баргузории семинарҳои сайёр, мизи мудаввар ва конференсияҳо оид ба самаранок намудани кор бо хонандагони болаёқат;
 таҳияи нақша, барномаҳои истироҳатгоҳҳои тобистонаи омӯзишӣ барои хонандагони болаёқат.
3. Сохтор ва вазифаҳои хизматии кормандони Шуъба
3.1. Ҳайати Шуъба аз мудир ва мутахассисон иборат мебошад.
3.2. Шумораи кормандони шуъба тибқи ҷадвали воҳидҳои муқаррарии Марказ муайян карда мешаванд.
3.3. Мудири Шуъба бо пешниҳоди муовини директор аз тарафи директори Марказ таъин ва озод карда мешавад.
3.4. Ба вазифаи мудири шуъба шахсе таъин карда мешавад, ки дорои маълумоти олӣ буда, таҷрибаи на кам аз сесолаи кориро доро бошад.
3.5. Мудир ба фаъолияти рӯзмарраи шуъба роҳбарӣ намуда, кори онро ба нақша мегирад, вазифаҳоро байни мутахассисон тақсим менамояд, аз натиҷаи иҷроиши он ҳисобот талаб мекунад, оид ба вазифаҳои дар назди шуъба истода ба роҳбарият ҳисобот медиҳад, ба Шӯрои методии Марказ роҳбарӣ менамояд.
3.6. Мутахассиси шуъба дар мувофиқа бо муовини директор ва мудири шуъба аз тарафи директор таъин ва озод карда мешавад.
3.7. Мутахассис тибқи нақшаҳои кори шуъба фаъолият намуда, оид ба иҷроиши дастуру супоришҳои дар наздаш истода масъул мебошад.
3.8. Вазифаҳои хизматии кормандони шуъба дар шартномаҳои меҳнатӣ мушаххас карда мешаванд.

4. Шӯрои методӣ
4.1. Шӯрои методӣ бо мақсади ташаккул додани кори омӯзгорон дар самти дарёфт ва рушди хонандагони болаёқат, баланд бардоштани маҳорати касбӣ-эҷодии кормандони омӯзгории Марказ, муайян намудани самтҳои фаъолияти Марказ ва шуъба оид банақшагирии фаъолияти методӣ, таҳия ва нашри маводҳо, дастуру тавсияҳои методии омӯзгорон таъсис дода мешавад.
4.2. Ба Шӯрои методӣ мудирони шуъбаҳои Марказ, мутахассисон, омӯзгорони соҳибтаҷрибаи иттиҳодияҳои таълимии Марказ аъзо мешаванд.
4.3. Ба Шӯрои методӣ мудири шуъбаи методӣ роҳбарӣ мекунад.
4.4. Фаъолияти дафтардории Шӯрои методиро котиб, ки аз ҳисоби аъзои шӯро интихоб карда мешавад, пеш мебарад.
4.5. Шӯрои методӣ фаъолияти худро дар асоси нақша амалӣ намуда, он дар шакли маҷлис дар як моҳ як маротиба даъват карда мешавад;
4.6. Фаъолияти Шӯрои методӣ бо протокол расмӣ гардонида шуда, қарорҳои он характери тавсиявӣ доранд.
5.Тартиби фаъолияти Шуъба
5.1. Тартиби фаъолияти Шуъбаро роҳбарияти Марказ муайян менамояд.
5.2. Фаъолияти Шуъба тибқи нақшаҳои солона, нимсола, моҳона ва тақвимии Марказ сурат мегирад.
5.3. Шуъба ҳамчунин барои ҳар як моҳ ва баргузории чорабиниҳои алоҳида нақшаҳои махсусро тартиб медиҳад.