Низомномаи Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ

Низомномаи

Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои

таҳсилоти умумӣ

 1. Муқаррароти умумӣ

1.1.Низомномаи Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (минбаъд -Низомнома) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

1.2.Низомномаи мазкур тартиби ташкил ва гузаронидани Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (минбаъд — Олимпиада)-ро муайян намуда, даври баргузорӣ, муҳлат,таъминоти методӣ, маблағгузорӣ, қоидаҳои иштирок дар олимпиада ва ғолибону мукофотгирандагонромуқаррар менамояд.

1.3.Дар олимпиада хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки барномаҳои таълимиро дар сатҳи баланд аз худ намудаанд ва берун аз барномаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ аз уҳдаи талаботи супоришҳои олимпиада мебароянд, иштирок менамоянд.

1.4. Олимпиада дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад, забони баргузории он тоҷикӣ ва русӣ мебошад.

1.5. Олимпиада вобаста ба равияҳои табиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятию гуманитарӣ барои хонандагони ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар чор давр гузаронида мешавад:

Даври якум (мактабӣ- синфҳои 5 — 11);

Даври дуюм (шаҳрӣ, ноҳиявӣ  — синфҳои 7- 11);

Даври сеюм (вилоятӣ, шаҳрӣ, минтақавӣ — синфҳои 9- 11);

Даври чорум (ҷумҳуриявӣ — синфи 11).

1.6. Олимпиада аз фанҳои зерин баргузор мегардад:

-забон ва адабиёти тоҷик;

-забони давлатӣ (тоҷикӣ) барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони ғайридавлатӣ;

-забони русӣ;

-забон ва адабиёти рус;

-забони англисӣ;

-таърих (таърихи халқи тоҷик, таърихи умумӣ);

-асосҳои давлат ва ҳуқуқ (ҳуқуқи инсон);

-биология (экология);

-химия;

-география;

-математика (алгебра, геометрия);

-физика (астрономия);

-технологияи иттилоотӣ.

1.7.Ташкилкунандагони олимпиада ба ҳисоб мераванд:

Дар даври якуми олимпиада (мактабӣ) муассисаи таълимӣ ва шуъбаи маориф (минбаъд ташкилкунандагони олимпиадаи мактабӣ);

Дар даври дуюм (ноҳиявӣ, шаҳрӣ) – шуъбаи маориф (минбаъд ташкилкунандаи олимпиадаи ноҳиявӣ (шаҳрӣ);

Дар даври сеюм (вилоятӣ, шаҳрӣ барои шаҳри Душанбе, минтақавӣ барои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ) — раёсати маорифи вилоятҳо (шаҳр) (минбаъд- ташкилкунандаи олимпиадаи вилоятӣ (шаҳрӣ), дар даври минтақавӣ Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо (минбаъд ташкилкунандаи олимпиадаи минтақавӣ);

Дар даври чорум — Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо (минбаъд — ташкилкунандаи олимпиадаи ҷумҳуриявӣ).

1.8.Вазифаҳои ташкилкунандагони олимпиада

-ҳайати Кумитаи тадорукот, комиссияи методии фаннӣ, ҳайати доварон ва комиссияи апеллятсионӣ, муҳлати баргузории олимпиада ва теъдоди иштирокчиён, ғолибон ва мукофотгирандагонро тасдиқ мекунанд;

-талабот доир ба қоидаҳои ташкил ва баргузории олимпиада, меъёри таҳияи супоришҳои олимпиадаро тасдиқ менамоянд;

-ғолибон ва мукофотгирандагони олимпиадаро бо Ифтихорнома, медал ва туҳфаҳои (моливу пулӣ) хотиравӣ сарфароз мегардонанд;

-натиҷаи олимпиада ва ҷойҳои ишғолнамударо дар асоси протоколи доварон тасдиқ намуда, ба даврҳои минбаъдаи олимпиада пешниҳод менамоянд.

 

2. Мақсад ва вазифаҳои олимпиада

 

         2.1. Мақсади асосии баргузор намудани олимпиада дарёфт ва рушди хонандагони болаёқатест, ки инкишофи зеҳнии онҳо ба самти фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ нигаронида шудааст.

2.2.Вазифаҳои олимпиада аз инҳо иборат мебошад:

-ташаккули тафаккури мантиқии хонандагон, бедор намудани завқи онҳо дар ҳалли масъалаҳои ғайриодӣ;

-рушди қобилияти истифодаи донишҳои назариявӣ дар амалия;

-шиносоии бештари хонандагон ба кашфиёти нави илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва ҷамъиятию гуманитарӣ, тарғиби донишҳои илмӣ дар байни хонандагон;

-ошкор намудан ва рушди қобилиятҳои зеҳнӣ ва эҷодии хонандагони болаёқат;

-муҳайё кардани шароити мусоид барои дастгирӣ ва рушди хонандагони болаёқат;

-дарёфти хонандагони болаёқат, ки ба омӯзиши фанҳои алоҳида шавқ доранд, баланд бардоштани завқи онҳо дар омӯзиши амиқи фанҳо ва ташвиқи онҳо ба ҷалби корҳои илмӣ,ихтироъкорӣ;

-мусоидат намудан ба хонандагон дар интихоби бошууронаи касб ва давом додани таҳсил дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот;

-бедор намудани шавқу ҳаваси хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба омӯзиши фанҳои таълимӣ ва ташаккули дониши онҳо;

-ҷалби омӯзгорони эҷодкор ва ҷалби омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, мутахассисони муассисаҳои илмӣ, аспирантҳо ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо;

-ҷалби хонандагон ба олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ;

-интихоби дастаҳои мунтахаби ҷумҳурӣ барои иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ.

