Иттиҳодияи таълимии “Математикони наврас”

Дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи муосир математика ва унсурҳои математикӣ васеъ истифода мешаванд. Тадқиқи методикаи математикӣ барои инкишофи илмҳои муосир мавқеи калон дорад. Ташаккули босуръати илму техника аз мутахассисони соҳаҳо дараҷаи баланди омодагӣ ва тафаккури таҳлилӣ-математикиро талаб мекунад.

Мақсади омӯзондани математика аз ташаккул додани донишҳои математикии хонандагон, инкишоф намудани малакаҳои математикӣ дар ҳалли мисолу масъалаҳо, ташаккули тафаккури мантиқию алгоритмӣ ва малакаҳои мустақилона сайқал додани донишҳои математикӣ иборат аст.

Омӯзгорон иттиҳодияи мазкур Ниёзов Сафаралӣ ва Каримов Равшан дар раванди машғулиятҳо чунин фаъолиятҳоро амалӣ менамоянд: омода намудани хонандагоне, ки дониши хуби математикӣ доранд, инкишоф додани малакаи исбот намудани формула ва теоремаҳо, бедор намудани завқи хонандагон ба омӯзиши илмҳои математикӣ,омода намудани хонандагон ба олимпиадаҳо, озмунҳо ва конференсияҳои илмӣ тавассути машғулиятҳои амалӣ ва назариявӣ.

Барномаи машғулиятҳои иттиҳодияи “Математикони наврас” аз чунин қисматҳо иборатанд:

  1. Машғулиятҳои лексионӣ. Омӯзиши формулаҳои меъёрии математикӣ ва истифодаи онҳо дар ҳалли масъалаҳо.
  2. Машғулиятҳои амалӣ. Ҳалли мисолу масъалаҳо барои мустаҳкамкунии дониши хонандагон.
  3. Практикуми эҷодӣ. Омӯзиши теоремаҳо, нобаробариҳо, формулаҳо ва роҳҳои исботи он.
  4. Аз таърихи математика: омӯзиши таърихи пайдоиши формулаҳои эматематикӣ ва фаъолияти олимон.
  5. Супоришҳои контролӣ ва эҷодӣ: тестҳо, корҳои контролӣ, санҷиши сифати дониш.
  6. Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ:
  • Истифодаи формулаҳои гуногун барои ҳалли мисолу масъалаҳо;
  • Исбот ва таҳлили ҳалли масъалаҳо;
  • Маърӯзаҳо;
  • Рефератҳо;
  • Муаррифии корҳои илмӣ.
  1. Чорабиниҳои тарбиявӣ: сайёҳатҳои таълимӣ, омӯзиши фаъолияти математикони номӣ.