Иттиҳодияи  таълимии “Таърихнигор”

Омӯзгорони иттиҳодия Богоутдинова Ф. ва Неъматуллоев М. тавассути машғулиятҳо дар хонандагон  муносибатҳои байни одамонро дар рӯҳияи таҳаммулнокӣ, сулҳу осоиш, ҳурмати ҳамдигарию якдилӣ, тарбияи шахсиятеро, ки шарафи инсонро қадр менамояд ташаккул медиҳанд. Дар баробари ин ташаккули эҳтироми хонанда ба мероси фарҳангӣ, забон ва арзишҳои кишвар,  эҳтироми тамаддуни башар, бедор намудани шавқмандии хонандагон ба таърих ва фарҳанги миллати худ тавассути машғулияятҳои гурӯҳӣ ва фардӣ амалӣ мегарданд.

Дар иттиҳодияи мазкур гурӯҳи  “Лаёқатмандон ” (хонандагони синфҳои IX, X, XI- ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ) ва гурӯҳи «Омодагӣ» (хонандагони синфҳои VII- IX, ки  то ҳол дар ягон озмуну мусобиқаҳои фаннӣ иштирок накардаанд ), амал мекунанд. Дар иттиҳодияи “Таърихнигор”инчунин малакаи гузаронидани корҳои илмӣ- тадқиқотӣ  омӯзонда мешаванд. Бо ин мақсад барои гузаронидани дарсҳои маҳорат олимон ва мутахассисони соҳа аз кафедраи  таърихи халқи тоҷики ДМТ,  институти таърихи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват мегарданд. Дар муддати  соли хониш хонандагон тарзи дуруст ороиш додани маърӯзаҳои илмӣ, кор бо иқтибосҳо, бо сарчашмаҳо, таҳлили  сарчашмаҳои иттилоотӣ, истифодаи адабиёти илмиро меомӯзанд.

Мавзӯи маърӯзаҳо вобаста ба шавқмандии хонандагон интихоб карда мешаванд. Беҳтарин маърӯзаҳо дар Конференсияи илмии хонандагони шаҳри Душанбе шунида шуда, сипас барои ҳимоя ба  Академияи хурди улуми ҷумҳуриявӣ пешниҳод мегарданд.

Шумораи хонандагоне, ки дар Олимпиадаҳои фаннӣ аз фанни таърих иштирок намуда, ҷойҳои сазоворро ишғол мегарданд, бештар мегардад.