 

4Кумитаи тадорукоти олимпиада

 

4.1. Барои амалӣ намудани таъмини ташкили олимпиада дар даврҳои якум, дуюм, сеюм ва чорум Кумитаи тадорукоти мактабӣ, ноҳиявӣ (шаҳрӣ), вилоятӣ (шаҳрӣ) ва ҷумҳуриявӣ таъсис дода мешавад.

4.2. Роҳбарии умумии гузаронидани даврҳои олимпиада ва таъмини ташкили он аз тарафи Кумитаи тадорукоти ҷумҳуриявии олимпиада (минбаъд- Кумитаи тадорукоти ҷумҳуриявӣ) амалӣ карда мешавад.

4.3. Кумитаи тадорукоти ҷумҳуриявӣ ҳар сол дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи сентябр таъсис дода мешавад. Ба ҳайати Кумитаи тадорукоти ҷумҳуриявӣ намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, мақомоти маҳаллии идоракунии маориф, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олии касбӣ шомил мегарданд.

Кумитаи тадорукоти мактабӣ бо фармоиши директори муассисаи таълимӣ, Кумитаи тадорукоти ноҳиявӣ (шаҳрӣ) бо фармоиши мудири шуъбаи маориф, Кумитаи тадорукоти вилоятӣ (шаҳрӣ барои шаҳри Душанбе) бо фармоиши сардори раёсати маориф дар моҳи сентябр тасдиқ мегардад, ки ба ҳайати он кормандони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, шуъбаи маориф, раёсати маориф,марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ шомил мегарданд.

4.4. Кумитаи тадорукоти минтақавии олимпиада (барои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ) бо фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи сентябр тасдиқ мегардад, ки ба ҳайати он кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, мақомоти маҳаллии идоракунии маориф ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ шомил мегарданд.

4.5. Кумитаи тадорукоти ҷумҳуриявӣ

-баргузории олимпиадаҳои мактабӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва вилоятӣ (минтақавӣ)-ро назорат намуда, барои гузаронидани даври чоруми олимпиада бевосита роҳбарӣ менамояд;

-талабот оид ба қоидаҳои ташкил ва баргузории ҳамаи даврҳои олимпиада, меъёри таҳияи супоришҳои олимпиадаро муайян ва барои тасдиқ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

-ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муҳлат ва баргузории даври ҷумҳуриявии олимпиада, теъдоди ҳайати доварон, комиссияи методии фаннии ҷумҳуриявӣ ва иштирокчиёни даври ниҳоӣ аз ҳисоби ғолибон ва мукофотгирандагони даври сеюми олимпиада таклиф пешниҳод менамояд;

-меъёри таҳияи супоришҳои олимпиадаро муайян ва барои тасдиқ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

-ба Кумитаи тадорукот ва комиссияҳои методии фаннии даврҳои олимпиада ҷараёни иттилоотиро ба роҳ мемонад;

-дар якҷоягӣ бо комиссияи методии фаннии ҷумҳуриявӣ аризаи иштирокчиёни даврҳои олимпиадаро дар хусуси баҳсҳое, ки барои гузоштани баҳо аз ҷониби комиссияи апеллятсионӣ, Кумитаи тадорукот ба як мувофиқа наомадаанд, дида мебарояд;

-баргузорӣ ва натиҷагирии даврҳои олимпиада ва рушди ҳаракати олимпиро баррасӣ ва таҳлил намуда, ба мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотнома пешниҳод менамояд;

-натиҷаи даври чоруми олимпиадаро (рейтинги ғолибон ва ҷойҳои ишғолнамуда) дар сомонаҳои расмии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо ҷой медиҳад;

-тавассути воситаҳои ахбори омма тарғиби васеи рафти баргузорӣ ва натиҷаҳоиолимпиадаро ба роҳ мемонад;

-бо Кумитаи тадорукотии олимпиадаҳои байналмилалӣ робита барқарор менамояд.

