Маросими ҷоизасупории ғолибони даври сеюми Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар соли 2019

Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маоифи шаҳри Душанбе санаи 25 феврали соли ҷорӣ дар маҷмааи “Кохи Суруш” маросими ҷоизасупории ғолибони даври сеюми Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Яке аз самтҳои назарраси фаъолияти Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе”  дарёфт ва ташаккул додани малакаю маҳорат ва лаёқатмандии насли наврас ва ҳавасманд намудани онҳо барои мустақилият, эҷодкориву навоварӣ, дар оянда омода намудани онҳо ҳамчун мутахассисони касбӣ мебошад. Ташкил ва баргузор намудани олимпиадаҳои фаннӣ, яке аз усулҳои босамари  дастгирӣ ва ҷалб кардани хонандагони болаёқат ба донишандӯзӣ ва илмомӯзӣ мебошад. Дар ин ҷода Муассисаи  давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе”  воситаҳои муосири дарёфт ва рушди истеъдодҳоро ба роҳ мондааст. Дар маросими ҷоизасупорӣ ба се номинатсия: “Беҳтарин дастаи олимпии ноҳияи пойтахт”, “Беҳтарин дастаи олимпии муассисаи таълимии шаҳри Душанбе”, “Беҳтарин волидайн” ғолибони даври сеюми Олимпиадаи фаннӣ мушарраф гардиданд.

Ҳайати раёсати маросими ҷоизасупории ғолибони даври сеюми Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанберо муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М., муовини вазири Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Назирӣ Л., директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Маҳмадова Т.,Сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Азизӣ М.М., ва дигар меҳмонони олиқадр ташкил намуданд. Инчунин ғолибони Олимпиада, волидайн, омӯзгорон, роҳбарони муассисаҳои таълимии пойтахт низ иштирок намуданд. Дар маросими ҷоизасупорӣ аз рӯи бахши “Беҳтарин дастаи олимпии муассисаи таълими пойтахт” аз ҳисоби литсей ва гимназияҳои шаҳри Душанбе Литсей-интернати Президентӣ бо ба даст овардани 39 ҷойи ифтихорӣ, Литсейи №2 барои хонандагони болаёқат бо 33 ҷойи ифтихорӣ, Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе бо 30 ҷойи ифтихорӣ, Литсейи Ҳотам ва ПВ бо 28 ҷойи ифтихорӣ, Гимназияи №74 бо 22 ҷойи ифтихоӣ, Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқат бо 19 ҷойи ифтихорӣ ва аз ҳисоби муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 бот 17 ҷойи ифтихорӣ, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55 бо 16 ҷойи ифтихорӣ, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42 бо 11 ҷойи ифтихорӣ ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 бо 9 ҷойи ифтихорӣ дастаҳои беҳтарини олимпии муассисаҳои таълимӣ дониста шуда, бо ҷоизаҳо сарфароз гардиданд. Инчунин барои таълим ва тарбияи намунавӣ ва ғолибияти фарзандонашон дар даври сеюми Олимпиада фаннии хонандагон чор нафар волидон бо сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Пас аз сарфарозгардонии як қатор ҷоизаҳо муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ғолибони Олимпиада изҳори сипос намуда, қайд кард, ки наврасону ҷавонон метавонанд бо дониши хубу маърифати баланди худ дар оянда барои рушди Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоранд. Лозим ба ёдоварист, ки Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе”  бо медалу ифтихорномаҳо инчунин ғолибони олимпиадаи фаннии наврасонро низ сарфароз намуд. Ин раванд бо мақсади дарёфт ва сайқал додани қобилиятҳои хонандагони хурдсол  ба роҳ монда шудааст.

Бояд қайд намуд, ки аз 448 нафар ғолибони даври сеюми Олимпиадаи фаннии муассисаҳои таълимии пойтахт,104 нафар хонандагони синфи 11 ва 51 нафар наврасони синфҳои (5-8) ба даври чоруми Олипиадаи фаннии  хонандагони муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ роҳхат ёфтанд ва ҳамаи онҳо барои омодагӣ ба даври чоруми Олимпиада дар Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” фаро гирифта шудаанд.