Ғолибони даври ҷумҳуриявии Олимпиадаҳои  даставӣ ва номии фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ

Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои  назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” дар муддати соли таҳсил хонандагони болаёқатро ба олимпиадаҳои фаннии анъанавӣ, байналмилалӣ ва лоиҳавӣ омода месозад. Омода намудани хонандагони боистеъдод ба Олимпиадаҳои фаннии даставию анъанавӣ идомаи  фаъолияти омӯзгорони Марказ дар муддати соли хониш маҳсуб меёбад.

Санаи 6-7 апрели соли ҷорӣ даври ҷумҳуриявии Олимпиадаҳои (даставӣ, номӣ) хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар Муассисаи таълимии давлатии “Мактаби байналмилалии Президентӣ”-и шаҳри Душанбе доир гардид. Дар Олимпиадаи мазкур 640 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Вилоятҳои  Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Дар Олимпиада дастаи шаҳри Душанбе иборат аз 158 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт ширкат варзиданд, ки аз ин шумора 110 нафари онҳо дар даври даставӣ ва 48 нафар дар даври номӣ сабқати донишу заковат намуда, аз ин шумора 46 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд: 12 медали тилло, 15 медали нуқра, 19 медалӣ биринҷӣ. Инчунин ғолибон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд. Боиси ифтихор аст, ки  дастаи шаҳри Душанбе дар миқёси ҷумҳурӣ бо гирифтани 38 ҷойи ифтихорӣ мақоми аввалро ба даст оварда, сазовори Ҷоми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

Аксари ғолибони даври ҷумҳуриявии Олимпиада таълимгирандагони Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” мебошанд. Давоми сол дар Муассисаи мазкур барои мукаммал намудани савияи дониши  ва иштироки хонандагон дар Олимпиадаҳои гуногуни фаннию зеҳнӣ омӯзгорони соҳибкасб роҳнамоӣ мекунанд.