Иттиҳодияи таълимии “Физика”

Фанни физика дар байни  илмҳои дақиқ ҷойи махсусро ишғол мекунад. Он қонуниятҳои универсалии таъсироти зарраҳо ва майдони магнитиро, ки дар асоси ҳамаи ҳодисаҳои химиявӣ, биологӣ, геологӣ вуҷуд дорад, меомӯзад.    Вазифаҳои иттиҳодияи таълимӣ иборат аст, аз:

  • нишон додани мавқеи  физика дар инкишофи саноати Тоҷикистон;
  • мавқеи физика дар инкишофи илмӣ-техникии ҷомеа;
  • омода намудани хонандагон ба олимпиадаҳои фаннии хонандагон дар сатҳи шаҳр, ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ аз фанни физика.

Роҳбарони иттиҳодияи мазкур Норов Зафар  ва  мебошад. Дар иттиҳодия таҷрибаи истифодаи тестҳои интернетӣ, корҳои лабораторӣ тариқи online васеъ истифода мешаванд.

Корҳои лабораторӣ дар кафедраи физикаи Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон мегузаранд.

Иттиҳодияи мазкур иборат аст аз  гурӯҳи “Лаёқатмандон” — хонандагони синфҳои IX-XI ва  гурӯҳи омодагӣ , ки хонандагони синфҳои  VIII — IX, VI-VII –ро фаро мегирад.

Аъзоёни  фаъоли иттиҳодия дар Ҷамъияти илмии хонандагони шаҳри Душанбе ва дар сессияи илмии Академияи хурди улум бо маърӯзаҳои илмии худ борҳо сазовори дипломи дараҷаи якум гардидаанд.

Дар иттиҳодия гурӯҳи иштирокчиён ва ғолибони Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни физика  бо барномаи махсуси меъёри байналмилалӣ таълим мегиранд.