Иттиҳодияи таълимии “Гвардия русоведов”

Инкишофи муносибатҳои иқтисодӣ бо собиқ давлатҳои иттиҳоди шӯравӣ ва пешрафти иқтисодиёти бозаргонӣ, табодули арзишҳои фарҳангии давлатҳо талаботро нисбат ба омӯзиши амиқи забони русӣ ба миён меоварад.Забони русӣ ҳамчун фанни таълимӣ барои гирифтани маълумоти  умумии ҷавонон, ташаккули нутқ ва ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад. Тавассути омӯзиши забони русӣ хонандагон оид ба сохтор ва хусусияти ин забон тасаввурот пайдо мекунанд. Роҳбари иттиҳодияи таълимии “Гвардия русоведов”

Купина Наталия Валериевна, лауреати Озмуни V Байналмилалии ба номи А.С. Пушкин барои муаллимон-филологони давлатҳои ИДМ ва Балтика мебошад. Купина дар ин ақида аст, ки меъёри қобилиятнокии кӯдакро  аз дараҷаи  хоҳиши бошуурона ва мустақилона омӯхтани ӯ муайян кардан мумкин аст. Вазифаи асосии муаллим бошад, дар ташаккул додани малакаҳои табиӣ ва расонидани кӯмак дар интихоби касби ояндаи ӯст. Барномаи таълимии таҳиягардидаи Купина Н.В. маҳз барои хонандагони болаёқати синфҳои VIII-XI муассисаҳои таълимӣ, гимназия, литсейҳо, ки иштирокчиён ва ғолибони олимпиада буда, дониши хуб доранд, нигаронида шудааст.

Дар муассисаҳои таълимие, ки таҳсилот бо забони  тоҷикӣ аст, дар дарсҳои забони русӣ  ба адабиёти рус, ба ҳаёт ва эҷодиёти шоиру нависандагони рус диққати кам дода мешавад. Бинобар ин  барномаи таълимии иттиҳодияи “Суханоро”ба омӯзиши асарҳои адибони рус  бештар нигаронида шудааст.

Дар баробари он ин барнома хусусияти таълими ҳамгироиро дар бар  дошта, аз чунин қисматҳо иборат аст:

  • Практикуми лингвистӣ. Грамматикаи забони русӣ: қоидаҳои фонетикӣ,  қонуниятҳои фонетикӣ, қонуниятҳои  орфографӣ, лексика, морфология ва пунктуатсия.
  • Практикуми адабиётшиносӣ. Назарияи адабиёт: равияҳои адабӣ, жанрҳо, услубҳои бадеӣ, назмшиносӣ.
  • Саҳифаҳои адабиёти рус: лаҳзаҳои аҷоиби  ҳаёти адибон, таърихи  навиштани асарҳо.
  • Сайёҳат дар доираи вақт: машғулиятҳо оид ба адабиёти ҷаҳонӣ, таърихи санъат ва фарҳанг.