Барномаи таълимии иттиҳодияи таълимии «СУХАНОРО» аз фанни забон ва адабиёти тоҷик

Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимаи ҷаҳон ҳисоб меёбад. Тавассути  он наслҳои имрӯза аз таъриху фарҳанги бою рангини ниёгонамон бохабар гашта, барои пок нигоҳ доштан ва   рушду инкишофи он кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Њар як фарди тоҷик хуб дарк мекунад, ки забон рукн ва ҳастии ҳар як миллат аст. Забон яке аз муқаддасотест, ки тоҷикон мепарастанд ва эҳтиром мекунанд. Аз ин рӯ, омӯзиши онро ҳамчун фан дар муассисаҳо таълимӣ ба роҳ мондаанд.

Барномаи мазкур барои хонандагони болаёқати синфҳои 9 – 11 муассисаҳои таълимӣ мебошад, ки  аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дониши хуб доранд,   ҳамчунин  иштирокчии олимпиада мебошанд.

Мақсад ва вазифаҳои барномаи таълимӣ:

  • ба хонандагон дар бораи забони адабии ҳозираи тоҷик маълумот додан;
  • такмил додани нутқи шифоҳӣ ва хаттии толибилмон;
  • таҳким бахшидани донишҳои доир ба имло ва аломатҳои китобат гирифтаи хонандагон;
  • омӯзонидани қоидаҳои навишти намудҳои гуногуни корҳои хаттӣ (диктант, нақли хаттӣ, эссе, иншо);
  • донишомӯзонро аз маърифату фарҳанги ниёгон бохабар карда, барои истифода аз мероси гаронбаҳо омода кардан;
  • бедор кардани ҳисси худшиносӣ, дарки асли хеш ва расму суннатҳои фарҳангӣ;
  • инкишоф додани андешаву ақидаҳои толибилмон доир ба рӯзгори адибон, эҷодиёти онҳо, оид ба масъалаҳои муҳими адабӣ, иҷтимоӣ – фарҳангӣ;
  • парвариш ва рушди завқу рағбати хонанда ба мутолиаи китоб;
  • тарбияи маънавӣ ва камолоти шахсияти хонанда;
  • муҳайё кардани шароит барои қобияти эҷодии хонандагони болаёқат, кумак дар рушди зеҳнӣ ва ақлонии онҳо;
  • рушди тафаккури эҷодӣ ва интиқодии хонандагони болаёқат;
  • ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои фардӣ ва гурӯҳӣ бо лаёқатмандон;
  • гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ дар дохили иттиҳодияи таълимӣ;
  • кумак ва дастгирии тадқиқу ҷустуҷӯҳои ибтидоии илмии хонандагон;
  • тайёр кардани хонандагон ба олимпиада, озмунҳои сатҳи шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ;
  • ҷамъбаст ва натиҷаҳои  кор бо хонандагони болаёқат.

Вазифа ва мақсадҳои мазкурро бо истифода аз роҳу усулҳои гуногуни таълим метавон амалӣ кард,  аз ҷумла, ҳуҷуми зеҳнӣ, мубоҳиса, тадқиқот, мушоҳида, бозиҳои лингвистӣ, рӯзномаи дубахша, кори гурӯҳӣ, кори дунафара ва кори фардӣ.

Дар барномаи мазкур диққати ҷиддӣ ба машғулиятҳо оид ба навиштани  корҳои хаттӣ, инкишофи нутқ, корҳои эҷодӣ дода шудааст, аз ҷумла диктант, нақли хаттӣ, иншо мутолиаи асрҳои насрӣ, аз бар намудани асарҳои манзум яке аз қисмҳои муҳими барномаи мост.

Омӯхтани забон, бо он озодона сухан гуфтан ва босаводона навиштан вазифаи ҳар як соҳибзабон  аст. Аз ин рӯ, дар мактабҳо забони тоҷикӣ яке аз фанҳои муҳиму  асосӣ омӯхта мешавад. Мувофиқи барномаи таълимии забон тоҷикӣ  ба хонандагон фонетика, калима (луғат), калимасозӣ, морфология, синтаксис, услуб (тарзи баён), имло, аломатҳои китобат ва меъёрҳои забони адабӣ омӯзонида мешавад. Барномае, ки ин ҷо пешниҳод гардидааст, бо назардошти асосҳои равоншиносиву методӣ тартиб ёфтааст.Бо усулҳои фаъоли таълим омӯзиши забони тоҷикиро ба роҳ монда, қаблан, ҷиҳати рӯҳонӣ, майлу рағбат ва қобилияти хонанда ба инобат гирифта шудааст.

