Барномаи таълимии иттиҳодияи таълимии «ТАБИАТШИНОСОН»

Биология ҳамчун ҷузъи фанҳои табиатшиносӣ ба омӯзиши организмҳои зиндае, ки бо ҳамдигар робитаи зич доранд, машғул аст. Хонанда тавассути омӯзиши ин фан ба масъалаи пайдоиши ҳаёт, паҳншавии он дар кураи замин, шаклҳои мухталифи ҳаёт, алоқамандӣ ва тафовути табиати зинда ва ғайризинда, қонуниятҳои умумии табиати зинда, пайдоиши одам ва мавқеи он дар табиати органикӣ  шинос мешавад.

Солиёни зиёдест, ки таълим чун бахши муҳимтарини фаъолияти омӯзгорӣ мавриди мулоҳизот ва таҳлилу тавсифи густурдаи олимон ва мутахассисони соҳа қарор гирифтааст. Онҳо ҳадаф ва ҷабҳаҳои мухталифи раванди таълимро муайян намудаву тафсир бахшидаанд.

Аз тарафи психологияи педагогӣ ба таълим қонуни азхудкунии зерин ворид гаштааст: қабул кардан – сарфаҳм рафтан – ба хотир гирифтан – истифода бурда тавонистан – тафтиши натиҷа. Аз ин қонуният ягон қисмати он гирифта партофта намешавад, зеро онҳо ба ҳамдигар алоқаманданд: дарк кардан аз сарфаҳм рафтан вобаста аст, сарфаҳм рафтан аз хотирот, қабул кардан, фаҳмидан ва ғайра. Бинобар ҳамин кӯшиш ба харҷ бурдан лозим аст, ки ҳар як хонанда иштирокчии фаъоли таълим бошад ва мустаъқилона таҳлил ва хулоса бароварда тавонад. Муҳимаш дар он аст, ки хонандагон бояд пешниҳоди худро бо донишҳои назариявӣ асоснок намоянд.

Барномаи мазкур барои хонандагони синфҳои 9-11и муассисаҳои таълимӣ тартиб дода шудааст ва ба инкишофи тафаккури хонандагон равона гардидааст. Дар онҳо мустақилият, ҷаҳонбинӣ, нутқи шифоҳию таҳрирӣ ва доираи бинишу фаҳмиширо вусъат мебахшад, қобилияти истеъдодҳоро ошкор месозад.

Мақсад ва вазифаҳои барнома

  1. Таълимӣ: Дар хонандагон ташаккул додани фаҳмишҳои нави анатомо-физиологӣ, яъне дар бораи сохт, фаъолияти ҳаётгузаронӣ, муҳити сукунат, гуногуншаклии мавҷудоти зинда – бактерияҳо, занбурӯғҳо, растаниҳо, ҳайвонот ва одам, инчунин аҳамияти онҳо дар табиат маълумот додан.
  2. Вусъатдиҳанда: Кор кардан бо матн ва расмҳо, ҷудо кардани фикри асосӣ, ҳангоми баҳс аз мазмуни фаслҳо пайдо кардани ҷавоби саволҳо, кор кардан бо луғати истилоҳотӣ – биологӣ, истифода бурдани муқоисакунӣ, таҳлил, хулосабарорӣ ҳангоми мустақилона мутолиа намудани адабиётҳои иловагӣ ва пур кардани феҳристҳо (ҷадвалҳо). Дар хонандагон инкишоф додани тафаккури мантиқӣ ва зеҳнӣ, инчунин қобилияти эҷодкорӣ.

