НИЗОМНОМАИ ШӮРОИ ЗАНОН ВА ДУХТАРОН

НИЗОМНОМАИ

  ШӮРОИ  ЗАНОН ВА ДУХТАРОНИ

МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ

«МАРКАЗИ РУШДИ ИСТЕЪДОДҲОИ

НАЗДИ САРРАЁСАТИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ»

  1. Муқаррароти умумӣ

1.1.  Низомномаи Шӯрои занон ва духтарон (минбаъд Низомнома) фаъолияти Шӯрои занон ва духтаронро (минбаъд Шӯро)  дар Муассиса ба танзим медарорад.

1.2. Шӯро ташкилоти ҷамъиятӣ ва ихтиёрӣ аст.

1.3.  Шӯро метавонад фаъолияти худро на танҳо дар Муассисаи давлатии Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе (минбаъд Муассиса), балки дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе барои кӯмаку дастгирии  занону духтарон  тавассути баланд бардоштани сатҳи маърифатнокию ақлонии онҳо  ба роҳ монад.

II.Мақсад ва вазифаҳои асосии Шӯро

2.1. Мақсад ва вазифаҳои асосии Шӯро зерин аст:

  • кӯмак кардан ба ҳимояи хуқуқ, шаъну эътибор ва манфиатҳои занону духтарон дар муассиса ва муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе;
    • мусоидат намудан дар ҷалби занону духтарон ба ҳаёти ҷамъиятӣ ва раванди иҷтимоишавии онҳо дар ҷомеа;
    • дар духтарон тарбия намудани малакаи роҳбарию идоракунӣ ва кор карда тавонистан бо ҳамсолони худ;
    • тарбия намудани ҳисси масъулиятшиносии духтарон, ташаккули ирода, эътиқод ва ҳисси шаҳрвандӣ, инкишофи худшиносии ҷавондухтарон ҳамчун шаҳрвандони Тоҷикистон, ташаккул додани асосҳои маданияти шаҳрвандӣ, ҳуқуқӣ, фароҳам овардани шароит барои худмуайянкунӣ, худинкишофдиҳии духтарон дар раванди фаъолияти ҷамъиятӣ;
    • духтаронро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, муносибати бошуурона ба меҳнат, моликияти ҷамъиятӣ, эҳтиром ба таърих, фарҳанг, анъанаҳо, расму оинҳои миллии халқи худ ва дигар миллату халқиятҳо тарбия намудан;
    • духтаронро чун шаҳрвандони босавод, соҳибмаърифат, бофарҳанг, эҷодкор, номбардори миллати қадим ва давлати соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон  омода намудан;
    • дар дарёфт ва ташаккули истеъдод ва малакаю маҳорати духтарон  кӯмак расонидан;
    • тарғиби анъанаҳои пешқадами оиладорӣ;
    • гузаронидани тренингҳо, семинарҳо, мизҳои мудаввар ва конференсияҳо дар мавзӯи ташаккули мавқеи шаҳрвандии занон ва духтарон;
    • мутобиқ ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намудан ва ҳамкорӣ кардан дар лоиҳа ва барномаҳои фарҳангӣ-маърифатии дохилӣ ва бурунмарзӣ;
    • дар бораи фаъолияти худ озодона маълумот нашр кардан;
    • аз рӯи масъалаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ бо ташаббусҳо баромад кардан, ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ таклифҳо пешниҳод кардан.

2.2. Бо принсипҳои зерин амал кардан:

  • ихтиёрӣ будани қабулшавӣ ба узвияти Шӯро;
  • иштироки фаъолона дар корҳои банақшагирифтаи шӯро;
  • мустақилияти духтарон дар ҳамбастагӣ бо роҳбарони педагогӣ;
  • ба назар гирифтани манфиати ҳар як духтар;
  • ба назар гирифтани хусусиятҳои синнусолӣ ва инфиродӣ

 

Ҳадафҳои асосии Шӯро дар Шиор  ифода ёфтааст:

«Духтари бомаърифат – ҷомеаи бофарҳанг»

III. Шӯро ҳуқуқ дорад.

3.1.  Дар назди Шӯро  клубу маҳфилҳо, иттиҳодияҳои духтарони болаёқатро таъсис дода,  мутобиқи оинномаҳо ва низомномаҳои худ фаъолият кунад.

3.2.  Бо муассисаҳо, корхонаҳо, ташкилотҳо аз ҷумла ташкилотҳои хориҷӣ робитаҳо барқарор намояд.

3.3. Шӯро бо дар назардошти дархости духтарон, талаботи муассис, волидайн, муассисаҳои таълимӣ, иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои  наврасону ҷавонон, вобаста ба хусусияти тараққиёти иҷтимоӣ-иқтисодии минтақа ва анъанаҳои миллию маданӣ барномаи фаъолияти худро мустақилона тарҳрезӣ ва таҳия кунад.

3.4. Корро бо ҷавондухтарон дар тӯли тамоми соли тақвимӣ ташкил намояд. Дар вақти таътил бо ҳайати доимӣ ва ё таѓйирёбандаи духтарон дар истироҳатгоҳҳо иттиҳодияҳои гуногуни маърифатӣ ташкил диҳад.

