Вохӯрии корӣ бо духтарони фаъоли иттиҳодияҳои таълимии Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе”

Вохӯрии корӣ бо духтарони фаъоли иттиҳодияҳои таълимии Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе”

Шӯрои занон ва духтарони Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” бо мақсади таҳкими масъулиятнокии духтарон ва худшиносии онҳо, ҷалби духтарон ба таҳсил ва фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, баланд бардоштани тафаккури фаъолгардонӣ, илмгароию касбомӯзии ҷавондухтарон рӯзи 23 январи соли 2019 вохӯрии корӣ ташкил намуд. Дар вохӯрии мазкур 30 нафар духтарони болаёқати муассиса, ки асосан ғолибони даври сеюми олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе мебошанд, иштирок намуданд. Масъалаи кор бо  духтарон тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём (аз 26.12.2018)    мушаххасан оид ба баланд бардоштани мақоми занон дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат баён шудааст, дар Нақшаи чорабиниҳои Шӯрои занон ва духтарони Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” аз самтҳои афзалиятноки фаъолият  ба ҳисоб меравад.

Дар вохӯрӣ ва мини-трениги баргузоршуда оид ба  расонидани иттилоот баҳри баланд бардоштани тафаккуру андешаи созандагӣ, њимояи хуќуќ, шаъну эътибор ва манфиатњои духтарон, мусоидат намудан дар љалби духтарон ба њаёти љамъиятии муассисаи таълимї ва муассисаи  таҳсилоти иловагӣ,  тарбия намудани малакаи роњбарию  идоракунї ва кор карда тавонистан бо њамсолони худ, тарбия намудани њисси масъулиятшиносии духтарон,тарбия намудани ирода, эътиќод ва њисси шањрвандї, инкишофи худшиносии љавондухтарон њамчун шањрвандони Тољикистон, фароњам овардани шароит барои худмуайянкунї, худинкишофдињии духтарон  дар раванди фаъолият дар оила , муассисаи таълимӣ, муассисаи таҳсилоти иловагӣ ва ҷомеа суҳбат ва мубодилаи афкор гузаронида шуд.

Азбаски дар тренинг асосан духтароне, ки таҷрибаи иштирок намудан дар олимпиадаҳои фаннии гуногунро доранд, хубу аъло таҳсил мекунанд ва яке аз фаъолони муассисаи таълимӣ мебошанд,  аз ин рӯ  чорабинӣ дар фазои корӣ гузаронида шуд. Қайд гардид, ки дар даври сеюми олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе 1799 хонандаи болаёқат иштирок намуда, 440 нафар ғолиби олимпиада муайян гардид. Боиси ифтихор аст, ки аз ин шумораи  ғолибон 223 нафараш духтарон мебошанд. Суханони Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “ дар замони соҳибистиқлолӣ як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ дар ин самт амалӣ гардида, барои фаъолияти занон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуданд” хатти  асосии вохӯрӣ буда, ба духтарон моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо”, Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон , Нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 фаҳмонида шуд. Дар раванди  вохӯрӣ  духтарони фаъоли муассиса афкори кулли иштирокчиёни чорабиниро баён намуданд: “Мо – хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо итминони комил гуфта метавонем, ки духтарони маълумотнок дар пешрафти љомеаи њуќуќбунёду соњибистиќлоли љумњуриамон сањми  бузург доранд. Духтарону занњои бомаърифату  болаёқат метавонанд сатњи иҷтимоӣ ва иќтисодии  кишварро боз ҳам бештар рушд  диҳанд.”