 

Мавзӯъҳо Назариявӣ Амалӣ Ҷамъ
1 Гуногунии табиати зинда. 34 34 68
2 Анатомия, физиология ва гигиенаи инсон. 18 18 36
3 Мафҳуми биологияи умумӣ. Муқаддима. 4 4 8
4 Назарияи ҳуҷайра. 6 6 12
5 Асосҳои генетика. Экология. Биосфера. 8 8 16
6 Ҳалли масъалаҳои биологӣ. 2 2 4
Ҳамагӣ 72 72 144

 

Самти  тарбиявии  машғулиятҳо

  1. Дар хонандагон ташаккул додани асосҳои ҷаҳонбинии  илмӣ;
  2. Инкишоф додани муҳаббат ба табиат, об, замин, тамоми мавҷудоти зинда, ҳимояи он;
  3. Мусоидат ва тарбияи эстетикии хонандагон;
  4. Оқилона истифода бурдани сарватҳои табиӣ;
  5. Бо мақсади тарбияи ҷисмӣ ва гигиенӣ ташвиқ додани риояи гигиенаи шахсӣ, тозагии маҳали зист, инчунин диққат додан ба қаду қомати хонандагон ҳангоми нишастан дар курсиҳо.

Дар барнома ба гузаронидани корҳои амалӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад ва дар он истифодаи асбобҳои техникӣ, аз ҷумла кор бо микроскоп, дуруст тайер кардани препаратҳои гуногун, мушоҳидаи объектҳои мухталиф ба эътибор гирифта шудааст.

Солҳои охир доир ба масъалаи истифодабарии технологияи компютерӣ суханҳои зиёд мераванд, бинобар ҳамин дар барнома тайёр кардани презентатсияҳо, слайдҳо, истифодабарии онлайн пурсишҳо ворид карда шудааст. Умуман, технологияи компютерӣ дар дарсҳои биология шахсият ва тафаккури эҷодии хонандагонро инкишоф медиҳад ва дар натиҷа:

  • шогирдон маводи таълимиро хубтару амиқтар мефаҳманд;
  • муносибати хонандагон бо ҳамдигар сифатан тағйир меёбад, онҳо нисбат ба якдигар бепарво намешаванд, балки дар байнашон дўстиву ҳамкорӣ ва меҳру шавқат мустаҳкам мегардад;
  • талабагон малакаҳое ба даст меоранд, ки дар зиндагӣ ва ҷомеа заруранд, масъалан масъулият, низом, одоби муошират, эҳтиром нисбат ба якдигар ва ғайра.

Ҳангоми ҷамъбасти ҳар як фасл корҳои санљишӣ (намудҳои гуногуни саволҳои тестӣ) гузаронида мешаванд.

Дар рафти машғулиятҳои амалӣ ба корҳои илмӣ – тадқиқотӣ низ аҳамият дода мешавад:

  • шунидани маърӯзаҳо;
  • рефератҳо;
  • маҷаллаҳои шифоҳӣ (дар ин қисм хонандагон доир ба дастовардҳои нави илмӣ дар соҳаи биология маълумот омода месозанд).

Аз доираи барномаи таълимии мавҷуда мо берун набаромадем, зеро барнома дар амалияи кори ҳар омўзгор раҳнамои асосӣ аст. Маҳз ҳамин чизро мо ҳангоми тартиб додани дастури методӣ ба назар гирифтем.

Ҳангоми ин дастурро омода сохтан адабиётҳои гуногун, маҷаллаҳо, адабиётҳои методӣ – оммавӣ, маълумотномаҳо истифода бурда шуданд.

Нақшаи таълимии иттиҳодияи таълимии

«ТАБИАТШИНОСОН»

(барои гуруҳҳои омодагӣ ва давомдиҳанда)

Мавзӯъ Назариявӣ Амалӣ Ҷамъ
I Мафҳуми биология. Муқаддима 2 2
II Сохти берунӣ, дарунӣ ва афзоиши 

