Истироҳатгоҳи омӯзишӣ-истироҳатӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе

Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 13 то 21 августи соли равон дар истироҳатгоҳи “Файзи истиқлол”-и ноҳияи Варзоб истироҳатгоҳи омӯзишӣ-истироҳатӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе баргузор гашта истодааст.
Бори аввал нест, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати дастгирӣ ва ҳавасманднамоии хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ намуда, барои онҳо шароити мусоиди таълиму тадрисро фароҳам овардааст. Ҷавобан ба ин ҳама ғамхориву дастгириҳои бевоситаи шаҳрдорӣ хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе дар озмуну мусобиқаҳо ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ пешсаф мебошанд.
Мақсад аз баргузории истироҳатгоҳ, фароҳам овардани шароити мусоиди истироҳатӣ, фароғатӣ ва омӯзишӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе мебошад, ки тавассути баргузории чорабиниҳои гуногуни маърифатию фароғатӣ амалӣ карда мешавад. Ҳамчунин рушди қобилиятҳои эҷодиву зеҳнии хонандагон аз ҳадафҳои асосии ташкили ин истироҳатгоҳ ба шумор меравад.
Фаъолият дар истироҳатгоҳ тибқи барномаи тасдиқгардида ба роҳ монда шуда, дар давоми рӯз чорабиниҳои гуногуни варзишӣ, фарҳангиву фароғатӣ ва омӯзишӣ гузаронида мешаванд, ки истироҳаткунандагон бевосита барои ташкил ва гузаронидани онҳо саҳм мегузоранд.
Аз ҷумла, ҳар субҳи истироҳатгоҳ аз машқу тамринҳои варзишии пагоҳирӯзӣ оғоз гардида, дар раванди он тамрини бадан, бозиҳои футболу волейбол гузаронида мешавад, ки барои обу тоб додани бадан ва мустаҳкам намудани саломатиашон мусоидат менамояд. Нимаи аввали рӯз барои истироҳаткунандагон машғулиятҳои омӯзишӣ дар мавзуъҳои мухталиф аз ҷониби омӯзгорон гузаронида шуда, ба ин васила ҷаҳонбинии истироҳаткунандагон васеъ мегардад ва барои баён кардани фикру ақидаҳо имконият фароҳам оварда мешавад. Маврид ба ёдоварист, ки машғулиятҳои омӯзишӣ дар мавзуъҳои барои кӯдакону наврасон шавқовару ҷолиб гузаронида шуда, қисми зиёди онҳо ба таври амалӣ, яъне ҷалби бевоситаи истироҳаткунандагон гузаронида мешаванд.
Дар баробари ин, барои баланд бардоштани завқи эстетикии истироҳаткунандагон, муаррифии маҳорату истеъдод ва қобилияти наврасон ҳар шом чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ба монанди “шоми дӯстӣ”, “шоми шеъру тарона”, “шоми ҳаҷву мутоиба”, “шоми истеъдодҳо” ва ғайра ташкил ва гузаронида мешаванд. Барои баргузор гардидани ин чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ истироҳаткунандагон ба гурӯҳҳо тақсим шуда, дар гурӯҳҳои худ аз нисфирӯзӣ то шом ба ин чорабиниҳо омодагӣ мебинанд. Пас аз интиҳои чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баромади гурӯҳҳо аз ҷониби ҳайати ҳакамон холгузорӣ карда мешавад. Дар ҷамъасбти истироҳатгоҳ гурӯҳи аз ҳама фаъоле, ки соҳиби холи бештар гардидааст, ғолиб дониста мешавад ва бо туҳфаҳои хотирави сарфароз гардонида мешавад. Метавон гуфт, ки тамоми фаъолияти истироҳаткунандагон дар истироҳатгоҳ дар шакли озмун сурат мегирад.
Муддати чор рӯзи сипаригардида аз рӯи барнома ба истироҳаткунанагон доир ба мавзуъҳои санъати суханварӣ, фарҳанги истифодабарии телефони мобилӣ ва бехатарӣ дар интернет дарсҳои омӯзишӣ гузаронида шуданд, ки мутасаддиёни маркази рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе ва намояндагони ширкати мобилии Tcell моҳияти мавзуъҳоро муфассал ба хонандагон фаҳмонданд.
Ҳар шом истироҳаткунандагон бо пешниҳоди барномаҳои фароғатию фарҳангӣ табъи ҳамагонро болида мегардонанд. Чунин маҳфилу чорабиниҳои зеҳниву илмӣ ва дарёфти истеъдодҳои навин миёни хонандагон шомҳои дигар низ дар назар аст.