Шӯрои машваратӣ оид ба ҳамоҳангсозии  фаъолияти Ҷамъияти илмӣ-эҷодии хонандагон

Таъсиси Шӯрои машваратӣ оид ба ҳамоҳангсозии  фаъолияти Ҷамъияти илмӣ-эҷодии хонандагон дар назди Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе”

Бо  мақсади  иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе таҳти №451-10 аз 25.09.2014 “Дар бораи  Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе барои солҳои 2015-2020”  ва беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти Ҷамъияти илмии хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ рӯзи 17-уми феврали соли 2018  вохӯрии корӣ дар Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ намояндагони Сарраёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳри Душанбе, як қатор директорони муассисаҳои таълимӣ ва 32 нафар роҳбарони Ҷамъияти илмии хонандагони муассисаҳои таълимии  шаҳр иштирок намуданд. Дар вохӯрии мазкур директори  Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе ” Асҳобиддини Шералӣ оид ба зарурати ҷоннок намудани фаъолияти ҶИХ дар муассисаҳои таълимиро қайд намуд.

Бо ташаббуси Марказ ва дастгирии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар муассисаҳои таълимии №№ 8, 12, 34,44,52 гим.№53,гим.№9, лист.№1 (ноҳияи Исмоили Сомонӣ), №№ 15, 36,39, 71, литсейи № 55, гимназияи №2 (ноҳияи Шоҳмансур),  №№37, 33,94,69, гим.№1, лит.№2, лит.Президентӣ, гим.Кафолат (нохияи Сино), №№ 51, 42, 5,77,28,24, гим.№74, гим.Ҳиммат, гим. Душанбе (ноҳияи Фирдавсӣ)   Ҷамъиятҳои  илмии хонандагон расман таъсис гардиданд.

Иштирокчиёни вохӯрӣ тавассути кор дар гурӯҳҳо оид ба мушкилот ва роҳҳои беҳтар намудани фаъолияти Ҷамъияти илмӣ-эҷодии хонандагон таклифу пешниҳодот ва тавсияҳои худро пешбарӣ намуданд. Яке аз ташаббусҳои назарраси Маркази рушди истеъдодҳо таъсис додани Шӯрои ҳамоҳангсозии  фаъолияти Ҷамъияти илмӣ-эҷодии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе  ба ҳисоб меравад. Дар назар аст, ки ин Шӯро дар самаранок намудани кори Ҷамъият дар муассисаҳои таълимӣ ва расонидани кӯмаки методӣ ба роҳбарони маҳфилу иттиҳодияҳои илмӣ, таҳқиқотӣ ва  лоиҳавии хонандагон  саҳми  босазо мебозад.