Иттиҳодияи  таълимии  “Наврасони забондон”

Таҷриба нишон медиҳад, ки маҳз синну соли хурди мактабӣ  барои қабул кардани омӯзиши забони хориҷӣ хуб омода аст. Роҳбари иттиҳодия Набиева  Орзу чунин меҳисобад, ки  барои  кор кардан бо хонандагони қобилиятнок қабл аз ҳама бояд онҳоро дӯст дошт. Маҳз чунин муҳаббат имконият медиҳад, ки муаллим ба касбу кори худ ба тарзи сифатнок муносибат намояд.

Омӯзондани забони англисӣ тавассути бозиҳо, афсонаву шеърҳо ба роҳ монда шудааст. Маҳз чунин шакли кор имконият медиҳад, ки  кӯдакон дар муддати 2 соати академикӣ дар дарс хастагиро эҳсос накунанд ва бо шавқу завқ супоришҳои муаллимро иҷро намоянд. Дар дарс инчунин аудио-диктантҳо, филмҳои тасвирӣ ҳамчун дарси интерактивӣ васеъ истифода мешаванд.

Ба хонандагон ҳисси мусобиқа намудан барои  донишомӯзӣ тарбия карда мешавад. Ин хонандагон оянда иштирокчиёни олимпиадаҳои фаннӣ мебошанд, бинобар ин аз дақиқаҳои аввали омӯзиш дар Марказ ба онҳо аҳамияти донишандӯзӣ ва бо баҳои хубу аъло хондан фаҳмонида мешавад.