НИЗОМНОМАИ ШУЪБАИ ТАЪЛИМӢ

МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ

«МАРКАЗИ РУШДИ ИСТЕЪДОДҲОИ

НАЗДИ САРРАЁСАТИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ»

НИЗОМНОМАИ

ШУЪБАИ   ТАЪЛИМӢ

1. Муқаррароти умумӣ

1.1.    Низомномаи шуъбаи методӣ (минбаъд Низомнома) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»,  Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи Муассисаи давлатии «Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» (минбаъд Марказ),  Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо таҳия гардида, фаъолияти шуъбаи таълимиро ба низом медарорад.

1.2.   Шуъба сохтори таркибии Марказ буда, дар доираи ҷадвали муқаррарии воҳидҳои кории тасдиқгардида, бо фармоиши директори Марказ таъсис ва барҳам дода мешавад.

1.3.   Низомномаи шуъба бо қарори Шӯрои омӯзгории Марказ қабул гардида, бо фармоиши директори Марказ тасдиқ карда мешавад.

2. Мақсад ва вазифаҳои Шуъба

2.1.   Мақсади асосии Шуъба  иборат аз муҳайё намудани шароити мусоид дар раванди таълим, тарбия ва инкишофи хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе; сайқал додани заковат, малакаи донишандӯзӣ, инкишофи зеҳнӣ ва ҷаҳонбинии хонандагон  дар бахши фанҳои гуманитарӣ, дақиқ, табиӣ, техникӣ, дарёфт ва ҳавасмандгардонии хонандагони боистеъдод.

2.2.   Шуъбаи таълимӣ вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

  • омӯзиш ва ба системадарории маводҳои илмӣ-методӣ, корҳои тадқиқотӣ  ва адабиёт оид ба кор бо кӯдакони  лаёқатманд дар самти таълимӣ;
  • таъмини иштироки омӯзгорон дар семинарҳои омӯзишӣ, конференсияҳои илмӣ-амалӣ барои кормандони педагогии шаҳри Душанбе аз фанҳои гуманитарӣ, дақиқ, табиӣ, техникӣ;
  • пурра намудани бонки саволу супоришҳо, тестҳои санҷишӣ барои олимпиадаҳои фаннии анъанавӣ, номӣ, даставӣ аз фанҳои гуманитарӣ, дақиқ, табиӣ, техникӣ;
  • омода намудани намунаи ҳуҷҷатнигории иттиҳодияҳои таълимӣ бо мақсади расонидани кӯмакҳои ташкилӣ-методӣ ба Марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе;
  • ба роҳ мондани дарсҳои инфиродӣ ва гурӯҳӣ бо ғолибони олимпиадаҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ; тайёр намудани хонандагони лаёқатманд ба озмунҳои байналмилалӣ;
  • таҳияи модулҳои дарсҳои инноватсионӣ  аз фанҳои гуманитарӣ, дақиқ  ва табиӣ-риёзӣ барои  зинаи омодагӣ, инкишоф ва олимпӣ (болаёқат);
  • гузаронидани дарсҳои таълимӣ (инноватсионӣ) барои хонандагони болаёқат;
  • ба роҳ  мондани омӯзиши таҷрибаи пешқадами муаллимони кишвар ва хориҷӣ тариқи онлайн машғулиятҳо.

3. Сохтори Шуъба

3.1.   Шуъба сохтори таркибии Марказ буда, дар доираи ҷадвали муқаррарии воҳидҳои кории тасдиқгардида, бо фармоиши директори Марказ таъсис ва барҳам дода мешавад.

3.2.   Ҳайати шуъба аз мудир, омӯзгорон ва мутахассисон иборат мебошад.

3.3.   Шумораи кормандони Шуъба тибқи ҷадвали воҳидҳои кории  Марказ муайян карда мешаванд.

3.4.   Мудири шуъба бо пешниҳоди муовини директор аз тарафи директори Марказ таъин ва озод карда мешавад.

3.5.   Ба вазифаи мудири шуъба шахсе таъин карда мешавад, ки дорои маълумоти олӣ буда, таҷрибаи на кам аз сесолаи кориро доро бошад.

3.6.   Шуъбаро мудир роҳбарӣ  менамояд ва фаъолияти омӯзгорони фанниро дар чаҳорчӯбаи вазифаҳои хизматиашон  ташкил мекунад.

3.7.   Самти фаъолияти омӯзгорони иттиҳодияҳои таълимии Марказро  мудири шуъба ба танзим медарорад.