3.5. Таҷрибаҳои беҳтарини кор бо духтарони болаёқатро омӯхта паҳн намояд, фаъолияти онҳоро ҳамоҳанг сохта ба самти муайян равона намояд, дар ҳамкорӣ бо волонтёрони Муассиса конференсияҳо, слётҳо, азназаргузарониҳо ва озмунҳо ташкил  кунад.

3.6. Шӯрои занон ва духтарони Муассисаи давлатии «Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» ҳамчун ташкилкунандаи методии кор бо Шӯрои занон ва духтарони ноҳиявии шаҳр корҳои фаҳмондадиҳиро ба уҳда гирад.

  1. Сохтори Шӯро:

 

  1. Раиси Шӯрои духтарон
  2. Муовини раиси Шӯро
  3. Роҳбари самти иттилоотӣ ва маърифатӣ
  4. Роҳбари самти фарҳангӣ-ташкилӣ

6.Мушовирони Шӯро: омӯзгорони ботаҷриба, намояндагони  пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ

V. Роҳбарӣ ба Шӯрои духтарон

4.1.  Мақоми олии Шӯрои занон ва духтарон Маҷлиси умумӣ мебошад, ки дар 1 сол як маротиба барпо мегардад.

4.2. Ба салоҳияти  Маҷлис дохил мешавад:

  • муайянкунии самтҳои асосии фаъолияти Шӯро;
  • қабули Ойиннома ва дохил намудани таѓйироту иловаҳо ба Ойиннома;
  • тасдиқи натиҷаҳои солонаи фаъолияти Шӯро;
  • интихоби Раис ва аъзоёни Шӯро ба муддати 5 сол;
  • тасдиқи қарорҳои қабулнамудаи Раёсати Шӯрои духтарон.

4.3. Раиси Шӯрои духтарон:

  • дар маҷлисҳои умумӣ ва маҷлисҳои шӯро раисӣ мекунад;
  • дар ҳудуди ваколати худ фаъолияти Шӯроро назорат мебарад;
  • тартиби ташкили кори шӯро ва инчунин таъини намояндагони салоҳиятдорро муайян мекунад;
  • дар назди муассис барои фаъолияти худ ҷавобгар аст.
Номгӯи чорабиниҳо Муҳлат Мутасаддӣ
1 Таъсис намудани Шӯрои занон ва духтарон дар Муассиса, интихоби Раис ва муовини он сентябр Нурматова Н.Л.
2 Ба роҳ мондани фаъолияти Шӯро доиман Аъзоёни Шӯро
3 Ҳамкории  Шӯро бо Шӯрои духтарони муассисаҳои таълимӣ мунтазам Раис ва аъзоён
4 Ташкил ва гузаронидани суҳбат дар мавзӯи «Тарзи ҳаёти солим ва пешгирии бемориҳои сироятӣ» дар иттиҳодияҳо 28  ноябр Раҷабова Н.М.,

Хоҷамова М.Ю.

5 Иштироки фаъоли Шӯро дар чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатии  Муассиса ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе мунтазам Шӯрои духтарон
6 Таҳия ва омода намудани гӯшаи иттилоотии Шӯрои духтарони Муассиса оид ба духтарони  болаёқат Дар се моҳ як маротиба Роҳбари самти иттилоотӣ-маърифатӣ
7 Ҳамкории Шӯро бо Созмони  ҷавонон мунтазам Шӯрои духтарон
8 Ташкил ва гузаронидани вохӯриҳо бо кормандони ШКД оид ба кор бо ноболиѓон 17  феврал

(Рӯзи Артиши миллӣ)

Саидова Г.Қ.
9 Гузаронидани семинар-тренинг оид ба мавзӯи «Ҳасосияти гендерӣ ва ҳуқуқи духтарон» (Рӯзи модарон) 6 март Богоутдинова Ф.

 

10 Ташкил ва гузаронидани шабҳои саволу ҷавоб, викторинаҳо, маҳфили «Маликаи наврӯз» мутобиқи нақша Саидова Г.Қ. ва  аъзоёни маҳфили «Суханоро»
11 Сӯҳбат дар мавзӯи интихоби  касб Май Салимова Д.М.,

Саидова Г.Қ.

12 Ташкил намудани вохӯриҳо бо занони обрӯманди  ҷомеа дар се моҳ як маротиба Шӯрои духтарон
13 Суҳбат: Таъсири ВАО, Реклама, Интернет, телефонҳои мобилӣ ба ахлоқу одоби духтарон Июл—август (истироҳатгоҳи омӯзишӣ) Ҳакимова З.Ҷ.,

Саидова Г.Қ.

14 Озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи «Мавқеи маълумот ва таҳсил дар ҳаёти ояндаи духтарон» 1 феврал ( ҷамъбасти озмун дар  моҳи май) Раҷабова Н.М.
15 Иштироки духтарон дар мусобиқаҳои варзишии истироҳатгоҳ июл-август Шӯрои духтарон
16 Таъсиси гурӯҳи назоратӣ оид ба омодагии духтарон ба олимпиадаҳои  фаннӣ мунтазам Раҷабова  Н.М.
17 Ҳисоботи солонаи Шӯро, музокира ва пешниҳодот оид ба фаъолияти Шӯро дар соли нави таҳсил май Раиси Шӯро