Қисмати муҳим ва махсуси  барнома  ба   машғулиятҳои адабиёт бахшида шудааст, зеро адабиёт, асарҳои бадеӣ  дар тарбияи ахлоқии хонандагон  нақши муҳим  мебозад.

Мақсади таълими адабиёт, пеш аз ҳама, шиносоӣ бо мероси адабии ниёгон, худогоҳии миллӣ ва тарбия мебошад. Маҳз бо омӯзиши  адабиёт тарбияи маънавии эстетикӣ, фаҳми дарки асари бадеӣ, фаҳми маънои сухан аз мавқеи санъатҳои бадеӣ, дарёфти арзишҳои ҳунарӣ ва ҳусну назокати суханварӣ имконпазир мегардад. Дар барномаи мазкур оид ба таърихи адабиёт, ҳаёту эҷодиёти адибон муштарак омӯзонида мешавад, зеро вақти омӯзиш бештар аст. Зиндагинома, мероси адабӣ ва мавзӯъҳои эҷодиёти адибон, таҳлили шеър ва асарҳои ҷудогонаи онҳо,  баёни арзишҳои тарбиявию ахлоқӣ дар ҷараёни машғулият рукнҳои муҳими таълими адабиёт аст.

Барнома аз 9 қисмат иборат аст, ки он мавзӯъҳои назариявӣ ва амалиро дар ҳаҷми 144 соат   дар бар мегирад.

Номгӯи бобҳо Соатҳо
Назариявӣ Амалӣ Њамагӣ
I Муқаддима. Маълумоти умумӣ дар бораи  таърихи  забон ва адабиёти тоҷик 4 4 8
II Фонетика (овозшиносӣ) 8 6 14
III Назарияи адабиёт. Маълумот дар бораи баъзе намояндагони адабиёт 16 28 44
IV Лексикология (луғатшиносӣ) 3 3 6
V Морфология (сарф) 11 11 22
VI Синтаксис (наҳв) 15 15 30
VII Аломатҳои  китобат 4 4 8
VIII Услубшиносӣ 2 2 4
IX Иншо ва тарзи навишти он 4 4 8
Миқдори умумии соатҳо: 67 77 144

 

Машғулиятҳои назариявӣ:

Барномаи таълимии мазкур барномаи муштарак  мебошад, дар он ҳам мавзӯъҳои забон ва ҳам мавзӯъҳои адабиёт ҷой дорад. Омӯзиши ҳар қисмати забоншиносӣ ба инкишофи тафаккур ва дониши  хонанда мусоидат мекунад:

  1. Оид ба забоншиносӣ: таърихи забон, марҳилаҳои инкишофи забони тоҷикӣ, грамматикаи забони тоҷикӣ, овозшиносӣ, луғатшиносӣ, морфология ва синтаксис ва пунктуатсия (аломатҳои китобат).
  2. Оид ба адабиётшиносӣ: назарияи адабиёт, ҷинсҳои бадеӣ ва жанрҳои адабӣ.
  3. Таърихи адабиёт: ҳаёт ва эҷодиёти адибон, маълумот доир ба асарҳои бадеӣ.

Машғулиятҳои амалӣ:

  1. Супоришҳои санҷишӣ ва эҷодӣ: саволномаҳо ва тестӣ.
  2. Диктантҳо, нақли хаттӣ, эссе ва иншо.
  3. Таҳлили матнҳо.
  4. Корҳои илмӣ – тадқиқотӣ (кор бо адабиётҳои гуногун, кор бо луғат, рефератҳо, маърӯзаҳои илмӣ).

Самти тарбиявӣ:

Дарс – саёҳатҳо ба осорхонаҳо, Китобхонаи миллӣ, ҷойҳои таърихӣ, вохӯрӣ бо адибону олимон, барномаҳои фарҳангӣ – маърифатӣ, тамошои филм, намоишномаҳо дар театр.

Айёниятҳо:

Таҷҳизотҳои таълимӣ  дар шакли таблитсаҳо, овезаҳо, варақчаҳо, видеофилмҳо (оид ба ҳаёт ва фаъолияти адибон, асарҳо, сабти дарсҳои кушод), филмҳои бадеии дар асоси  асарҳо ба навор гирифта шуда.

