Иттиҳодияи таълимии “Суханоро”

Роҳбари иттиҳодияи таълимии “Суханоро”– Саидова Гулсара пайваста кӯшиш мекунад, ки шогирдонаш донандагони хуби забон ва адабиёти тоҷик бошанд. Вазифаи омӯзгори ин иттиҳодияи таълимӣ расонидани кумак дар ҳалли мушкилоти омӯзиши грамматикаи забони тоҷикӣ мебошад. Дар иттиҳодия ба омӯзиши амиқи адабиёти классикиву муосир, ташаккул додани малакаҳои таҳлили услуби хоси адибон диққати махсус дода мешавад.
Омӯзгор дар машғулиятҳо шаклу усулҳои фаъоли таълим, аз қабили ҳуҷуми фикрӣ, бозиҳои лингвистӣ, дарс-саёҳат, дарс-муколама, кор дар гурӯҳро васеъ истифода мебарад. Яке аз вазифаҳои муҳими иттиҳодия омода намудани хонандагон ба Олимпиадаҳои фаннӣ аз забон ва адабиёти тоҷик мебошад. Натиҷаҳои иштирок дар олимпиадаҳои фаннии сатҳи шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ назаррасанд.