Ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иттифоқи касаи Муассисаи давлатии  “Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе”

Ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи Маркази рушди истеъдодҳо аз соли 2008 инҷониб зери роҳбарии Раиси иттифоқи касабаи Муассиса Саидова Гулсара ва панҷ Комиссияҳои доимамалкунанда фаъолияти назаррас намуда истодааст. Кумитаи иттифоқи касабаи Муассиса дар ҳамкорӣ бо маъмурият ва дастуру нишондодҳои Кумитаи иттифоқи касабаи маорифи шаҳри Душанбе баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои кормандон кушиш ба харҷ медиҳад.Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи Муассиса фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттифоқҳои касаба”, “Дар бораи маориф”, Оинномаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба ба роҳ монда, як қатор корҳоро бо аъзоёни кумита ба сомон расонид.

Тибқи  Оинномаи Кумита дар Маркази рушди истеъдодҳо ҷаласаи ҳисоботии Кумитаи иттифоқи касабаи Муассиса баргузор гардид. Директори Муассиса Асҳобиддини Шералӣ бо сухани ифтитоҳӣ ҷаласаро оғоз намуда, оид ба фаъолияти чашмраси Раиси иттифоқи касабаи Муассиса ва Комиссияҳои доимамалкунандаи он ибрози андеша намуд. Баъдан аз ҷониби Раиси иттифоқи касабаи Муассиса Саидова Гулсара маърӯзаи ҳисоботӣ доир ба фаъолияти Кумитаи иттифоқи касабаи Маркази рушди истеъдодҳо дар солҳои 2014-2019 пешниҳод гардид. Инчунин сардорони Комиссияҳои доимамалкунанда низ ҳисоботҳои худро пешниҳод намуданд.

Дар идомаи ҷаласаи интихоботӣ бо гирифтани шумораи зиёди овозҳо Раиси иттифоқи касаба Саидова Гулсара аз нав ба ин вазифа интихоб гардид. Дар ин баробар сардорони Комиссияҳои доимамалкунанда низ интихоб гардиданд. Кумитаи иттифоқи касабаи Муассиса дар якҷоягӣ  бо аъзоёни Кумита фаъолияти худро дар соли  2019 ва минбаъда ба иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошта равона месозанд.