Нақшаи таълимии иттиҳодияи таълимии

«СУХАНОРО»

аз фанни забон ва адабиёти тоҷик

(барои синфҳои 5-7 дар соли таҳсили 2017-2018)

 

Сармавзӯъ ва мавзӯъчаҳо назариявӣ амалӣ ҷамъ
I Муқаддима 2 2
II Маълумоти умумӣ дар бораи забон 2 2
1 Забон — воситаи муошират. Пайдоиши забон ва инкишофи он. 2
III Адабиёти  шифоҳӣ 2 2 4
1 Адабиёти шифоҳӣ – манбаи адабиёти китобӣ . Жанрҳои  адабиёти шифоҳӣ 2
2 Зарбулмасалу  мақолҳо 2 2
IV Фонетика (овозшиносӣ) 6 6 12
1 Алифбо. Овозҳои садонок ва ҳамсадо 1 1

(Бозиҳои шавқовари «Ҳичоҳои пароканда»)

2
2 Имлои И ва Ї-и дароз 1 1 2
3 Имлои садоноки Э 1 1 2
4 Имлои садонокҳои У ваЎ 1 1 2
5 Њамсадои Ъ (айнъ) 1 1 2
6 Ҳодисаҳои фонетикӣ 1 1 2
V Адабиёти  классикӣ 16 16 32
5.1. Абӯабдуллоҳи  Рӯдакӣ 2 2 4
1 Рӯзгор ва осори Рӯдакӣ. 2 2
2 Пандҳои  Рӯдакӣ 2

(Дарс – озмуни «Рӯдакихонӣ»)

2
5.2. Абулқосим  Фирдавсӣ 1 3 4
1 Дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ. Шоҳбайтҳои «Шоҳнома» 1 1

Тамошои порчаҳо аз филми«Коваи

оҳангар»

2
2 Кори  хаттӣ 2 2
VI Луғатшиносӣ 3 3 6
1 Калима. Маънои аслӣ ва маҷозии калима. Калимаҳои маҷозӣ дар «Модарнома» — и Лоиқ 1 1

(Навиштани мақола )

2
2 Фразеология (Таъбирҳо.) Мавқеи таъбирҳо дар нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ 2

 

2
3 Манбаъҳои пайдоиши  таъбирҳо. 2

Гузаронидани бозиҳои шавқовари таълимӣ)

2
VII Морфология (сарф ) 13 15 28
1 Маълумоти умумӣ дар бораи ҳиссаҳои нутқ. Аломатҳои морфологии ҳиссаҳои нутқ. 1 1

(Викторина)

2
2 Исм. Хелҳои  исм. 2

(Муҳокима  ва истифодаи бозиҳои шавқовар)

2
3 Имлои исмҳо. Ихтисораҳо  дар исм. 1 1

(Диктанти санҷишӣ

2
5 Сифат. Сифатҳои аслӣ ва нисбӣ. Дараҷаҳои сифат. 1 1

Сифатҳои аслӣ ва нисбӣ дар ашъори М.Турсунзода

2
6 Сохти сифатҳо. Имлои сифатҳо. 1 1 2
7 Сифати феълӣ ва имлои он.  Таълими сифати феълӣ ва сохтори он бо методҳои мухталиф. 1 1

(Гузаронидани  «Дарси кушод»).

2
8 Феъл. Намудҳои феъл. Феълҳои гузаранда ва монда 2

(Таҳлили морфологӣ)

2
9 Сиғаҳои феъл 1 1 2
10 Феъли  ҳол–шакли махсуси  феъл 1 1 2
11 Шумора. Хелҳои шумора. Сохти шумора. Нумеративҳо 1 1

(Бозиҳои дидактикӣ)

2
12 Ҷонишин ва хелҳои он. 1 1

( Пурсиши тестӣ)

2
13 Зарф , аломатҳои  морфологии зарф 1 1

( Диктанти санҷишӣ)

2
5.3. Унсурулмаолии  Кайковус 2 2 4
1 Рӯзгори адиб. «Қобуснома» 2 2
2 Панду андарзи  Кайковус. (Шарҳи ҳикояҳои  «Қобуснома». 2

 

5.4. Умари  Хайём 2 2 4
1 Хайём – устоди рубоӣ. 2

 

2
2 Шуҳрати оламгири рубоиёти Хайём. Қироати  рубоиёти Хайём. 2

( Мушоира бар ашъори Умари Хайём )

2
14 Ҳиссаҳои  номустақили  нутқ

Пайвандакҳо

1 1 2
15 Пешоянду пасояндҳо 1 1 2
VIII Вазни шеъри тоҷикӣ ва санъатҳои бадеӣ 4 6 10
1 Кофия ва радиф 2 2
2 Ҳиҷо, рукн ва вазни шеър 2 2
3 Ташбеҳ 2 2
4 Истиора 2 2
5 Таҷнис 2 2
5.5. Низомии  Ганҷавӣ 2 2 4
1 Рӯзгор ва осори Низомӣ (мухтасар). Низомӣ – бузургтарин  достонсаро. 2 2
2 «Хамса»  ва  таркиби он. 2