растаниҳои гулдор

16 8 24
1 Шиносоии умумӣ бо растаниҳои гулдор 2 2 4
2 Сохти хуҷайра. Сабзиш ва тақсимшавии он. 2 2 4
3 Тухм. Сохт ва таркиби тухм. 2 2
4 Реша. Сабзиши ҷузъҳои реша. 2 2
5 Навда. Муғҷаҳои нашвӣ ва гулӣ. 2 2
6 Афзоиши нашвии растаниҳои гулдор. 2 2 4
7 Гул ва мева. Тудагулҳо ва аҳамияти онҳо. 2 2 4
8 Растанӣ-организми зинда 2 2
III Гуногунии гурӯҳи растаниҳо 20 8 28
1 Обсабзҳои сабз. Муҳофизати онҳо. 2 2
2 Обсабзҳои бӯр ва сурҳ 2 2
3 Ушнаҳо. Сохт ва афзоиши ушна. 2 2 4
4 Сохт ва афзоищи чилбанд. 2 2
5 Сарахсшаклон. Роли сарахсшаклҳо. 2 2
6 Лучтухмон. Гуногунии онҳо 2 2 4
7 Пушидатухмон-хамчун гурӯҳи олӣ 2 2 4
8 Растаниҳои кишоварзӣ. Асосҳои парвариш. 2 2
9 Бактерияҳо, занбӯруғҳо, гулсангҳо 2 2 4
10 Растанӣ ва муњити атроф. Ҷамоаи растанӣ 2 2
IV Гуногуншаклии олами ҳайвонот 26 4 30
1 Таснифоти ҳайвонот. Соддатаринҳо 2 2
2 Типи рӯдаковокҳо. Тавсифи умумии тип. 2 2
3 Типи паҳнкирмҳо. Чораҳои мубориза. 2 2
4 Типи лӯндакирмҳо. Лӯндакирмҳои муфтхӯр. 2 2
5 Типи ҳалқакирмҳо. Аломатҳои онҳо. 2 2
6 Типи бандпойҳо. Хусусиятҳои онҳо. 2 2
7 Синфи харчангшаклон.

Сохти харчанги дарёӣ.

2 2 4
8 Синфи тортанакшаклон. Аҳамияти онҳо. 2 2 4
9 Синфи ҳашарот. Қаторҳои асосии онҳо. 2 2
10 Ҳашарот — зараррасони боғ ва ҷангал. 2 2
11 Занбӯри асал. Асалпарварӣ. 2 2 4
12 Типи нармбаданҳо. Тарзи ҳаётгузаронии онҳо 2 2
13 Зинаҳои асосии инкишофи ҳайвонот. 2 2
V Типи хордадорон. Гурӯҳҳои таснифоти моҳиҳо 20 10 30
1 Синфи моҳиҳо. 2 2 4
2 Синфи обхокиҳо. Афзоиш, инкишоф ва

пайдоиши онҳо

2 2
3 Синфи хазандаҳо. Афзоиш, инкишофи онҳо. 2 2
4 Синфи парандаҳо. Гуногунии парандаҳо. 2 2 4
5 Мухофизат намудани парандаҳо. 2 2
6 Синфи ширхурон. Пайдоиши ширхӯрон. 2 2
7 Афзоиш ва инкишофи ширхӯрон. 2 2
8 Сумдорони Тоҷикистон . 2 2
9 Нақшаи ширхӯрон дар табиат. 2 2
10 Инкишофи олами ҳайвонот дар рӯи Замин. 2 2
11 Экскурсия  ба табиати  маҳали зист

ва боғи ҳайванот

6 6
VI Анатомия, физиология ва  гигиенаи инсон 26 4 30
1 Системаи асаб. Аҳамияти нимкураҳои калон. 2 2
2 Ғадудҳои секретсияи дарунӣ 2 2
3 Системаи такяву харакат 2 2
4 Хун. Гигиенаи системаи дилу рагҳо. 2 2
5 Гардиши хун. Сохти дил. Гардиши лимфа. 2 2
6 Нафаскашӣ. Таъсири тамоку ба нафаскашӣ. 2 2 4
7 Хозима. Сохт ва функсияи узвҳои хозима. 2 2
8 Мубодилаи моддаҳо ва энергия 2 2
9 Пӯст. Ёрии аввалин хангоми сӯхтан. 2 2
10 Анализаторҳо. Аъзои ҳис. Аҳамияти аъзои ҳис. 2 2 4
11 Фаъолияти олии асаб. Реҷаи меҳнат 2 2
12 Инкишофи организми инсон 2 2
13 Саломатии одам ва муҳофизати он 2 2
Ҳамагӣ:       Ҳамагӣ: 110 34 144

 

Омўзгори  иттиҳодияи

таълимии «Табиатшиносон»                                                                           Хоҷамова М.Ю.