Ҷамъбасти даври ҷумҳуриявии олимпиадаи даставии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар ҷумҳурӣ

Тибқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 апрели соли 2018, таҳти №1513 “Дар бораи гузаронидани даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи даставии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ”  рузҳои 21-22 апрели соли 2018 дар Мактаби байналмилалии Президентии шаҳри Душанбе  аз 10 фанни таълимӣ баргузор гардид.

Дар олимпиадаи мазкур 92 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе иштирок намуда донишу маҳорат ва малакаи азхуднамудаи худро дар муқоиса бо довталабони тамоми ҷумҳурӣ санҷиданд.

Аз шумораи умумии иштирокчиёни Олимпиада аз муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе 8 нафар сазовори ҷойи I,  6 нафар ҷойи  II,  9 нафар ҷойи III гаштанд ва дар маҷмуъ бо ишғоли 23 ҷойҳои ифтихорӣ дар байни муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ дастаи шаҳри Душанбе сазовори ҷойи аввал гардида, Ҷоми даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи даставии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумиро соҳиб шуданд.

Дар ҷамъбасти даври ҷумҳуриявии олимпиадаи даставии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар ҷумҳурӣ дастаи шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 23 ҷойи ифтихорӣ дар мақоми аввал, вилояти Суғд 28 ҷой, вилояти Хатлон 14 ҷой, ШНТҶ 5 ҷой, ВМКБ 0 ҷой ғолиб баромаданд.

Дастаи шаҳри Душанбе барои омодагӣ дар Олимпиада дар Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” бо таҳсилоти иловагӣ  ба тариқи кори фардӣ ва гуруҳӣ фаро гирифта шуданд. Зеро дарёфт ва рушди қобилияти хонандагони болаёқат, ки ояндаи илму маориф аз онҳо  вобастагӣ дорад ва тайёр кардани онҳо ба Олимпиадаҳо, яке аз рукнҳои асосии кори МД  “Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” мебошад.

Ин аст, ки хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт, ғолибониу Олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ ва барандагони аксарияти медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гардиданд, зеро хонандагони шаҳри Душанбе  барои ноил гардидан ба ин муваффақиятҳо дорои ҳамаи имконоту шароити муосири таҳсил ҳастанд.

Дар оянда низ Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе баҳри дастгириву ҳавасмандсозии хонандагону муҳассилини болаёқати шаҳри Душанбе ва ишитироки онҳо дар Олимпиадаву озмунҳои имконоту фаъолияти худро равона месозад.