4.6. Кумитаи тадорукоти даврҳои олимпиада вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

-роҳбарии умумиро оид ба омодагӣ, ташкил ва баргузорииолимпидаро таъмин менамояд;

-ҳайати комиссияҳои методии фаннӣ, доварон,комиссияи апеллятсиониро оид ба ҳар фан, ҷой, муҳлати баргузориидаврҳои олимпиадаро муайян ва барои тасдиқ ба ташкилкунандагони олимпиада пешниҳод менамояд;

-супоришҳои олимпиада вашарҳи таъминоти зарурии методӣ-техникиробарои иҷрои супоришҳо, ки аз ҷониби комиссияи методии фаннии даврҳои олимпиада омода гардиданд, тасдиқ менамояд;

-тартибу меъёр ва тарзи баҳогузории корҳои иштирокчиёни олимпиадаро вобаста ба мураккабӣ ва шакли супоришҳо, ки аз ҷониби комиссияи методии фаннии даврҳои олимпиада дар асоси тавсияҳои методии комиссияи методии фаннии ҷумҳуриявӣ омода мегарданд, тасдиқ менамояд;

-номгӯи маводи иттилоотии иловагӣ, ки барои истифодабарӣ иҷозат дода шудаанд тасдиқ менамояд;

-ҳангоми  баргузории олимпиада шаффофиятро таъмин менамояд;

-тартиби ба рамз даровардани корҳои иштирокчиёни олимпиадаро муқаррар менамояд ва ба роҳ мемонад;

-дар раванди баргузории олимпиада ба ҳар як иштирокчӣ ҷойи нишаст ва дар фаъолияти фардӣ таҷҳизоти заруриро (тибқи талаботи ҳар як фанимконоти баробар ва ҷавобгӯ ба қоидаву меъёрҳои санитарӣ-эпидемиологӣ) таъмин менамояд;

-раванди сабти номи иштирокчиёнро барои дида баромадани корҳои апеллятсионӣ таҳия ва тасдиқ мекунад;

-масъалаҳои баҳсиеро, ки дар раванди баргузории олимпиада пайдо мешаванд, дида мебарояд;

-махфияти супоришҳои олимпиадаро оид ба ҳар як фан таъмин намуда, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгариро бар дӯш мегирад;

-дар асоси протоколи ҳайати доварон ғолибон ва мукофотгирандагони олимпиадаро муайян намуда, ба ташкилкунандагони олимпиадабарои тасдиқва сарфароз гардонидан бо ифтихорномаҳо, медал ва туҳфаҳои (моливу пулӣ) хотиравӣ пешниҳод менамояд;

-натиҷаҳои олимпиадаро ҷамъбаст намуда, рӯйхати ғолибонро барои иштирок дар даврҳои минбаъдаи олимпиада ба ташкилкунандагониолимпиада пешниҳод мекунад;

-аз рӯи натиҷаи олимпиада рейтинги ғолибонро муайян намуда, онро мувофиқи имконият дар сомонаҳои расмии марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо ҷой медиҳад;

-иштироки ғолибон ва мукофотгирандагонро дар даври минбаъдаи олимпиада таъмин менамояд;

-оид ба корҳои анҷомдода ва натиҷаи ҷараёни баргузории олимпиада ба ташкилкунандагони олимпиада маълумот пешниҳод менамояд;

-оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти даврҳои олимпиада дар матбуоти даврӣ баромад менамояд.

 

5.Комиссияи методии фаннии олимпиада ва ҳайати доварон

 

5.1.Барои баргузории даврҳои олимпиада аз ҷониби Кумитаи тадорукоти ҷумҳуриявӣ, ноҳиявӣ ва вилоятӣ комиссияи методии фаннӣ ва ҳайати доварон ташкил карда мешавад, ки он аз ҷониби ташкилкунандагони олимпиада тасдиқ мегардад.

5.2. Ба ҳайати комиссияи методии фаннии олимпиада кормандони илмӣ, педагогӣ, олимон,мутахассисон,омӯзгорони ботаҷрибаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олии касбӣ шомил мегарданд.

5.3. Комиссияи методии фаннииҷумҳуриявӣ вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

-талаботро оид батартиби ташкил ва баргузории даври сеюм ва чоруми олимпиада таҳия менамояд;

-ба комиссияҳои методии фаннии даврҳои олимпиада, ҷиҳати таҳияи талабот оид ба тартиби ташкил ва баргузории олимпиада, таҳияи супоришҳои олимпиада, тартибу меъёр ва тарзи баҳогузории корҳои иштирокчиён тавсияҳои методӣ пешниҳод менамояд;

-супоришҳои олимпиадаро мутобиқ ба барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, барномаҳои мураккаби таълими равиявӣ ва берун аз онбарои даври сеюм (минтақавӣ) таҳия менамояд;

-ғолибони даври чоруми олимпиадаро ҷиҳати омода намудан барои иштирок даролипиадаҳои байналмилалӣ пешниҳод менамояд;

-ба Кумитаи тадорукоти ҷумҳуриявии олимпиада оид ба корҳои анҷомдодаи худ ва натиҷаи ҷараёни баргузории олимпиада маълумот пешниҳод менамояд;

-интихобан корҳои санҷидашудаи яке аз даврҳои олимпиадаро аз нав дида мебарояд;

-барои муҳофизат ва нигоҳдории супоришҳои олимпиада ва кори иштирокчиёни олимпиадамасъул буда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонҷавобгариро бар дӯш мегирад.

