Барномаи таълимии иттиҳодияи таълимии «РӮЗНОМАНИГОР»

Босуръат тағйирёбии фазои иттилоотии ҷомеа шаклҳои муосир ва ҷадиди таълиму тарбияро бо кўдакону наврасон тақозо менамояд. Воситаҳои нави иттилоот, аз қабили  шабакаҳои ҷаҳонии компютерӣ, телевизион, радио, шабакаҳои телефонҳои мобилӣ ба фазои фарҳангиву ҷаҳонбинии хонанда таъсироти бузург мерасонад.

Технологияҳои навини иттилоотӣ акнун на танҳо чун воситаи гирифтани рефератҳо аз Интернет ва бозиҳои компютерӣ, балки ҳамчун роҳи омўзиш ва ташаккул додани ҷаҳонбинии инсон гардидааст. Дар барномаи мазкур усулҳои таҳлил ва дарки сухани шифоиву чопӣ аз тарафи хонанда фаҳмонида мешавад, то ин ки худи ў малакаи ифода карда тавонистани фикрашро доир ба ҳодисаву воқеаҳои кишвар ва берун аз он, оид ба муҳити иҷтимоӣ, воқеаҳои сиёсӣ пайдо намояд. Ин ду ҷабҳаи ишорашуда  дар барномаи таълимии иттиҳодияи «Рўзноманигор» печ дар печ мебошад. Барномаи мазкур  ба хонандагони  синфҳои 7-11 нигаронида шудааст.

Дар барнома чунин шаклҳои машғулият ба нақша гирифта шудаанд:

  • Мубоҳисаҳои озоди эҷодӣ.
  • Бозиҳои нақшӣ
  • Иҷро намудани супоришҳои эҷодӣ
  • Усулҳои фаъоли ташаккули муошират
  • Корҳои амалӣ (омода намудани маводҳои чопӣ ва барои чоп ба рўзномаҳои даврии кишвар пешбарӣ намудан, ҳамкорӣ бо рўзномаи «Пайрав» (замимаи «Омўзгор»), барномаи радио «Насли Сомон»
  • Ҳимояи маърўзаҳои илмӣ дар Конференсияи илмӣ-амалии мактаббачагони шаҳр (март-апрел) ва сессияи илмии Академияи хурди улум (апрел-май).

Системаи машғулиятҳо тарзе устухонбандӣ шудаанд, ки дар ҳар як дарс хонанда ягон чизи навро меомўзад, фонди луғавиашро бой мекунад. Бо ин роҳ малакаи корҳои мустақилонаро дар жанрҳои гуногуни журналистика – мақола, хабар, тақриз, очерк, репортаж  сайқал  медиҳад.

Сармавзӯъ ва мавзўъчаҳо Назариявӣ Амалӣ Ҷамъ
Журналистикаи умумӣ
I Муқаддима 2 2
II Маълумот дар бораи таърихи инкишофи ВАО дар Тоҷикистон 6 2 8
III Маҳорати суханварӣ ва актёрӣ. 3 3 6
IV Эҷодиёти журналист 2 6 8
V Тарзи навиштани хабар 2 6 8
VI Жанри мақола ва очерк 2 4 6
VII Забони матбуот ва унсурҳои  сарфӣ 3 5 8
VIII Фоторепортаж ҳамчун унсури журналистика 6 4

 

10
IX Барномаи «Photostory» 7 9 16
X Истеъмоли калима ва истилоҳ  дар ВАО 5 5 10
XI Ғалатҳои забони матбуот дар кор фармудани  унсурҳои  сарфӣ 2 6

 

8
XII Ғалатҳо дар ҷумлабандии забони матбуот 4 8 12
XIII Санъатҳои бадеӣ 4 2 6
XIV Ибораҳои рехта, аломати китобат, маънӣ 14 4 18
XV Кор бо маърўзаҳои илмӣ 3 11 14
XVI Омодагӣ ба ҳимояи корҳои эҷодӣ дар бахши журналистика 4

 

6
Ҳамагӣ 65 79 144

 

Мақсади барнома:

Шинос намудани хонандагон бо касби рўзноманигорӣ чун  соҳаи эҷоди адабӣ-бадеӣ

Вазифаҳои барнома:

       I Инкишофдиҳанда

— инкишоф додани фикри тахаюлӣ ва мантиқӣ

— инкишоф додани малакаҳои эҷодии мактаббача

— аз худ намудани асосҳои маҳорати журналистӣ

     II. Таълимдиҳанда

— ташаккул додани малакаҳои кор кардан дар жанрҳои мухталифи

услуби публисистӣ

— аз худ намудани асосҳои маҳорати журналистӣ

       III.Тарбиядиҳанда

— ташаккул додани ҳисси эстетикӣ

— ташаккул додани асосҳои ахлоқии шаҳсияти журналисти оянда

Шаклҳои назорат ба инкишофи донишу малакаҳои рўзноманигори ҷавон

  • тарзи иҷрои корҳои мустақилона дар жанрҳои мухталифи
  • журналистика
  • иштирок дар семинар-практикумҳо оид ба мавзўъҳои омўхташуда
  • озмунҳои эҷодӣ
  • мақолаҳои нашршудаи хонандагон

Сохтори машғулиятҳо

  1. Қисмати ташкилӣ
  2. Мини-лексия оид ба асосҳои журналистика ва ВАО
  3. Инкишофи нутқи мураттаб (қироат, нақли хаттӣ ва шифоӣ)
  4. Машқҳои ҳаракат, ҳаракатҳои ритмикӣ-мусиқавӣ ҳангоми баромадҳо ва нутқронӣ
  1. Супоришҳои эҷодӣ

Талабот ба аъзои иттиҳодияи  «Рўзноманигор»

  • маҳорати таҳия намудани ахбори шифоӣ ва хаттӣ
  • маҳорати кор карда тавонистан дар жанрҳои гуногуни публисистӣ
  • маҳорати муошират кардан бо як  нафар ва аудиторияи калон
  • мустақилона таҳия ва таҳрир намудани мавод барои чоп дар
  • матбуот.

Таъмини таълимӣ-методӣ

  • нақшаи дарсҳо
  • маводҳои чопии матбуоти даврӣ аз рўйи мавзўъ
  • луғатҳо
  • видеосужаҳо, маводҳои электронӣ оид ба вазъиятҳои проблемавӣ
  • матнҳо барои таҳрир
  • компютер

Нақшаи таълимии иттиҳодияи таълимии

«РӮЗНОМАНИГОР»

аз фанни журналистика

Сармавзуъҳо ва мавзуъчаҳо Назариявӣ Амалӣ Ҷамъ
  Журналистикаи  умумӣ      
I Муқаддима. Системаи шаклҳои фаъолият. Маҷмўи иттилооти оммавӣ: радио, телевизион, рўзнома, маҷалла. 2 2
II Маълумот дар бораи  инкишофи ВАО дар Тоҷикистон 6 2 8
1 Матбуоти тоҷик. «Бухорои шариф», «Минбари халқ», «Омузгор», «Фирўза» 2

 

2
2 Телевизиони тоҷик. Фарқи телевизон аз дигар ВАО. Таҳияи барномаҳои телевизонӣ: коргардон, ассистент, ёварони коргардон, тасвирбардорон, садобардорон. 2

 

