Барномаи таълимии иттиҳодияитаълимии «ТАЪРИХНИГОР»

Таърихи  халқи  тоҷик  яке  аз  фанҳои  асосии таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (новобаста аз забони таҳсил) ба  ҳисоб  меравад.  Ҳар  як  шаҳрванди  ҷумҳурӣ,  сарфи  назар  аз  кадом  миллат буданаш,  таърихи  халқи  тоҷикро  бояд  омӯзад  ва  саҳифаҳои  асосии  таърихи  ин сарзамин  ва  мардуми  онро аз худ намояд ва ба гузаштагони худ арҷ гузорад. Аз  ин рӯ, омӯзиши онро ҳамчун фан дар муассисаҳои таълимӣ ба роҳ мондаанд.

Барномаи мазкур барои  хонандагони синфҳои  9-11 муассисаҳои таълимӣ мебошад, ки аз фанни таърихи  халқи тоҷик дониши хуб доранд, ҳамчунин иштирокчиёни олимпиада мебошанд.

Мақсад ва вазифаҳои барномаи таълимӣ

  • ба хонандагон дар бораи таърихи халқи тоҷик маълумот додан;
  • донистани воқеаву равандҳо ва номҳову истилоҳҳои илмии таърихӣ;
  • ҳосил кардани тасаввуроти умумии таърихӣ;
  • пайдо намудани дониш, маҳорат ва малакаи таҳлили рӯйдодҳои   таҳлилӣ;
  • ошкор сохтани сабабҳову оқибатҳои воқеаҳои таърихӣ ва дарки робитаҳои воқеӣ миёни ҳодисаҳои таърихӣ;
  • дар амал истифода кардани дониш ва ташаккули  қобилияти   фикрӣ;
  • ба воқеаву равандҳои таърихӣ пайдо намудани ақидаҳои шахсии худ ва дифоъ карда тавонистани он;
  • инкишофи ҳаматарафаи шахсияти фард ва баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии ҷавонон;
  • кумак ва дастгирии тадқиқу ҷустуҷӯҳои ибтидоии илмии хонандагон;
  • тайёр кардани хонандагон  ба олимпиада, озмунҳо, викторинаҳои сатҳи шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ;
  • ҷамъбаст  ва натиҷаҳои кор бо хонандагони  болаёқат.

Вазифа ва мақсадҳои мазкурро бо истифодаи  роҳу усулҳои фаъоли таълим метавон амалӣ кард, аз ҷумла ҳуҷуми зеҳнӣ, мубоҳиса, тадқиқот, кори гурӯҳӣ, кори дунафара ва кори фардӣ.

Дар барномаи мазкур диққати ҷиддӣ ба машғулиятҳои оид ба навиштани корҳои хаттӣ ва аз худ намудани солномаҳои таърихӣ дода шудааст.

Омӯхтани таърих ва донистани асосҳои он барои ҳар як нафар аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Мувофиқи барномаи таълимии таърихи халқи тоҷик  дар мактабҳо ба хонандагон ба таври умумӣ омӯзонида мешавад. Барномае, ки ин ҷо пешниҳод  гардидааст, бо назардошти асосҳои психологиву методӣ тартиб ёфтааст. Бо усули фаъоли таълим омӯзиши таърихи халқи тоҷик ба роҳ монда шуда ,пеш аз ҳама,  ҳолати психикӣ, майлу рағбат ва қобилияти хонанда ба инобат гирифта мешавад.

Барнома аз 4 қисм иборат аст, ки он мавзӯъҳои назариявӣ ва амалиро дар ҳаҷми 144 соат дар бар мегирад.

Мавзӯъҳо Назария Амалӣ Ҷамъ
1 Дарси муқаддимавӣ 2 2
2 Таърихи халқи тоҷик (замони ориёиҳо) 18 6 24
3 Асрҳои миёна           (даври якум ва даври дуюм) 46 18 64
4 Асри нав (давраи нав) 42 12 54
Ҳамагӣ 108 36 144

 

Машғулиятҳои  назариявӣ

Барномаи таълимии мазкур ҳамаи давраҳои таърихро фаро мегирад. Омӯзиши ҳар як давра ба инкишофи тафаккури ва ҷаҳонбинии хонанда мусоидат мекунад.

  1. Оид давраи якум , яъне замони ориёиҳо, хонанда метавонад марҳилаҳои гуногуни ташаккулёбии халқи ориёнро аз давраи пайдоиш то ба вуҷуд омадани муносибатҳои  феодалӣ аз худ намояд.
  2. Оид ба давраи дуюм, яъне асрҳои миёна, хонанда метавонад марҳилаҳои рушди муносибатҳои феодалиро дар Осиёи Марказӣ дар ду давраи инкишоф омӯзад.
  3. Оид ба давраи сеюм, яъне асри нав (давраи нав), хонанда метавонад давраи инкишофи муносибатҳои сармоядориро аз давраи инкишоф то замони ҳозира омӯзад.

Машғулиятҳои  амалӣ

  1. Супоришҳои санҷишӣ, саволомаҳо ва тест.
  2. Аз худ намудани солномаи таърихӣ.
  3. Таҳлили воқеаҳои таърихӣ.
  4. Кори хатии марҳилавӣ.

Соати  тарбиявӣ

Дарс- саёҳатҳо ба осорхонаҳои таърихӣ, хона- музейҳо ва суҳбат бо сиёсатмадорон. Иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ ва филмҳои ҳуҷҷатӣ ва намоишҳои театрӣ.