5.4. Комиссияи методии фанниидаврҳои олимпиада вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

-талаботро оид ба қоидаҳои ташкил ва баргузории даврҳои олимпиада дар асоси тавсияҳои Комиссияи методии ҷумҳуриявӣ таҳия менамояд;

-дар асоси тавсияҳои Комиссияи методии фаннии ҷумҳуриявӣ супоришҳои олимпиадаро мутобиқ ба барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, барномаҳои мураккаби таълими равиявӣ ва берун аз он, меъёр ва тарзи баҳогузории корҳои иштирокчиёни олимпиадаро вобаста ба фанҳо таҳия менамояд;

-номгӯи маводи иттилоотии иловагиро, ки барои истифодабарӣ иҷозат дода шудааст, таҳия менамояд.

5.5. Санҷиши иҷрои кори иштирокчиёни олимпиадарокомиссияи фаннии доварон ба роҳ мемонад. Аъзои комиссияи методии фаннии олимпиада, ҳамзамон аъзои комиссияи фаннии доварони олимпиада шуда метавонад.

Ҳайати доварони олимпиада аз ҳар фан на камтар аз 3-7 нафар интихоб шуда, аз тарафи ташкилкунандагони олимпиада тасдиқ карда мешавад. Ба ҳайати доварон кормандони илмӣ, методӣ, олимон, мутахассисон, омӯзгоронимуассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олии касбӣ шомил мегарданд.

5.6. Барои даври ҷумҳуриявии олимпиада комиссияи фаннии доварон аз ҳар як фан аз ҳисоби мутахассисони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мегарданд.

5.7. Ҳамасола ба ҳайати умумии доварони даврҳои олимпиада тағйирот ворид карда мешавад.

5.8. Ҳайати доварони даврҳои олимпиада вазифаҳои зеринро иҷро менамоянд:

-ду соат пеш аз оғози олимпиада (дар даври 1-3) маводи санҷиширо дар мувофиқа бо Кумитаи тадорукот интихоб менамоянд ва бо протоколи маҷлис онҳоро ба расмият медароранд;

-махфияти супоришҳои олимпиадаро оид ба ҳар як фан таъмин намуда, барои паҳн нашудани он мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгариро бар дӯш мегиранд;

-маҷмӯи супоришҳои олимпиада, шарҳи таъминоти зарурии методӣ-техникиро барои иҷрои супоришҳои олимпиада ба роҳ мемонанд;

-корҳои иштирокчиёни олимпиадаро, ки аз ҷониби Кумитаи тадорукот рамзмонда шудааст, дар асоси талаботи меъёри баҳогузорӣ санҷида, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои санҷиши босифат ва баҳогузории дуруст ҷавобгариро бар дӯш мегиранд;

-иштирокчиёни олимпиадаро бо натиҷаи корҳояшон шинос менамоянд;

-дар мавриди зарурӣ (дар вақти апеллятсия)корҳои хаттии иштирокчиёнро дар ҳузури онҳо таҳлил менамоянд;

-арзу шикоятҳои иштирокчиёнро таҳлил намуда, ҷавоби асоснок медиҳанд;

-ғолибон ва мукофотгирандагони олимпиадаро дар асоси холҳои бадастоварда, муайян намуда, натиҷаҳоро дар протокол сабт менамоянд;

-ба ташкилкунандагони олимпиада протоколи натиҷаи ҷамъбасти олимпиадаро барои тасдиқ пешниҳод менамоянд;

-ба ташкилкунандагони олимпиада аз натиҷаи иҷрои супоришҳои олимпиада маълумотномаи таҳлилӣ пешниҳод менамоянд;

-барои беҳтаршавии сифати ташкил ва гузаронидани олимпиада таклифу дархост пешниҳод менамоянд.

5.9. Дастрас гардонидани шакли электронӣ ва калиди рамзии супоришҳои олимпиада аз тарафи масъулони даврҳои олимпиада амалӣ мегардад.Муҳлати кушодани супоришҳои олимпиада дар асоси талаботи муқарраргардида сурат мегирад.

5.10.Фаъолияти Кумитаи тадорукот, комиссияи фаннии методӣ,ҳайати доварон дар асоси касбият, воқеъбинона, шаффофият ва дониши комили назариявию амалӣбаҳогузорӣ мегардад.

 

6. Тартиби ташкил ва баргузории олимпиада

 

6.1.Олимпиада ҳар сол аз моҳи сентябр то моҳи март гузаронида мешавад.

6.2.Даври якуми олимпиада то 20 октябр, даври дуюми олимпиада то 20 декабр, даври сеюми олимпиада то 20 феврал, даври чоруми олимпиада то 20 март гузаронида мешавад.

6.3.Муҳлат ва ҷойи баргузории даври якум, дуюм ва сеюми олимпиада аз тарафи Кумитаи тадорукоти даврҳои олимпиада, марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳру ноҳияҳо ва вилоят муайян гардида, даври якум бо фармоиши директори муассисаи таълимӣ, даври дуюм бо фармоиши мудири шуъбаи маориф, даври сеюм бо фармоиши сардори раёсати маорифба расмият дароварда мешавад.

