Иттиҳодияи таълимии “Ҳуқуқшиноси ҷавон”

Маърифати ҳуқуқӣ аз қисмати асосии маърифати шахрвандӣ ба ҳисоб меравад. Ҷомеаи ҳуқуқӣ дониши ҳуқуқӣ доштани инсонро тақозо мекунад. Маҳз тавассути машғулиятҳои ҳуқуқӣ инсон арзишҳои умумиинсонӣ, мавқеи иҷтимоии шаҳрванд, талаботи зистан дар давлати демократӣ, ҳурмат кардани ҳуқуқҳои якдигариро меомӯзад. Дар Маркази рушди истеъдодҳо машғулиятҳо аз фанни “Ҳуқуқи инсон” бо  забони русӣ ва тоҷикӣ таълим дода мешаванд. Роҳбарони иттиҳодия Богоутдинова Фаина Талхановна, Норматов Шавкат Каримович,  дар асоси дарёфти қобилиятҳои фитрии хонандагон ва минбаъд ташаккул додани донишу маҳорати онҳо машғулиятҳои  худро ба роҳ мондаанд. Омӯзгорони иттиҳодияҳои мазкур бо ташкилотҳои мухталифи ҳуқуқӣ ҳамкории  мустаҳкам доранд ва дар фаъолияти таълимии худ ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии васеъро истифода мебаранд.

Омӯзгорони иттиҳодия муаллифони дастурҳои методӣ оид ба омода намудани муаллимон аз фанни таърих ва ҳуқуқ дар синфҳои X-XI мебошанд. Дар барнома ва дастурҳои методӣ диққати асосӣ ба гузаронидани машғулиятҳо оид ба фанҳои инсоншиносӣ – тарбияи инсонгароии шахсият равона шудааст.  Дар фаъолияти таълимии худ омӯзгорон аз усулҳои мухталифи таълимӣ: суҳбатҳои эврестикӣ, ҳуҷуми фикрӣ, бозиҳои ҳуқуқӣ, мусоҳибаи гурӯҳӣ, тадқиқот, масъалаҳои проблемавӣ-ҷустуҷӯйӣ, мушоҳида, бозиҳои лингвистӣ, машқҳои фардӣ, супоришҳои контролӣ ва эҷодӣ: тестҳо, таҳлили вазъиятҳо, практикуми эҷодӣ васеъ истифода мебаранд.