Иттиҳодияи таълимии “Рӯзноманигор”

Журналистика-касби шахсиятҳои фаъол, ҷӯянда, дорои тафаккури закӣ буда, дар навбати худ фаъолияти коллективиро тақозо мекунад. Маҳз бо ин сабаб дар Маркази рушди истеъдодҳо  иттиҳодияи таълимии “Рӯзноманигор” таъсис дода шуд. Роҳбари иттиҳодияи мазкур Салимова Дилбар мебошад. Салимова Д. дар чунин ақида аст, ки ҳар як шахс новобаста аз интихоби касб бояд дорои хусусиятҳои умумии касбият: мустақилият, маълумотнокӣ, фаъолнокӣ, майл ба худинкишофдиҳӣ бошад. Малакаи навиштан дар жанри публисистӣ, шарҳ дода тавонистани таҷрибаи кори худ, таҳлил намудан, назари танқидӣ доштан ба камбудиҳои хеш ва аз ҳама муҳимаш, маҳорати муошират намудан бо атрофиёни шиносу ношинос, таҷрибаи дар коллектив кор карда тавонистан  оянда, дар  фаъолияти касбии  ҳар як фард зарур мешавад.

Дар машғулиятҳои иттиҳодияи “Рӯзноманигор” малакаи тадқиқотӣ омӯзонида мешавад.  Хонандагон дар муддати соли хониш ба тарзи систематикӣ оид ба мавзӯи интихобкардаи худ адабиёт ҷамъ мекунанд, нақшаи кориашонро мушаххас намуда, ба бобҳо ҷудо мекунанд. Доираи мавзӯъро ба тарзи амиқ таҳлил менамоянд,гурӯҳи мақсадноки тадқиқоташонро муайян мекунанд, пурсишномаҳо таҳия намуда матни саволҳоеро, ки ба суҳбатҳои фардӣ пешбарӣ мешаванд, таҳрир мекунанд. Дар баробари ҷамъ намудани адабиёти илмӣ-оммавӣ оид ба мавзӯъ  бо журналистони радиову телевизиони давлатӣ, бо олимону донишмандони соҳа, намояндагони маориф мусоҳиба мегузаронанд, аз сарчашмаҳои сайтҳои иттилотии шабакаи Интернет интихобан истифода намуда, барои маърӯзаи илмии худ слайдҳо таҳия менамояд. Аксарияти аъзоёни иттиҳодия аз системаи ҷамъ намудани иттилоот васеъ истифода мебаранд, малакаи худро дар таҳлилу ҷамъбаст намудани маводи иттилоотӣ сайқал медиҳанд. Иттиҳодияи мазкур аз дигар иттиҳодияҳои таълимии Маркази рушди истеъдодҳо фарқ дошта, бештар самти эҷодӣ дорад.