Иттиҳодияи таълимии “Табиатшиносон”

Дар замони муосир аҳамияти биология ҳамчун илм басо бузург аст. Донистани қонуниятҳои пайдоиш ва инкишофи табиати зинда барои ташаккули ҷаҳонбинии илмии шахсият, дарки мавқеи  инсон дар  системаи табиат, алоқамандии олами зинда ва ғайриорганикӣ  зарур аст. Роҳбари иттиҳодияи таълимии “Табиатшиносон” Хоҷамова Муборак, номзади имлҳои биология мебошад. Мақсади иттиҳодияи таълимии “Табиатшиносон” иборат аст аз:

  • Ташаккул додани тафаккури назарӣ ва айёнӣ дар раванди таҳлилу ҷамъбаст намудани қонуниятҳои табиати зинда.
  • Ташаккул додани мушоҳидакорӣ, фаъолнокӣ, мустақилият дар  дарки ашёву равандҳо табиати зинда.
  • Ташаккули муносибати бошуурона ба табиат

Дар раванди машғулиятҳо ба хонандагон чунин донишу малакаҳо омӯзонда мешаванд:

  1. Дарки проблемаҳои умумибиологӣ.
  2. Фаҳмонидани махсусияти донишҳои умумибиологӣ.
  3. Муайян намудани қонуниятҳои умумибиологӣ.

Дар баробари ин, дар раванди дарсҳои амалию назариявӣ хонандагон барои иштирок дар олимпиадаҳои фаннии ноҳиявӣ, шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ омода карда мешаванд.

Дар иттиҳодия ба фаъолияти илмии хонандагон диққати махсус дода мешавад. Аъзоёни иттиҳодия дар конференсияҳои илмиву амалии хонандагони шаҳри Душанбе ва дар сессияҳои илмии Академияи хурди улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърӯзаҳои худ фаъолона иштирок менамоянд. Дар баробари бо кори илмӣ машғул шудан, шогирдони иттиҳодия дар олимпиадаҳои фаннии сатҳи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ натиҷаҳои назаррас нишон медиҳанд.