Иттиҳодияи таълимии “Забондон” (Лингвист)

Роҳбарони иттиҳодияи таълимии “Забондон” Маҳмудова Дилбар Ҳамидовна ва Маматов Одилҷон мебошанд.  Бархӯрдор будани хонандагон аз меъёрҳои маҳорати лингвистӣ дар соҳиби нутқи мураттаб будан, мунтазам бойгардонидани фонди луғавии худ ва завқи зиёд доштан ба омӯзиши фарҳанги халқиятҳои дигар  вобаста мебошад.

Дар иттиҳодия чунин вазифаҳо дар амал татбиқ мегарданд:

  • ташаккул додани малакаҳои фаъолияти тадқиқотӣ;
  • ташаккул додани малакаҳои муошират;
  • барои иштирок намудани  хонандагон дар озмунҳои гуногуни фаннӣ, мусоҳибаҳо, конференсияву олимпиадаҳо мусоидат намудан;
  • васеъ намудани ҷаҳонибинии хонандагон дар доираи кишваршиносӣ (давлатҳое, ки бо забони англисӣ сухан мекунанд);
  • васеъ намудани дониши хонандагон дар соҳаи фразеология; морфология (замонҳои феъл, сиға, тасрифи феъл), синтаксис (хусусиятҳои сохтори синтаксисии ҷумла дар забони англисӣ).

Дар иттиҳодияи мазкур 3 гурӯҳ амал мекунад:

Гурӯҳи 1–“Лаёқатмандон”, хонандагони синфҳои IX-X, иштирокчиён ва ғолибони олимпиадаҳо.

Гурӯҳи 2  – “Гурӯҳи омодагӣ “ – хонандагони синфҳои IX-XI , ки маҳорати амиқ омӯхтани забони англисиро доранд.

Гурӯҳи 3 – хурдсолон, хонандагони синфҳои V-VII, ки аллакай донишу маҳорати забондонии худро нишон додаанд.