Айёниятҳо

Таҷҳизотҳои таълимӣ, дар шакли буклетҳо, ҷадвалҳо, варақчаҳо, видеофилмҳо( оид ба ҳодиса ва воқеаҳои таърихӣ) ва ғайра.

Нақшаи солонаи таълимӣ барои соли хониши 2017-2018

Мавзӯъҳо Назария Амалӣ Ҷамъ
1 Дарси муқаддимавӣ 2 2
2 Таърихи халқи тоҷик (замони ориёиҳо) 20 8 28
3 Асрҳои миёна           (даври якум ва даври дуюм) 46 16 62
4 Асри нав (давраи нав) 40 12 52
Ҳамагӣ 108 36 144

 

 

 

 

МАВЗӮЪҲО

 

НАЗАРИЯВӢ

 

АМАЛӢ

 

ҶАМЪ

I Дарси муқаддимавӣ

 

2 2
II Таърихи халқи тоҷик (замони ориёиҳо)
1 Замони Пешдодиён-асри санг (ҷамъияти ибтидоӣ) 2 2 4
2 Каёниён. 2 2
3 Асри биринҷ.(Пайдоиши шаҳрҳо) 2 2
4 Қабилаҳои  Ориёи  Ҷанубу Шарқии Аврупо,  Уралва Сибир 2 2
5 Давлатҳои ғуломдорӣ. (Элом,Митан,Мод,Суғд ва Бохтар) 2 2 4
6 Давлати Ҳахоманишиён 2 2 4
7

 

Давлатҳои эллинӣдар Ориён. 2 2
8 Давлати Ашкониён 2 2
9 Империяи Кушониён 2 2 4
10 Этногенезаи ориёиҳо 2 2
III Асрҳои миёна (даври якум ва даври дуюм)
1 Давлати Сосониён 2 2 4
2 Тоҷикон –эрониёни шарқӣ дарасрҳои  III-VIII  милод. 2 2
3 Зуҳури ислом 2 2
4 Ҳуҷумҳои ғоратгаронаи арабҳо ба Тоҷикзамини Шарқӣ (давраи якум) 2 2
5 Ҳуҷумҳои ғоратгаронаи арабҳо ба Тоҷикзамини Шарқӣ (давраи дуюм) 2 2
6 Осиёи  Миёна  дар  ҳайати ХилофатиАраб. 2 2 4
7 Давлати Тоҳириён 2 2
8 Давлати Саффориён 2 2
9 Давлати Сомониён 2 2 4
10 Давлатҳои Қарохониён 2 2
11 Давлати Ғазнавиён 2 2
12 Халқи тоҷик дар замони Салчуқиён 2 2 4
13 Халқи тоҷик дар замони Хоразмшоҳиён 2 2
14 Давлатҳои Ѓуриён . 2 2 4
15 Давлати Куртҳои Ҳирот 2 2
16 Вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар асрҳои XI-XIV 2 2
17 Муборизаихалқитоҷик бар зиддиистилогаронимуғул 2 2 4
18 Ҳаракати сарбадорон. Ба сари қудрат омадани Темур 2 2
19 Вазъи иҷтимоию иқтисодии Мовароуннаҳру Хуросон дар асри XV. Заволи давлати Темур 2 2 4
20 Таъсиси давлати Шайбониён 2 2
21 Халқи тоҷик дар асрҳои XVII- XVIII 2 2 4
22 Маданияти моддӣ ва маънавӣ дар асрҳои XV-XVI 2 2
22 Вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар асрҳои XVI-XIV 2 2
23 Давлати Аштархониён(Ҷониён) 2 2
IV Асри нав (давраи нав)
1 Осиёи Марказӣ дар арафаи ҳуҷуми Русияи подшоҳӣ 2 2
2 Ҷанги Русияи подшоҳӣ бо Аморати Бухоро ва Хонигарии Хӯқанд 2 2 4
3 Вазъи Осиёи Марказӣ баъди истилои Русия. Сиёсати иқтисоди Русия дар Осиёи Марказӣ 2 2
4 Афкори ҷамъиятиву сиёсӣ ва мадании халқи тоҷик 2 2
5 Ҳаракатҳои иҷтимоӣ, мазҳабӣ  ва миллию озодихоҳӣ дар Осиёи Марказӣ 2 2 4
6 Барҳам хӯрдани ҳокимияти подшоҳии Русия дар генерал-губернатори Туркистон 2 2
7 Таъсири ғалабаи инқилоби Февралии Русия ба Аморати Бухоро 2 2
8 Барпо шудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистони Шимолӣ ва Помир 2 2 4
9 Ҳаракати зиддишӯравӣ ва ҷанги шаҳрванди дар Тоҷикистони Шимолӣ 2 2 4
10 Ҳаракати зиддишӯравӣ дар Бухороии Шарқӣ 2 2
11 Ташкилёбии ҶМШС Тоҷикистон 2 2
12 Ташкилёбии ҶШС Тоҷикистон 2 2
13 Саноатикунонӣ, коллективкунонӣ ва инқилоби маданӣ дар шароити Тоҷикистон 2 2
14 ҶШС Тоҷикистон дар давраи Ҷанги Дуюми Ҷаҳон 2 2
15 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи азнавбарқароркунии хоҷагии халқ 2 2
16 Тоҷикистон дар давраи демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ 2 2
17 Тоҷикистон дар давраи фарорасии бӯҳрон ва оғози бозсозӣ дар ҷамъияти шӯравӣ 2 2
18 Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон 2 2 4
19 Ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 2
20 Саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳони имрӯза 2 2 4
Ҳамагӣ 108 36 144

 

Омӯзгори иттиҳодияи                                                                                                                     

таълимии “Таърихнигор”                                                                        Неъматуллоев М.М