6.4.Муҳлати баргузории даври сеюм(минтақавӣ) аз ҷониби Кумитаи тадорукоти минтақавӣ ва чоруми олимпиада аз ҷониби Кумитаи тадорукоти ҷумҳуриявӣ муайян ва бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

6.5.Иштирок дар даври якуми олимпиада озод буда, дар теъдоди иштирокчиён маҳдудият монда намешавад.

6.6.Шумораи иштирокчиёни даври дуюмро тибқи дархости Кумитаи тадорукоти мактабӣ, Кумитаи тадорукоти ноҳиявӣ (шаҳрӣ), Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳия (шаҳр) муайян менамояд ва бо фармоиши мудири шуъбаи маориф тасдиқ мегардад.

6.7.Шумораи иштирокчиёни даври сеюмро тибқи дархости Кумитаи тадорукоти ноҳиявӣ (шаҳрӣ),Кумитаи тадорукоти вилоятӣ (шаҳрӣ)муайян ва бо фармоиши сардори раёсати маориф тасдиқ мегардад.

6.8.Шумораи иштирокчиёни даври сеюм (минтақавӣ) ва чоруми олимпиадаро Кумитаи тадорукоти ҷумҳуриявӣтибқи дархости Кумитаи тадорукоти вилоятӣ (шаҳрӣ) ва Кумитаи тадорукоти минтақавӣмуайян мегардад ва аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

6.9.Дар даври якуми олимпиада аз ҳар як фанни таълимӣ ба таври иштироки озод хонандагони синфҳои 5- 11, дар даври дуюми олимпиада ғолибон ва мукофотгирандагони даври якум,дар даври сеюми олимпиада ғолибон ва мукофотгирандагони даври дуюм, дар даври чорум ғолибон ва мукофотгирандагони даври сеюм, ки ҷойҳои 1, 2 ва 3 –ро ишғол намудаанд, иштирок менамоянд.

6.10.Ғолибон ва мукофотгирандагонидаври дуюм ва сеюми олимпиада дар асоси протоколи ҳайати доварон аз ҷониби Кумитаи тадорукоти даврҳои олимпиада муайян ва бо фармоиши мудири шуъбаи маориф, сардори раёсати маориф тасдиқ мегарданд.

6.11.Ғолибон ва мукофотгирандагони даври сеюми олимпиада (минтақавӣ) дар асоси протоколи ҳайати доварон аз ҷониби Кумитаи тадорукоти минтақавӣ муайян ва бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад.

6.12.Рӯйхати ғолибон ва мукофотгирандагони олимпиадаро Кумитаи тадорукоти даврҳои олимпиада ба расмият дароварда, Кумитаи тадорукоти мактабӣ то 25 октябр ба Кумитаи тадорукоти ноҳиявӣ (шаҳрӣ), Кумитаи тадорукоти ноҳиявӣ (шаҳрӣ) то 25 декабр ба Кумитаи тадорукоти вилоятӣ (шаҳрӣ, минтақавӣ), Кумитаи тадорукоти вилоятӣ (шаҳрӣ, минтақавӣ) то 25 феврал ба Кумитаи тадорукоти ҷумҳуриявии олимпиада пешниҳод менамоянд.

6.13.Даври чоруми олимпиада аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо гузаронида мешавад.

6.14.Супоришҳои олимпиадаи ҷумҳуриявиро Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба мундариҷаи барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, барномаҳои мураккаби таълими равиявӣ ва берун аз онтаҳия менамояд. Таъбу нашр, бастабандӣ ва нигоҳдории маводи олимпиада дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

6.15.Дар даври чоруми олимпиада хонандагони синфи 11- 6 нафар аз гимназия, литсей, мактабҳои Президентӣ ва 6 нафар аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки ҷойҳои 1,2,3 (1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, 3 ҷойи сеюм)-ро ишғол намуданд,иштирок менамоянд.

6.16.Дастаҳо ба шарте ба даври чоруми олимпиада роҳ дода мешаванд, ки то 25 феврал ба унвони Кумитаи тадорукоти ҷумҳуриявӣ ҳисоботро дар бораи баргузории даври сеюми олимпиада ва дархост барои иштирок дар даври ҷумҳуриявии олимпиада пешниҳод намоянд.

6.17.Роҳбарони дастаҳо 2-нафарӣ аз ҳисоби кормандони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳру ноҳия ва вилоятҳо таъйин карда мешаванд.

6.18. Ғолибон ва мукофотгирандагони даври чоруми олимпиада аз ҳар як фанни таълимӣ дар асоси протоколи ҳайати доварон аз ҷониби Кумитаи тадорукоти ҷумҳуриявии олимпиада муайян ва бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд.

6.19. Ҷамъбасти натиҷаҳои даври чоруми олимпиада аз ҳар як фанни таълимӣ дар асоси протоколи аъзои ҳакамон тартиб дода мешавад ва бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад.

