Ғолибияти навбатии хонандагони шаҳри Душанбе дар Олимпиадаи байналмилалии лоиҳавӣ

Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” фаъолияти хешро бевосита ба фароҳам овардани шароити мусоид баҳри тарбияи шахсияти дорои ҳисси баланди миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ,  ташаккул додани малакаю маҳорат ва лаёқатмандии хонандагон, руҳбаланд намудани онҳо баҳри фаъолияти мустақилона, эҷодиву таҳқиқотӣ равона кардааст. Олимпиадаҳои байналмилалии лоиҳавӣ,  ки шакли самарабахши қонеъ гардонидани дархостҳои инфиродии хонандагон ва иҷтимоикунонии онҳо дар фазои тағйирёбандаи иттилоотии ҷомеа маҳсуб меёбанд,  аз шаклҳои муассири дарёфт, рушд ва дастгириву  ҳавасмандгардонии  хонандагони болаёқат мебошад.

Бо дастгирии бевоситаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз санаи 1-3 марти соли ҷорӣ дастаи мунтахаби олимпии хонандагони шаҳри Душанбе – 10 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар 9-умин Олимпиадаи байналмилалии лоиҳавии ба номи академик О. Жолдасбеков, ки дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, иштирок намуданд. Дар Олимпиада хонандагони 6 давлат аз қабили Федератсияи Россия, Беларус, Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон дар доираи фанҳои механика ва математика байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии хонандагони шаҳри Душанберо таълимгирандагони Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” ва Маркази рушди истеъдодҳои ноҳияи Шоҳмансур ташкил медиҳанд. Бо иштироки фаъолонаи худ хонандагони тоҷик бори дигар собит сохтанд, ки онҳо дорои дарку фаҳмиш ва дониши хубу аъло мебошанд. Ҳамин аст, ки бо ба даст овардани 10-медал, 2 медали нуқра ва 8 медали биринҷӣ миёни 6 давлати дунё мавқеи дуюмро ишғол намуда, бори дигар парчами Тоҷикистонро миёни дигар кишварҳо партавфишон намуданд.

Бори аввал нест, ки хонандагони тоҷик дар Олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок карда бо ҷойҳои намоёну ифтихорӣ ба Ватан баргарданд. Санаи 5 марти соли ҷорӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо пирӯзӣ ба Ватан баргашт. Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ғолибонро намояндагони Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, наздикону пайвандон ва дигар шахсони масъул бо тантана пешвоз гирифтанд.