Тренинг оид ба пешгирии ВНМО бо принсипи “Аз ҳамсол ба ҳамсол” дар Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе”

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Паёми навбатӣ Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” як қатор Нақша-чорабиниҳоро ба роҳ мондааст. Чорабинии мазкур оид ба масъалаи ҳалталаби рӯз ВНМО ва пешгирии он аз ҷониби иттиҳодияи таълимии “Биология” бо роҳбарии Шӯрои занону духтарони муассиса ташкил ва баргузор гардид.

Риоя нагардидани қоидаҳои гигиенӣ аз ҷониби кормандони соҳаи тандурустӣ ба паҳн шудани вирусҳои зараровар оварда мерасонад. Хонандагони фаъоли иттиҳодияи таълимии “Биология” зери роҳбарии омӯзгор Хоҷамова Муборак ба ин нуқта равшанӣ андохта, қайд намуданд, ки ВНМО яке аз проблемаҳои умдаи рӯз буда, баҳри пешгирии он бояд ҷораҷӯӣ намуд. Ҳамарӯза беш аз 8000 сокинони зиёди сайёра аз сабаби риоя нагардидани қоидаҳои гигиенӣ ба ин бемории сироятӣ гирифтор мешаванд. Мувофиқи омор қисми зиёди беморони сироятии ВНМО-ро ҷавонони 15-19 сола ташкил медиҳанд. Ин вируси сироятӣ дар давлатҳои тараққикардаи ғарб рушд ёфта, бештар бо роҳҳои алоқаи ҷинсии бемаҳдуд, истифода бурдани сӯзандоруи сироятёфта, тамғазанӣ, ки хоси сокинони давлатҳои ғарб мебошад ва ба воситаи кошонаи ҳусн гузаронида мешавад. Ин мушкилоти глобалӣ тамоми сокинони сайёраро ба ташвиш оварда, ҳамчун падидаи номатлуби аср шинохта шудааст.

Тадқиқоти илми тиб нишон медиҳад, ки агар саломатии инсон аз ҷониби табибон 100 фоиз қабул карда шавад, пас 50 дарсади он аз тарзи зиндагонӣ, 20 дарсад аз муҳити зист, 20 дарсад аз хусусиятҳои ирсӣ ва 10 дарсади боқимонда аз ёрии тиббӣ вобастагии амиқ дорад. Аз соли 1981 то ин дам 60 млн нафар сокинони сайёра ба ин беморӣ сироят ёфтаанд. ВНМО номи вирус буда, таъсири манфии он ба организми инсон расида, бемории давомнок мебошад. Аз ҷониби хонандагони болаёқати иттиҳодияи таълимии “Биология” оид ба роҳҳои пешгирии ВНМО тавсияҳо дода шуданд. Шӯрои занону духтарони марказ тасмим гирифтааст, чунин силсила тренингҳоро мунтаззам дар иттиҳодияҳои таълимии марказ ба роҳ монад.