Tаҷлили 25 – солагии таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маълумотнома оид ба таҷлили 25 – солагии таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Дар Муассисаи давлатии Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо мақсади таҷлили  25 – солагии таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷашни мазкур чорабиниҳо баргузор гашт, ки дар он гурӯҳҳои  иттиҳодияҳои таълимии забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони англисӣ, химия, биология, математика фаъолона иштирок карданд. Байни гурӯҳҳои хурдсолон озмуни қироати шеърҳо дар васфи Тоҷикистон, Истиқлолият,Артиши миллӣ, ҷавонон – ҳимоятгарони марзу буми Ватан, озмуни расмкашӣ, рӯзномаҳои деворӣ бо мақсади тарбияи насли наврас дар рӯҳияи  ватандӯстӣ ва шуҷоату  мардонагӣ ба роҳ монда шуд. Аъзоёни  иттиҳодияҳои таълимии забони русӣ, забони англисӣ, химия, математика, биология рӯзномаҳои беҳтаринро  дар мавзӯи мазкур пешниҳод карданд.

Озмуни  «Иншои беҳтарин»  дар мавзӯи  «23 феврал – Рӯзи таъсиси Артиши миллӣ» гузаронда шуд, ки дар он 15 нафар хонанда иштирок карданд. Иншоҳои беҳтарин аз ҷониби  аъзоёни иттиҳодияҳои таълимӣ Қурбонова Шабнам, Исоева Субҳия,Муҳаммади Нурмаҳмад, Азизова Нигора, Самадова Манижа, Имомдова Нилуфар, Латипов Суҳроб,Икромова Соҷида, Нурмуродова Дилноза, Фарзонаи Хуршед, Махсумова Фирӯза, Давлатов Фирӯз, Исломов  Исмоил, Икромов Маъруф, Гордиенко Анастасия навишта шуданд.Ҳамчунин соатҳои тарбиявӣ дар мавзӯи  «Хизмат ба Модар _ Ватан қарз аст» бо хонандагон  гузаронида шуданд, ки онҳоро дар рӯҳияи  ватандӯстию меҳанпарастӣ     тарбия менамуд.