Нақли хаттӣ: «Кӯдаки маҷрӯҳ»

2
5.6. Аттори  Нишопурӣ 2 2 4
1 Фаъолияти эҷодии Аттор 2 2
2 Шарҳи  ҳикояҳо аз «Мантиқ – ут — тайр» 2 2
IХ Cинтаксис (наҳв) 8 8 16
1 Ибора. Алоқаи калимаҳо дар ибора. 1 1

(Диктанти «Худамро месанҷам»)

2
2 Ҷумла. Аъзоҳои ҷумла 2 2
3 Хелҳои ҷумлаи сода. Мавқеи ҷумлаҳои сода дар  қиссаи «Дар орзуи падар»  -и К. Мирзоев 2 2
4 Љумлаи содаи яктаркиба ва дутаркиба 2

( Таҳлили синтаксисӣ)

2
5 Љумлаҳои хуллас ва тафсилӣ 1 1

(Навиштани нақл)

2
5.7. Ҳусайн  Воизи  Кошифӣ 2 2 4
1 Зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии Кошифӣ 2 2
2 Шарҳи ҳикояҳои «Анвори Суҳайлӣ» 2 2
5.8. Саъдии  Шерозӣ 2 2 4
1 Дар бораи  Саъдӣ , ҳаёт ва эҷодиёти ӯ. 2

(Тайёр кардани маърӯза)

2
2 «Бӯстон». Шарҳи ҳикояҳо. 2

Навиштани иншо: Панду андарз дар ашъори Саъдӣ

2
11 Синтаксис (давомаш) 4 2 6
12 Љумлаҳои чидааъзо 1 1 2
13 Нутқи айнан нақлшуда 2 2
14 Нутқи  мазмунан нақлшуда 1 1 2
5.9. Абдураҳмони Ҷомӣ 2 2 4
1 Зиндагӣ  ва мероси адабии Абдураҳмони Љомӣ . 2

 

Лексия — суҳбат

2
2 «Баҳористон». Андешаҳои панду ахлоқии адиб. 2

(Мушоира бар ашъори Љомӣ )

2
Х Аломатҳои китобат. 3 5 8
1 Аломати нуқта, савол, хитоб (мухтасар) 2

(Дарс-озмун  «Ҳусни хати кӣ зебо?»)

2
2 Аломати  нохунак 1 1 2
3 Аломати  тире 1 1

(Диктанти санҷишӣ)

2
4 Аломати баён (ду нуқта) 1 1 2
ХI Адабиёти  шӯравӣ 7 11 18
11.1. Садриддин Айнӣ 1 3 4
1 Фаъолияти эҷодии Садриддин Айнӣ.

 

2

( Дарс – саёҳат ба осорхонаи С.Айнӣ)

2
2 Асарҳои насрии Айнӣ ( «Ятим», «Одина», «Мактаби куҳна»,   «Қаҳрамони халқи тоҷик — Темурмалик») 1 1

Викторинаи адабӣ «Кӣ зуд меёбад?»)

2
11.2. Мирзо Турсунзода 2 2 4
1 Турсунзода ва эҷодиёти ӯ. Дарс–саёҳат ба  осорхонаи шоир. 2 2
2 Мавзӯи асосии силсилаи «Қиссаи Ҳиндустон» 2

( Пурсиши тестӣ аз ҳаёт ва эҷодиёти шоир)

2
11.3. Сотим Улуғзода 2 2 4
1 Мавзӯъ ва мундариҷаи асари «Субҳи ҷавонии мо» 2 2
2 Таҳлили образҳои асосии асар 2 2
11.4. Мирсаид Миршакар 2 2 4
1 Рӯзгор ва фаъолияти эҷодии адиб. 2 2
2 Ашъори ба бачагон бахшидаи шоир 2

(Мушоира аз  ашъори адибони муосир)

2
ХII Корҳои хаттӣ ва тарзи навиштани он 2 4 6
1 Диктант ва хелҳои он. Диктанти таълимӣ 2 2
2 Диктанти санҷишӣ 2 2
3 Нақли хаттӣ – омили муҳими омодашудан ба  иншонависӣ 2 2
  Ҳамагӣ 68 76 144

 

  Омӯзгори  иттиҳодияи                                                                                                               

   таълимии «Суханоро»                                                                                        Саидова Г.Қ.