 

7. Шартҳои баргузории олимпиада

 

7.1. Олимпиадабарои хонандагони ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз рӯи супоришҳои зерин гузаронида мешавад:

Фанни забон ва адабиёти тоҷик:

супориши якум– иншо;

супориши дуюм- тест (саволҳои пӯшида: боинтихобияк ҷавобидуруст) ва луғат.

Фанни забони давлатӣ (тоҷикӣбарои синфҳои таълимашон бо забони ғайритоҷикӣ):

супориши якум – нақли хаттӣ;

супориши дуюм- тест (саволҳои пӯшида: боинтихобияк ҷавобидуруст) ва луғат.

Фаннизабон ва адабиёти рус(барои синфҳои таълимашон бо забони русӣ):

супориши якум – иншо;

супориши дуюм – тест.

Фаннизабони русӣ(барои синфҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ):

супориши якум – нақли хаттӣ;

супориши дуюм – тест.

Фаннизабони англисӣ:

супориши якум – нақли хаттӣ;

супориши дуюм –тест (саволҳои пӯшида: боинтихобияк ҷавоби дуруст. Шунавонидани матн (аудирование) ва навиштани ҷавобба миқдори муайяни саволҳо вобаста ба матн).

Фанни таърих (таърихи халқи тоҷик, таърихи умумӣ):

супориши якум — кори хаттӣ (навиштани ҷавоббасаволҳоипешниҳодшуда);

супориши дуюм – тест(саволҳои пӯшида: боинтихобияк ҷавобидуруст).

Фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ (ҳуқуқи инсон):

супориши якум — кори хаттӣ (навиштани ҷавоб ба саволҳои пешниҳодшуда);

супориши дуюм – тест (саволҳои пӯшида: бо интихоби як ҷавоби дуруст).

Фанни физика:

супориши якум – кори хаттӣ (ҳалли мисолу масъалаҳо);

супориши дуюм –тест (саволҳои пӯшида: бо интихоби як ҷавоби дуруст).

Фанни химия:

супориши якум – кори хаттӣ (ҳалли мисолу масъалаҳо);

супориши дуюм – тест (саволҳои пӯшида: бо интихоби як ҷавоби дуруст).

Фанни математика:

супориши якум -кори хаттӣ (ҳалли мисолу масъалаҳо);

супориши дуюм – тест (саволҳои пӯшида: бо интихоби як ҷавоби дуруст).

Фанни биология (экология):

супориши якум-кори хаттӣ (навиштани ҷавоб ба саволҳои пешниҳодшуда);

супориши дуюм – тест (саволҳои пӯшида: бо интихоби як ҷавоби дуруст).

Фанни география:

супориши якум-кори хаттӣ (навиштани ҷавоб ба саволҳои пешниҳодшуда);

супоришидуюм-тест (саволҳои пӯшида: бо интихоби як ҷавоби дуруст).

Фанни технологияи иттилоотӣ:

Иҷрои ҳалли мисолу масъалаҳо аз фанни технологияи иттилоотӣ пурра ба воситаи компютер бе истифодаи саволномаҳои тестӣ сурат мегирад (сохтани барнома ва мисолу масъалаҳо).

8.3.Барои иҷрои супоришҳои олимпиада5 (панҷ) соати астрономӣ ҷудо карда мешавад (4 соат барои кори хаттӣ ва 1 соат барои тест).

8.4.Ба фанҳои забони давлатӣ (тоҷикӣ), забони русӣ барои синфҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ ва забони англисӣ 3 (се) соати астрономӣ (2 соат барои нақли хаттӣ ва 1 соат барои тест) ва барои технологияи иттилоотӣ 5 соат ҷудо карда мешавад.

8.5. Меъёри баҳогузорӣ пеш аз оғози олимпиада ба хонандагон эълон гардида, пас аз анҷоми олимпиада иштирокчӣ китобчаи тест ва сиёҳнависи кори хаттиро бо худ мегирад.

8.6.Натиҷаи корҳои иштирокчиён аз рӯи миқдори холҳо ба ҷадвали рейтингӣ ҷой дода мешавад.

8.7.Натиҷаи корҳои иштирокчиён дар лавҳаи махсуси макони баргузории олимпиада, сомонаи расмии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сомонаи Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо ҷой дода мешавад.

 

9. Ҳуқуқ ва вазифаҳои иштирокчиёни олимпиада

 

9.1. Иштирокчиёни олимпиада ҳуқуқ доранд:

-қабл аз баргузории олимпиада аз ташкилкунандагон ва Кумитаи тадорукот оид ба шарт ва қоидаҳои баргузории олимпиада, тартиби пешниҳод ва гузаронидани апеллятсия маълумоти мушаххас гиранд;

-бо мақсади таъмини шаффофият ва эътимод ба холгузорӣ, довталабоне, ки аз холҳои гирифтаи худ розӣ нестанд, метавонанд ба комиссияи апеллятсионӣ ариза пешниҳод намуда, бо натиҷаи корҳои худ шинос шаванд.