2
3 Радиои тоҷик. Радио дар солҳои Истиқлолият. 2 2
4 Эссе: Мавқеи ВАО дар ҷомеа 2 2
III Маҳорати суханварӣ ва актёрӣ 3 3 6
1 Қироати матни насрӣ ва назмӣ.  Ифодаи андеша. 2 2
2 Услуби бадеӣ-адабӣ. 1 1 2
3 Услуби коргузорӣ 2 2
IV Эҷодиёти журналист 2 6 8
1 Услуби журналистӣ. 1 1 2
2 Жанрҳои иттилоотӣ. Мусоҳиба. 1 1 2
3 Жанри хабар 2 2
4 Жанри  репортаж 2 2
V Тарзи навиштани хабар 2 6 8
1 Намудҳои хабар. 1 1 2
2 Истифодаи факту далел дар хабар. Љамъ ва коркарди маводҳои далелнок. 1 1 2
3 Таҳрири матнҳои хабарии хонандагон. 2 2
4 Услуби илмӣ 2 2
VI Жанри мақола ва очерк 2 4 6
1 Навиштани мақола 1 1 2
2 Шиносоӣ бо жанри очерк 1 1 2
3 Навиштани хабари мухтасар. 2 2
VII Ғалатҳо дар унсурҳои сарфӣ 3 5 8
1 Ғалатҳои грамматикии исм 2 2
2 Нуқсонҳои ҷумлаҳои сода 1 1 2
3 Ғалатҳои мувофиқ. Хабар бо мубтадо 2 2
4 Нуқсонҳои тартиби калима дар ҷумла 2 2
VIII Фоторепортаж ҳамчун унсури журналистика 6 4 10
1 Таҳлили фоторепортажҳо аз рўзномаву маҷаллаҳои даврӣ 2 2
2 Таҳлили фоторепортажҳо тариқи Онлайн 2 2
3 Таҳияи фоторепортаж «Як рўз аз ҳаёти мактабии ман» 2 2
4 Таҳияи фоторепортаж «Модари ман» 2 2
5 Баҳогузорӣ ба фоторепортажҳои таҳияшуда 2 2
IX Барномаи «Photostory» 7 9 16
1 Усули кор кардан бо барномаи «Photostory» 2 2
2 Тарзи таҳияи аксҳо дар барнома 1 1 2
3 Тарзи таҳияи матн аз рўйи аксҳо 1 1 2
4 Тарзи таҳияи матн бо забони англисӣ 1 1 2
5 Сужетнокӣ дар барнома 1 1 2
6 Истифодаи  оҳанг дар барнома 1 1 2
7 Оғоз ва анҷоми барнома 2 2
8 Кори мустақилона. Таҳияи «Photostory» дар мавзўйи «Олами кӯдакон «Photostory»» 2 2
X Истеъмоли калима ва истилоҳ дар ВАО 5 5 10
1 Бемавқеъ кор фармудани калима 2 2
2 Калимаҳои душворфаҳми арабӣ 2 2
3 Мушкилоти истилоҳ дар забон рўзнома 2 2
4 Такрори бемавриди калима дар забони матбуот 2 2
5 Ғалат дар калимасозии забони матбуот 1 1 2
XI Ғалатҳо дар унсурҳои сарфӣ 2 6 8
1 Ғалатҳои грамматикии исм 2 2
2 Ғалатҳо дар кор фармудани ҷонишинҳо 2 2
3 Ғалатҳо дар кор фармудани феъл 2 2
4 Нуқсонҳо дар кор фармудани ҳиссаҳои ёридиҳандаи нутқ 2 2
XII Ғалатҳо дар ҷумлабандии забони матбуот 4 8 12
1 Нуқсонҳои иборасозӣ дар забони матбуот 2 2
2 Нуқсонҳои ҷумлаҳои сода 2 2
3 Ғалати мувофиқати хабар бо мубтадо 2 2
4 Тартиби калима дар ҷумла 2 2
5 Нуқсонҳои ҷумлаҳои мураккаб 2 2
6 Нуқсонҳои ҷумлаи мураккаби тобеъ 2 2
XIII Санъатҳои бадеӣ 4 2 6
1 Ташбеҳ, таҷнис,муболиға 2 2
2 Жанри назм 2 2
3 Ќироати ғазал аз Муҳаммад Иқбол 2 2
XIV Ибораҳои рехта, аломати китобат, маънӣ 14 4 18
1 Ғалат кор фармудани воҳидҳои фразеологӣ 2 2
2 Тарҷумаи таҳтулафзии воҳидҳои фразеологӣ 2 2
3 Нуқсонҳои аломати китобат 2 2
4 Маъноҳои луғавию грамматикии вожаи  «Боз» 1 1 2
5 Ҳусни ҷумлабандӣ набояд осеб бинад 2 2
6 Як мавқеи корбурди пайвандаки «ки» 2 2
7 Назари С.Айнӣ ба иқтибосоти туркӣ ва русӣ 2 2
8 Аломати вергул дар ҷумлаи мураккаби тобеъ 1 1 2
9 Як мушкили гузоштан ё нагузоштани вергул 2 2
XV Кор бо маърўзаҳои илмӣ 3 11 14
1 Интихоби адабиёт ва сарчашмаҳо 2 2
2 Нақша ва бобҳои кори тадқиқотӣ 2 2
3 Кор бо поварақ ва иқтибосҳо 2 2
3 Таҳлили статистикӣ 2 2
4 Таҳрир ва кўтоҳ намудани иттилоот 2 2
5 Ороиши кори тадқиқотӣ 2 2
6 Таҳия намудани тезиси муаррифӣ 1 1 2
XVI Ҳимояи корҳои эҷодӣ дар бахши журналистика 4 4
1 Омода намудани маводҳои аёнӣ (электронӣ ва хаттӣ) 2 2
3 Ҳимояи корҳои илмӣ дар сессияи хурди улум 2 2
  Миқдори умумии дарсҳо: 65 79 144

 

Омўзгори  иттиҳодияи                                                                                                                         

таълимии «Рўзноманигор»                                                                                Салимова  Д. М