Даври сеюми (шаҳрии) Олимпиадаи “Spelling Bee” хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид.

Бо мақсади баланд бардоштани шавқу ҳаваси хонандагон ба омӯзиши забони англисӣ дар самти татбиқи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020” санаи 20 апрели соли ҷорӣ тибқи дастуру супоришҳои сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” даври сеюми (шаҳрии) Олимпиадаи “Spelling Bee” хонандагони синфҳои 5 ва 7-и муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ташкил ва баргузор гардид.
Олимпиада дар ду давр баргузор гардида дар он зиёда 100 нафар хонандагон аз ҳисоби муассисаҳои таълимии пойтахт ширкат варзиданд. Дар даври аввал 60 нафар хонандагон аз ҳисоби литсей ва гимназияҳо иштирок намуда, аз ин шумора 10 нафар ғолиб баромаданд. Дар даври дуюм бошад 40 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ширкат варзида танҳо 6 нафар хонандагон ғолиб омаданд. Дар ҷамъбасти Олимпиада 16 нафар ғолибон бо гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ ба даври чоруми (ҷумҳуриявии) Олимпиадаи “Spelling Bee” роҳхат ёфтанд. Аз ин шумора 6 нафар бо гирифтани ҷойи якум, 3 нафар ҷойи дуюм ва 7 нафар бо ба даст овардани ҷойи сеюм аз ҷониби Кумитаи тадорукот бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.