3.8.   Дар Марказ чунин иттиҳодияҳои таълимӣ амал мекунанд:

— забон ва адабиёти тоҷик

— забони русӣ

— забони англисӣ

— таърихшиносони ҷавон

— ҳуқуқшинсони ҷавон

— математикони наврас

— физикони наврас

— химикони ҷавон

— биологони ҷавон

— барномасози ҷавон

4. Ҳуҷҷатгузории Шуъба

 4.1. Шуъбаи таълимӣ  дорои ҳуҷҷатнигории зерин аст:

  • нақшаи солона ва моҳонаи кори Шуъба;
  • нақшаи таълимии омӯзгорони иттиҳодияҳо;
    • натиҷаи мониторинги сифати дониши хонандагон;
    • китоби иштирок ба дарсҳои омӯзгорон;
    • дафтари иттиҳодияи таълимӣ оид ба қайди машғулиятҳо;
    • нақшаҳои индивидуалии олимпичиён;
    • ҷадвали дарсии омӯзгорон;
    • протоколи натиҷаи иштироки хонандагон дар озмун, олимпиадаҳои

фаннии хонандагон;

  • китоби дастовардҳои хонандагони иттиҳодияҳо;
    • ҳисоботи ҳармоҳаи омӯзгорони  иттиҳодияҳо;
    • модули дарсҳои инноватсионии омӯзгорон;
    • рӯйхати китобҳо, рӯзномаву маҷаллаҳое, ки дар фонди ттиҳодияҳои

таълимии  Марказ мебошанд.

5. Ҳуқуқҳои Шуъбаи фанҳои таълимӣ

Барои дар амал иҷро намудани вазифаҳо шуъбаи фанҳои таълимӣ ҳуқуқ дорад:

5.1.   Нақшаҳои фаъолияти худро бо назардошти чорабиниҳо ва фаъолияти Муассисаи давлатии Маркази рушди истеъдодҳо таҳия созад.

5.2.   Оид ба масъалаҳои  дастгирии кӯдакони болаёқат дар самти таълимӣ-тарбиявӣ дар машваратҳои кории  шуъбаҳои маориф, муассисаҳои таълимӣ, фондҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ  иштирок намояд.

6. Вазифаҳои мудири Шуъба

6.1.  Тамоми самти фаъолияти Шуъбаро ба танзим медарорад.

6.2.   Стратегияи ташаккули фаъолияти Шуъбаро ба уҳда мегирад.

6.3.   Дар таҳияи нақшаву барномаҳои таълимии инноватсионӣ, дастурҳо, таҳияи тестҳо ва саволномаҳои санҷиши дониши хонандагон ба  мутахассисону омӯзгорон мусоидат менамояд.

6.4.   Барои фазои мусоиди психологии Шуъба масъул аст.

6.5.   Барои ба низом даровардани таҳияи  барнома ва ҷадвали  семинар-тренингҳои омӯзишӣ, ташкил ва баргузории  семинарҳои омӯзишӣ дар байни омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳр ба шуъбаи методӣ кӯмак мерасонад.

6.6.   Принсипҳои инсонгароии мундариҷаи маълумот,  ягонагии раванди педагогӣ, маълумоти инкишофдиҳандаро дар фаъолияти Шуъба назорат мебарад.

6.7.   Ҳисоботҳои  ҳармоҳа,  нимсола ва солонаи шуъбаро омода менамояд.

7. Вазифаҳои хизматии кормандони педагогии Шуъба

7.1.   Дарёфт ва ҷалби хонандагони болаёқат ба машғулиятҳои таълимӣ (инноватсионӣ).

7.2.   Омода намудани хонандагон ба олимпиадаҳои фаннии ноҳиявӣ, шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ, байналмиллалӣ.

7.3.   Таҳияи саволномаҳои олимпиадаҳои фаннии дохилимарказӣ, шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ, байналмиллалӣ,олимпиадаҳои номӣ.

7.4.   Омода намудани хонандагон барои иштирок дар Конференсияи илмии мактаббачагони шаҳри Душанбе.

7.5.   Омода намудани  гӯшаҳои синфӣ, ҳуҷҷатнигории омӯзгор.

7.6.   Супоридани ҳисоботи семоҳа ба мудири шуъба оид ба фаъолияти худ.

7.7.   Такмил додани ихтисоси худ дар робита бо омӯзгорони варзидаи муассисаҳои таълимӣ, донишгоҳу пажӯҳишгоҳҳо.

7.8.   Масъулияти шахсӣ дар тайёр намудани  хонандагон ба олимпиадаҳои фаннӣ.

7.9.   Робита бо муассисаҳои таълимии  шаҳри Душанбе ва волидайн  дар дарёфти хонандагони лаёқатманд.

7.10. Иштирок дар расонидани  кӯмакҳои методӣ ва машваратӣ ба омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ (гимназияву литсейҳо).

7.11. Таҳияи нақша-барномаҳо, модулҳои дарси инноватсионӣ оид ба роҳҳои дарёфт, таълим ва инкишофи кӯдакони болаёқат, таҳияи тавсияву дастурҳои методӣ, тест, саволу супоришҳои санҷишӣ.

7.12. Ташкил намудани бонки маълумот оид ба хонандагони болаёқат дар ҳар як иттиҳодияи таълимии шуъба.

8. Тағйиру иловаҳо ба Низомномаи мазкур

8.1.   Тағйиру иловаҳо ба  Низмономаи мазкур тибқи қарори директори Муассисаи давлатии «Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе»  бо назардошти пешниҳодоти  муовини директор ворид карда мешавад.