Иттиҳодияи таълимии “Химикони болаёқат”

Химия яке аз фанҳои шавқовар буда, аз хонанда бодиққатӣ ва меҳнати зиёдро талаб мекунад. Агар ба омӯзиши ин фан аз аввал диққат надиҳем, пас идомаи омӯзиш басо душвор мегардад.

Роҳбарони иттиҳодияи таълимии “Химия” Ёкубов  Зариф ва омӯзгори соҳибтаҷриба Абдуллоева Фазилат мебошанд. Муаллимони иттиҳодия мақсади таълими ин фанро дар он мебинад, ки  хонандагон химияро на танҳо чун формулаҳои холӣ, балки чун соҳаи муҳими ҳаёт ва муҳити иҳотакунанда қабул намоянд.         

Дар раванди машғулиятҳо ва фаъолияти беруназдарсӣ чунин вазифаҳо татбиқ мегарданд:

  • фаҳмонидани мавқеи  химия дар инкишофи саноати Тоҷикистон;
  • мавқеи химия дар инкишофи илмӣ-техникии ҷомеа;
  • омода намудани хонандагон ба олимпиадаҳои фаннии хонандагон дар сатҳи шаҳр, ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ;
  • омода намудани хонандагон  ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ;

Омӯзгорон дар раванди таҳияи барномаи таълимӣ диққати  бештарро ба омӯзиши моддаҳо, тарзи тадқиқи хусусиятҳои он равона намудаанд. Дар вақти машғулиятҳо чунин методҳо истифода мешаванд:

  •    супориш- проблемаҳо (муайян кардани хусусияти моддаҳо);
  •    омӯзиши ҳамгирои мавзӯъҳо (химия-биология) ва (химия-физика);
  •    супоришҳои проблемавӣ-ҷустуҷӯйӣ,мушоҳидаҳо, ҷамъбасткунӣ.

Дар дарс аз шаклҳои гуногуни айёният васеъ истифода бурда мешавад: равиши реаксия, шароитҳои саршавии реаксия, реаксияҳои таҳлилӣ барои муайян кардани леонҳо, муайян кардани массаи таҳшинҳо, ҳаҷми газ, миқдори моддаҳое, ки ба таъсирот дода нашудаанд ва  амсоли он.

Барои хонандагони иттиҳодия ҳафтае  се соат дарсҳои лабораторӣ низ гузаронида мешаванд. Роҳбарии ин дарсҳоро Расулов С., дотсенти факултаи химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба уҳда дорад. Дарсҳои лабораторӣ бевосита дар донишгоҳ гузаронида мешаванд.