9.2. Иштирокчиён вазифадоранд:

-дар соати муқарраргардида дар толоре, ки олимпида мегузарад, ҳозир шаванд;

-дар раванди баргузории олимпиада Низомнома, қоидаву талаботеро, ки аз тарафи ташкилкунандагони даври мактабӣ, ноҳиявӣ (шаҳрӣ), вилоятӣ (шаҳрӣ, минтақавӣ), ҷумҳуриявии олимпиада вобаста ба ҳар як фанни таълимӣ тасдиқ шудаанд, риоя намоянд;

-дар толорҳое, ки олимпиада мегузарад, гаштугузор ва гуфтугӯ накунанд, то ҷамъбасти озмун қоидаҳои тартиботи олимпиадаро риоя намоянд.

9.3. Иштирокчиёне, ки дар рафти баргузории олимпиада сабабгори ба миён овардани муноқиша ё низоъ мегарданд, аз олимпиада барканоркарда мешаванд ва аз ҳуқуқи иштирок дар олимпиадаҳои минбаъдаи ҳамон сол низ маҳрум мегарданд.

9.4.Дар рафти баргузории олимпиада истифодаи ягон намуди мавод, телефони мобилӣ, дигар намуди воситаҳои электронӣ ва алоқа манъ аст.

9.5.Довталабон ба даври чоруми Олимпиада танҳо бо доштани шиноснома роҳ дода мешаванд.

9.6.Дар ҳолати риоя накардани талаботи Низомномаи мазкур ташкилкунандагони олимпиада ҳуқуқ доранд, ки дар асоси санади тартибдодашуда довталабонро аз ҳуқуки иштирок намудан дар олимпиада маҳрум созанд.

                                                                    

10. Комиссияи апеллятсионӣ

 

10.1. Ҳайати доварон ва комиссияи методии фаннии олимпиада дар навбати худ комиссияи апеллятсионӣ ба ҳисоб мераванд ва дар ҳолати пайдо шудани баҳсҳо экспертҳои касбиро метавонанд даъват намоянд.

10.2.Довталабоне, ки аз холҳои гирифтаи худ розӣ нестанд, метавонанд ба комиссияи апеллятсионӣ ариза пешниҳод намоянд. Комиссияи апеллятсионӣ вазифадор аст, ки то ҷамъбасти олимпиада аризаи довталабонро санҷида, баҳои дақиқии кори онҳоро муайян намояд.

Баррасии апеллятсия бо иштироки худи иштирокчии олимпиада гузаронида мешавад.

10.3. Апеллятсия дар ҳолате иҷозат дода мешавад, ки агар иштирокчӣ 40%-и холҳои имконпазири ҳадди аксарро соҳиб гардида бошад.

10.4.Қарори доварон оид ба тағйир додан ва ё бетағйир монондани натиҷаҳои холҳои баровардашуда пас аз дида баромадани корҳои апеллятсионӣ дар сурати тағйир ёфтани холҳо санад тартиб дода мешавад.

 

11. Ҷамъбасти натиҷаҳои олимпиада

 

11.1.Олимпиада аз рӯи натиҷаҳои ҳар як давр ҷамъбаст мегардад ва ғолибон аз рӯи натиҷаҳои ниҳоии холҳо муайян карда мешаванд.

11.2.Барои ғолибони даври якум, дуюм, сеюм ва чоруми олимпиадааз ҳар як фанни таълимӣ 6 ҷой (1 ҷойиякум, 2 ҷойи дуюм ва 3 ҷойи сеюм)муқаррар карда мешавад.

Бароигимназия, литсейҳо, мактабҳоиПрезидентӣ: 6 ҷой (1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм ва 3 ҷойи сеюм).

Барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 6 ҷой (1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм ва 3 ҷойи сеюм).

11.3.Дар сурати баробар будани холҳои ғолибони олимпиада ҷойҳои ишғолнамуда иловатан дода мешаванд.

11.4.Дар асоси меъёрҳои баҳогузории олимпиада, ғолибони олимпиада аз ҳар як фанни таълимӣ аз рӯи рейтинги холҳо муайян карда мешаванд (масалан: довталабоне, ки аз холи супоришҳои умумии фаннӣ 50% ба даст овардаанд, ба давраҳои ниҳоӣ роҳхат мегиранд).

11.5.Ғолибони даври якум, дуюм, сеюми олимпиада бо Ифтихорнома, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

11.6. Намунаи медал, Ифтихорнома,Тавсиянома барои даври ҷумҳуриявии олимпиада аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  намунаи медал, Ифтихорнома барои даври якум, дуюм, сеюми олимпиада аз ҷониби ташкилкунандагони ҳар як даври олимпиада тасдиқ карда мешавад.

11.7.Ғолибони ҷойи якуми даври чоруми олимпиада дар сурати ба даст овардани холҳои муайянгардида (аз 90 то 100 хол) бо туҳфа, медал, «Ифтихорнома» ва «Тавсиянома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гашта, ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар сурати мувофиқат кардани фан ба ихтисостариқи суҳбат қабул карда мешаванд.

