Боздид аз Мактаб — интернати ёрирасони №3 ва расондани кӯмаки моддӣ ба тарбиятгирандагон

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Иди саиди фитр ба Муассисаи махсуси таҳсилоти асосӣ “Мактаб — интернати ёрирасони рақами 3”- и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ташриф оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари шиносоӣ бо шароити моддию маънавии бошандагони ин даргоҳи илму маърифат, ҳамчунин ба 100 нафар кӯдакони маъюби мактаб — интернат ва 101 нафар тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакони синни томактабии рақами 1 — и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки барои мулоқот бо Президенти мамлакат ба ин ҷо омада буданд, сару либос ва дигар кумакҳои моддӣ тақдим карданд.

Мактаб-интернати ёрирасони рақами 3 соли 1968 таъсис ёфта, дар он барои тарбияи 100 нафар кӯдакони маъюб ва дорои нуқсонҳои модарзодӣ барои таълиму ҳунаромӯзӣ шароитҳои лозима муҳайё карда шудааст.

Муассисаи мазкур дорои толори варзишӣ, синфхонаи таълими меҳнат, синфи компютерӣ, утоқи дефектологӣ, логопедия, бунгоҳи тиббӣ ва ошхона бо 65 ҷойи нишаст мебошад. Шумораи омӯзгорон 26 нафарро ташкил медиҳад. Ҷараёни таълим шабонарӯзӣ буда, ҳамаи хонандагон бо ҷойи хоб ва чор вақт бо хӯроки гарм таъминанд.

Мавриди зикр аст, ки ҳамасола тарбиятгирандагони муассисаи таълимии мазкур бо дастгирии ҳукумат мамлакат дар олимпиадаҳои махсуси варзишӣ иштирок намуда, шарафи кишварро ҳимоя мекунанд. Аз ҷумла, 6 нафар хонандаи мактаб-интернати мазкур дар мусобиқаҳои махсус дар давлатҳои Юнону Австрия аз рӯйи намудҳои варзиши сабук дар бахшҳои давидан ва ба дарозӣ ҷаҳидан иштирок карда, 6 медали тилло ва 7 медали нуқра ба даст оварданд.

Дар Хонаи кӯдакони синни томактабии рақами 1-и ноҳияи Фирдавсии пойтахт, ки ҳамаашон дар мулоқоти имрӯза бо Сарвари давлат иштирок карданд, 101 нафар, аз ҷумла 78 нафар ятим ва 5 нафарашон ятими кулл мебошанд. Дар ин муассиса низ 20 нафар кӯдаки ятим ба тарбияву ғамхорӣ фаро гирифта шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди тақдими туҳфаҳо ба кӯдакон дар арафаи иди саиди фитр дар саҳни ҳавлии Мактаб-интернати ёрирасони рақами 3 бо тарбиятгирандагон ва омӯзгорон суҳбати самимӣ доир карда, оид ба дастгириҳои ҳамешагӣ ва рӯзафзуни роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ карданд.

Шодию нишоти тарбиятгирандонро ҳадду канор набуд, зеро онҳо шахсан аз дасти роҳбари ғамхори хеш сару либос, пояфзол ва шириниҳои гуногун гирифтанд. Хонандагони мактаб-интернат ба Пешвои миллат дар ҷавоб ба ҳамаи ғамхориҳо изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамеша бо хислати наҷибу нодири раъиятпарварии хеш дар фикри беҳбудии шароити зиндагии мардуми эҳтиёҷманд, ятимон, барҷомондагон ва шахсони бесарабону камбизоат мебошанд, таваҷҷӯҳи махсус зоҳир кардан ба ин табақаи ниёзмандро аз аҳли ҷомеа борҳо талаб менамоянд. Имрӯз аз ҷониби Пешвои миллат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки дар заминаи Мактаб-интернати ёрирасони рақами 3 барои боз ҳам беҳтар кардани шароити таълиму зисти тарбиятгирандагон лоиҳаи бунёди бинои иловагии наву замонавии 4 ошёна бо 300 ҷой таҳия намояд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *