Иттиҳодияи таълимии “Барномасози ҷавон”

Мақсади иттиҳодияи таълимии “Информатика” дар омӯзонидан ва бедор намудани завқи хонандагон ба забони барномасозӣ ва технологияи информатсионӣ равона гардидааст. Дар раванди фаъолият омӯзгорон чунин вазифаҳоро дар амал татбиқ менамоянд :тайёр кардани хонандагони дорои дониши баланди компютерӣ барои иштирок дар олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ; омода намудани барномаҳои гуногун барои ҳисобкунии ғайрианъанавӣ ва амалҳои барномавӣ; таҳияи барномаҳои таълимӣ ва лоиҳавӣ; таҳияи лоиҳаҳо барои беҳтар намудани раванди таълим; омӯзиши таҳияи системаҳои иттилоотӣ барои истифода дар саҳифаҳои интернетӣ ва амсоли он.

Иттиҳодияи мазкурро Салимов Шарифбек  ва  Зумрат роҳбарӣ менамоянд. Дар рафти машғулиятҳо маводҳои гуногуни таълимӣ, ҳалли масъалаҳои мантиқӣ ва арифметикӣ васеъ истифода мешаванд. Омӯзгорон дар раванди таълим ба хонандагон оид ба забонҳои барномарезӣ маълумотҳои амиқ медиҳад. Шаклҳои  мухталифи санҷиши сифати дониши хонандагонро амалӣ менамоянд, ки барои мустаҳкам намудани дониши хонандагон кӯмак мерасонад.

Барномаи машғулиятҳо аз қисматҳои зерин иборатанд:

  1. Машғулиятҳои лексионӣ
  2. Машғулиятҳои амалӣ. Ҳалли масъалаҳо барои мустаҳкамкунии дониши мактаббачагон.
  3. Практикуми эҷодӣ. Таҳияи барномаҳо ва лоиҳаҳо.
  4. Аз таърихи барномасозӣ. Омӯзиши таърихи пайдоиши забонҳои барномасозӣ.
  5. Супоришҳои контролӣ ва эҷодӣ, санҷиши дониши хонандагон.
  6. Фаъолияти илмӣ-тадқиқотии хонандагон.

Омӯзгорон ба таҳияи лоиҳаҳо аз ҷониби хонандагони синфҳои болоӣ диққати махсус медиҳанд. Таҳияи лоиҳа малакаю маҳорати маърифатии хонандагонро  ташаккул медиҳад ва ба тафаккури интиқодӣ водор месозад.Чунин лоиҳаҳо аз ҷониби хонандагон таҳия шудаанд:

-“Базаи маълумотҳои идоракунии раванди таълим”; “Базаи маълумотҳои китобхона”; “Барномаи формулаҳои математикӣ ва ҳисоббарории математикӣ”; “Базаи иттилоотии дорухона” ва амсоли он.

Омӯзгорони иттиҳодия ба омода намудани  шогирдони худ дар олимпиадаҳои фаннии хонандагон диққати ҷиддӣ медиҳанд.