11.8.Ғолибони ҷойи якуми даври чоруми олимпиада бо туҳфа, медал ва «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гашта, ҳангоми дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар сурати мувофиқат кардани фан ба ихтисос ба натиҷаи бадастовардаи холҳои онҳо 100 бал илова мегардад.

11.9.Ғолибони ҷойҳои дуюми даври чоруми олимпиада бо туҳфа, медал ва «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гашта, ҳангоми дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар сурати мувофиқат кардани фан ба ихтисос ба натиҷаи бадастовардаи холҳои онҳо 75 бал илова мегардад.

11.10.Ғолибони ҷойҳои сеюми даври чоруми олимпиада бо туҳфа, медал ва «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гашта, ҳангоми дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар сурати мувофиқат кардани фан ба ихтисос ба натиҷаи бадастовардаи холҳои онҳо 50 бал илова мегардад.

11.11.Имтиёзҳои ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ҳангоми дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ танҳо дар соли хатми таҳсил ба инобат гирифта мешаванд.

11.12. Омӯзгороне, ки шогирдони онҳо дар даври чоруми олимпиада ҷойҳои 1,2-ро ишғол намудаанд, бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ва ҷойи 3-ро ишғол намуда бошанд, бо пешниҳоди раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.

 

12. Баргузории даври интихобӣ барои олимпиадаи байналмилалӣ

 

12.1.Бо мақсади интихоби дастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ рӯзи дуюми баргузории олимпиадаи ҷумҳуриявӣ даври интихобӣ байни хонандагоне, ки аз 50% холи баланд гирифтаанд, баргузор мегардад.

12.2.Даври интихобӣ аз фанҳои табиӣ–риёзӣ (математика, физика (астрономия), химия, биология (экология),технологияииттилоотӣ, мантиқ (вобаста ба фанҳоидақиқ) ва фанҳои забони русӣ ва англисӣ дар сурати зарурат аз дигар фанҳо бо мақсади муайян ва омода кардани хонандагони болаёқат барои иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣгузаронида мешавад.

12.3.Ҷойи баргузории даври интихобӣ барои олимпиадаи байналмилалӣ аз ҷониби Кумитаи тадорукоти ҷумҳуриявӣ муайян карда мешавад.

12.4.Ҳайати доварон барои ҳар як фанни таълимӣ ва комиссияи методии фаннӣ даври интихобӣ барои олимпиадаи байналмилалӣ аз ҷониби Кумитаи тадорукоти ҷумҳуриявӣ тасдиқ карда мешавад.

12.5.Саволномаҳои даври интихобӣ барои олимпиадаи байналмилалӣ мутобиқ ба мазмун ва мундариҷаи талаботи олимпиадаҳои байналмилалӣ тартиб дода мешавад.

12.6.Кумитаи тадорукоти ҷумҳуриявӣ рӯйхати ғолибони даври интихобиро барои олимпиадаи байналмилалӣ ба расмият дароварда, ба Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо пешниҳод менамояд. Хонандагоне, ки дар даври интихобӣ сазовори холи баланд гардиданд, ҳуқуқи иштирок даролимпиадаҳои байналмилалиро пайдо менамоянд.

 

13. Маблағгузории олимпиада

 

13.1.Ташкили нақлиёт аз ҷойи истиқомат то макони баргузории олимпиада, хизматрасонии тиббӣ, хароҷоти хӯрока, ҷойи хоби роҳбарони дастаҳо ва иштирокчиёни олимпиада дар даврҳои 1,2,3 (шаҳрӣ, ноҳиявӣ, вилоятӣ, шаҳри Душанбе) аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллии шаҳру ноҳия ва вилоятҳо, ки ҳар сол дар сметаи хароҷотӣ пешбинӣ мегарданд, таъмин карда мешавад.

13.2.Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо»барои хароҷоти рафти тайёрӣ ва гузаронидани даври сеюми олимпиада (минтақавӣ-ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ) ва даври чоруми олимпиада (ҷумҳуриявӣ) маблағгузориҳои зеринро ба зимма мегирад:

-маблағҳо барои хизматрасонии маданӣ-маишӣ ва тиббӣ(хӯрок, ҷойи хоби иштирокчиёни олимпиада вароҳбарони дастаҳо,саёҳат ба ҷойҳои фарҳангии ҷумҳурӣ, ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ), тайёр намудани медал, Ифтихорнома, Тавсиянома, харидории туҳфаҳои хотиравӣ, маводи конселярӣ, ба сафари хизматӣ фиристодани аъзои Кумитаи тадорукоти олимпиадаи минтақавию ҷумҳуриявӣ ва дигар хизматрасониҳо;

-маблағи ҷойи хоб, музди меҳнати аъзои Кумитаи тадорукот, комиссияи методии фаннӣ ва доварони даври ҷумҳуриявӣ ва минтақавии олимпиада (ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ).

13.3.Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» ва Кумитаи тадорукоти олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ҳуқуқ доранд барои дарёфти маблағҳои иловагӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ё маблағи шахсони ҳуқуқӣ истифода баранд.